- Бар асари заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ 318 хона зарар дида, аз ин шумора 4-то пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд. Ҳамзамон 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда талаф ёфтааст.
- Артём Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Россия, пешниҳод кард, ки муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони тоҷик, ки аз Россия барои ҷиноятҳои сабук ихроҷ шудаанд, афв шаванд.
- Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздороне таъсис дода мешавад, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми 3 моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.
- Тибқи ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар соли 2022 барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 даъватшаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.