ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Дек 26 2018

 

Воқеан ҳам, танҳо дар Кӯлоб ман фаҳмидам, ки Бузургтарин Тренери Тоҷик, ки Шарафи Футболи Миллиро бар боми ҷаҳон такя додааст, яъне Зайниддин Раҳимов, то ҳол ...хона надорад!!! Фикр мекунам, ин “хатои сиёсӣ”-ро ҳатман ФФТ ислоҳ мекунад ва тренери №1 дар Душанбе соҳиби манзили зист мешавад. Мо Метавонем!!!

Ҷумъа, Дек 21 2018


    Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2018-ро муайян кард.
   Дилшод Назаров  (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup);
   Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола;
   Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо;
   Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо) –  барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия;
   Шакармамад Мирмамадов (дзюдо)  - барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ;
   Хушқадам Хусравов  (самбо) - қаҳрамони ҷаҳон;
   Сорбон Латифов (самбои размӣ) - барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон;
   Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё;
   Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон;
   Идимоҳ Холова (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё миёни ҷавонон.


Панҷшанбе, Дек 20 2018


Салому дуруди пурмеҳр ба аҳли эҷоди тими СССР-и азиз ва кулли хонандагон ва мухлисони ҳафтаномаи серхонандатарин дар ҷумҳурӣ ва берун аз он! Шаби 6.12.2018 дар ТВ Варзиш барномаеро оид ба ҳаёт ва фаъолияти варзишии паҳлавон, самбочии далери Тоҷик Акмалиддин Каримов дидаму ба 3 чиз қоил шудам:
1.Ба профессионализми журналистони ТВ Варзиш, бо роҳбарии гуруҳи эҷодии барнома Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва ба ин гуруҳи эҷодӣ, ки тавонистанд самбочии муваффақи Тоҷикро муаррифӣ кунанд! Аҳсан ва офарин! Онҳо Тавонистанд, зеро гавҳаршиносанд!
2.Ба паҳлавон-самбочии шинохтаи Тоҷик Акмалиддин қоил шудам, зеро ӯ новобаста аз синну соли ҷавонӣ (28 сола!) аллакай беш аз 10 маротиба ҷоизадори мусобиқаҳои гуногуни ҷаҳонии самбо будааст. Дар байни наврасон ва ҷавонон ҷои 1-ум ва ҷойҳои 2-у 3-юм дар байни калонсолон. Зиёда аз 6 бор ҷоизадори ҷойҳои 1-у 2-юм ва 3-юми Бозиҳои Осиё, 14 карат чемпиони ҷумҳурӣ! Аҳсан, Акмалиддинҷон! Ифтихор аз ин самбочии Тоҷик ва аз дастовардҳои варзишии ӯ кардам! Новобаста аз он, ки ҷоизадори медали тиллои самбо дар байни калонсолон нашудааст, медалҳои нуқраю биринҷии ба даст овардаи ӯ қиматтар аз тиллост. Медали тилло нагирифтани ӯ аз номардии доварон аст. Ӯ барои ман чемпион аст! Акмалиддин ҳоло ҷавон аст ва Худо хоста бошад, дар сабқатҳои ояндаи ҷаҳонӣ соҳиби медали тилло гардад. Чунки ӯ низ Метавонад! Ба Акмалиддин гуфтаниям. Модарашро Худо шифо ато кунад, падарашро Худо раҳмат кунад.
3.Доварони сабқатҳои ҷаҳонии самбо аз диди ман-мухлиси ашаддии гӯштин, нисбати самбочиёни Тоҷик ноҳаққӣ ва номардиро раво мебинанд... Ин нуктаро дар ин барнома устод Маҳмадшариф Сулаймонов, устод Давлатхӯҷа Раҳимов ва худи Акмалиддин низ гуфтанд, ки доварон нисбати самбочиёни Тоҷик номардӣ ва мафиябозӣ мекунанд. Афсӯс аз он мехӯрам, ки мо Тоҷикон дар Федератсияҳои гуштинҳои ҷаҳонӣ ягон намоянда ва дастгир надорем, ки оид ба ноҳаққиҳо овоз барорад ва баҳс кунад. Новобаста аз мушкилиҳо ба ояндаи варзиши Тоҷик хушбинам. Дар кадом як шумораи СССР хонда будам, ки сармуҳаррир Сайёфи Мизроб мегуфт: "Асри 21 асри мо Тоҷикон аст!!!" Чаро не???

