ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 03 2018


Мунтахаби наврасони зери 16 (U16) дар чемпионати Осиё Кореяи Шимолиро шикаст дода, ба Ҷоми Ҷаҳон баромад!!! Аммо то ин дам беш аз 5 сол ФФТ заҳмат кашид, то ин пирӯзӣ насиби Тоҷикистон гардад…

Панҷшанбе, Сен 06 2018


Рамзан Қодиров-президенти Чеченистон дар саҳифаи интернетиаш навиштааст, ки "Ахмат" барои Раҳимов тими бегона нест ва ӯ дар шаҳри  "Грозний", чун дар хонаи худ мебошад. Ӯ махсус зикр кардааст, ки сармураббии машҳуру кордидаи Тоҷикро маҳз бо хоҳиши мухлисон дубора даъват кард. Хотиррасон мекунем, ки Раҳимов солҳои 2013-2017 низ сармураббии ин даста буд.
"Мо бо дӯстӣ аз ҳам ҷудо шуда будем ва имрӯз ба Рашид Мамадқулович боз мегӯем, ки ба хонаи худат хуш омадӣ",-гуфтааст Қодиров дар саҳифаи интернетии худ. Қодиров аз бозгашти Рашид Раҳимов-футболбози маъруфи тоҷик ба мақоми сармураббии тими "Ахмат" (собиқ “Терек”) истиқбол кардааст. Президент гуфтааст, ки 3,5 сол Раҳимов сармураббии тими "Ахмат" буд ва охири с.2017 баъди анҷоми муҳлати шартномааш  тасмими танаффус гирифт. Ба гуфти ӯ, дар аҳди Рашид дастаи "Ахмат" ба беҳтарин нишондод дар таърихаш ноил шуда, дар мавсими солҳои 2016-17 дар зинаи 5-ум қарор дошт. Феълан тими "Ахмат" дар зинаи 10-ум қарор дорад. Ахиран Лигаи олии Русия иттилоъ дод, ки Рашид Раҳимов ба мақоми сармураббии "Ахмат" баргашта, бо бошгоҳ барои ду сол созишнома имзо кард. Ӯ дар ин мақом Игор Ледяховро иваз кард, ки ахиран ба истеъфо рафт.
Раҳимов дар даврони Шӯравӣ дар дастаи овозадори "Помир”-и Душанбе бозӣ мекард ва қаблан сармураббии тимҳои "Локомотив”-и Маскав ва "Амкар”-и Перм” ҳам буд.

Панҷшанбе, Сен 06 2018

 

(лавҳае, ки миёни дақиқаҳои 53 ва 54-уми 1 бозӣ навишта шуд)

Ҷумъа, Авг 31 2018


   Варзишгари маъруфи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, дар Бозиҳои тобистонаи  Осиё-2018, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад, дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни то  81 кило ҷойи дуюмро гирифта, соҳиби медали нуқра гардид.
   Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои Олимпии Рио-2016 аввалини медали нуқраро аз намуди гурзпартоӣ дар Бозиҳои Осиё-2018 бадаст оварда буд.

Чоршанбе, Авг 29 2018


Варзишгари Тоҷик Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола дар бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар гӯштии навъи кураш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Бар асоси ҷадвали эълон Беҳрӯз, ки ҳамагӣ 73 кг вазн дорад, имрӯз дар сабқати ниҳоӣ бо Алӣ Акбари Илёси 30-сола дар вазни 81 кг қувва озмуд. Илёсӣ, ки аз ӯ 8 кг вазнинтар буд, бо бартарии 1 хол медали тилло ба даст овард. 
Медали Хоҷазода дуюмин медали Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё-2018 аст. Қаблан Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик бо касби мақоми дуюм барои тими Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё-2018 нуқра овард, ки нахустин медали кишвар дар ин бозиҳо мебошад.



Чоршанбе, Авг 22 2018


Рустам Хоҷаеви 45-солаи тоҷик, собиқ сармураббии КФ "Хуҷанд" сартренери тими футболи "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолуддин Балхӣ (собиқ н.Колхозобод) таъйин шуд. Хоҷаев моҳи феврали соли равон аз вазифаи сармураббии клуби футболи "Хуҷанд" барканор шуда буд. Тағйирот дар ҳоле сурат гирифт, ки тими футболи "Хуҷанд" дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 аз тими "Аҳал"-и Туркманистон шикаст хӯрд.

саҳ 22 аз 43

Китобҳо

Flag Counter