Мирзоназар Шарифов,
иқтисодшинос, н.Ёвон

Чоршанбе, Дек 05 2018


Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” номзадии Ҳаким Фузайловро ба вазифаи сармурабии даста тасдиқ намуд. Ҳаким Фузайловро дар ин вазифа ёваронаш Алишер Тӯхтаев ва Александ Кит кӯмак мекунанд.
Тавре ба мухбири СССР дар маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, шартнома бо сармураббии нав рӯзи 3 декабр, дар идораи клуби футболи “Истиқлол” ба имзо расид.
Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 ба дунё омадаст. Вай аз соли 1986 то соли 1991 дар тими “Помир” Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба дастаи “Локомотив”-и Маскав гузашт. Бо дастаи “Локомотив” дар соли 1994 соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Русия гаштааст. Ҳаким Фузайлов, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 мураббии дастаи миллии футболи Тоҷикистон буд.

Чоршанбе, Нояб 14 2018


  Шаби гузашта  ҳайати  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо аз ш.Бухарести Руминия ба Ватан баргашт. Чемпиони нави ҷаҳон Хушқадам Хусравов ва ҷоизадорони ин маъракаи сатҳи ҷаҳониро ҳаводорони зиёди соҳаи варзиш истиқбол гирифтанд.
   Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз 9 то 11 ноябр идома ёфт, паҳлавони ҷавони Тоҷик Хушқадам Хусравов бо шикаст додани ҳамаи рақибони худ унвони чемпиони ҷаҳонро дар вазни 62 кг ба даст овард. Дар баробари Хушқадам Хусравов боз 3 тан самбочии дигари мамлакат- Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 74 кг, Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
    Медали тиллои Хушқадам Хусравов баъд аз қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода сеюмин дастоварди олӣ дар таърихи самбои Тоҷикистон аз чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Чоршанбе, Нояб 07 2018


Футболбозони навраси мо, ки дар Чемпионати Осиё доди бозиро додаву то финал баромадаву бо ҳисоби минималӣ аз Ҷопон барин кишвари футболӣ шикаст хӯрданд, воқеан ҳам қаҳрамонони миллатанд! Медалҳои нуқра, ки Зайниддин Раҳимов&Co барои Тоҷикистон оварданд, 8 млн нафарро рӯҳбаланд сохт, ки ҳалолашон бод!
Беҳуда нест, ки ин қаҳрамонҳоро Рустами Эмомалӣ-президенти ФФТ дар аэропорт пешвоз гирифтаву арзи сипос кард. Баъдан, Эмомалӣ Раҳмон-Президенти ҶТ низ футболистонро қабул намуд! Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳамин бачаҳо дар с.2019 дар Чемпионати Ҷаҳон миёни наврасони зери 17 сола (U17) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Боиси фахр аст, ки аз Осиёи Миёна ва ҳатто кишварҳои собиқ узви СССР танҳо мо-Тоҷикон дар ин сабқати бузургтарини ҷаҳонӣ ширкат мекунему бас! Брависсимо!!!

Оянда чӣ мешавад?
Вале суоли матраҳ ин аст, ки ояндаи ин наврасон чӣ мешавад? Дуруст аст, ки онҳо дар Лигаи 1 дар шакли 1 даста баромад кардаву маҳораташонро сайқал додаанд. Воқеан ҳам якдигарфаҳмӣ, ҳисси паси аввалу охир, дидани майдон на бо чашми сар, ки бо дил…ин ҳама аз вежагиҳои футболи муосиранд, ки ин ҳамаро Зайниддин ба онҳо талқин карда буд. Аммо баъди Чемпионати Ҷаҳон онҳо 18 сола мешаванд ва табиист, ки бояд дар клубҳои Лигаи Олӣ бозӣ кунанд. Аммо дар куҷо?

Лигаи Олӣ посухгӯи футболи муосир нест!
Бо кӯшишу талоши Рустами Эмомалӣ, Хуршед Мирзоев ва Шоҳрух Саидов футболи мо ба оҳистагӣ рушд карда истодааст. Аммо ин чеҳраҳои футболӣ бештар аз ман медонанд, ки Лигаи Олии мо ба талаботи футболи стандарти ҷаҳонӣ посухгӯ нест. Клубҳо заъифанд. Базаи пуливу молӣ, тармиму тарбият, академияҳои наздиклубӣ, мактабҳои варзишӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ надоранд. Бархе клубҳо аслан худ намедонанд, ки соли дигар дар ин Лига мебозанд ё не?
Ин дар ҳолест, ки аз Лигаи 1 ба Лигаи Олӣ ҳатто ғолибон намеоянд! Чунки базаи иқтисодиву молиявӣ надоранд. Фарзи мисол, баъди чандин соли қаҳрамонӣ, танҳо имсол Кӯктош ба Лигаи Олӣ омад. Зимнан, масъулин талошҳо доранд, то барои ҷоннок кардани футболи ватанӣ бояд клубҳо дар навбати аввал иқтидори пуливу молӣ ва сипас базаҳои моддӣ-академияи футбол ва мактабҳои вежае дар назди худ дошта бошанд. Дар сурати акс, наврасони мо аз чемпионати ҷаҳон омада, дар Лигаи суст маҳораташонро аз даст медиҳанд.

Азару Бентеки ва Нуриддину Фатҳулло
Ёд доред, ки 12 сол муқаддам, дар Чемпионати Ҷаҳон, футболистони ҷавони зери 17-сола (U17) дабдалаи Амрикоро бароварда буданд? Ёд доред, ки онҳо танҳо ба Перу бозиро бохтанд? Ёд доред, ки Тоҷикистони нав аз ҷанг раҳо шуда, ба гурӯҳи 10 давлати футболаш рушдкарда шомил шуд? Он қаҳрамонҳоро ёд доред? Оё медонед онҳо куҷоянд?
Фарзи мисол, Азару Бентекии белгиявӣ имрӯз Шоҳони Футболи муосиранд. Зеро баргашта аз он чемпионат дар базаҳои бузургу қавии кишварашон тармим карданд ва ба клубҳои номӣ гузаштанд ва ин аст, ки Белгияи имрӯза, ки гавҳараш аз ҳамон бачаҳои U17 (соли 2006) таъсис ёфтааст, дар раддаи аввали ФИФА қарор дорад!

Аммо қаҳрамонҳои мо куҷо шуданд?
Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Давронҷон Тухтасунов, Эраҷ Холов, Манучеҳр Ҷалилов, Фарҳод Восиев…инҳоро замоне клуби Истиқлол «таки каш» карда, аз бӯҳрон раҳо сохт. Ҳоло низ онҳо бо ташаббуси бевоситаи Шоҳрух Саидов-президенти ин клуб шарафи футболи миллиро ҳифз мекунанд. Аксарият дар Истиқлоланд. Нуриддин Давронову Манучеҳр Ҷалилов дар Индонезия бозӣ доранду Фарҳод Восиев дар Русия. Эраҷ Холов…номаълум, ки куҷо ғайб зад. Ва аммо 17 қаҳрамони дигар дар куҷоянд? Онҳоро буҳрони футболии кишвар маҳв сохт. Аз футбол дур шуданд ва пайи зиндагонӣ рафтанд. Ҳарчанд синни 28-29 айни камолоти футбол аст!

Наврасонро ҳамин тақдир интизор аст…
Мунтахаби Зайниддин Раҳимовро низ айни чунин тақдир мунтазир аст, агар;
1.    Клубҳои Лигаи Олӣ бақувват нашаванд;
2.    Чемпионати мо дар ҳар 2 Лига бақувват нашавад;
3.    Базаи молӣ ва иҷтимоии клубҳо бақувват нагарданд;
4.    Равшану Далерон-Ӯротеппа ба Лигаи Олӣ барнагарданд;
5.    Наврасон ба хориҷа фурӯхта нашаванд…
Роҷеъ ба хариду фурӯши ин бачаҳо суол зиёд аст. Агар онҳо дар Чемпионати Ҷаҳон худро нағз нишон диҳанд, шояд 2-3 нафари онҳоро зерклубҳои аврупоӣ харидорӣ кунанд. Дар сурати акс ҳамаашон ба Тоҷикистон бармегарданд ва то Чемпионати мо пурқувват нагардад, онҳо низ маҳораташонро сайқал дода наметавонанд.
Зимнан, ба фикри ин ҷониб, соате фаро расидааст, ки Рушди Футболи Миллӣ ва таҳкими Лигаи Олӣ ва Лигаи аввали футболи Тоҷик дар сатҳти баландтарини Ҳукумати Марказӣ баррасӣ гардад ва консепсияи рушди футбол қабул шавад. Бовар дорам, ки дар ин сурат, мунтахаби мо ба Чемпионати Осиё ва дар оянда ба Қаҳрамонии Ҷаҳон-Мундиал роҳ меёбад.
Мо миллати футболием ва Мо метавонем!

М. Мубориз
Махсус барои СССР

саҳ 20 аз 43

Китобҳо

Flag Counter