ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Фев 08 2018

 

Комёбиҳои солҳои охири паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи осиёиву ҷаҳонӣ аз фаъолияти пурсамар ва коргузории муосири ташкилотҳои идоракунандаи соҳа дарак медиҳанд. Ин навбат қарор кардем аз дастовардҳои Федератсияи ҷудои мамлакат матлабе таҳия ва хонандаи азизро ба пешрафти ин намуди зебои варзиш дар Тоҷикистон ошно созем. Зеро бо он иттилое, ки дар даст дорем аз 25 варзишгаре, ки дар кишвар ҷоизаи президентиро гирифтаанд, 10 нафарашон ҷудоварзонанд.

Панҷшанбе, Фев 01 2018

Аз ҳайъати Истиқлол рафтани 5 бозингари беҳтаринаш мухлисинро нигарон кард. Мабодо, ҳолати Равшани Кӯлоб рақиби азалияшро ёр гашта бошаду Истиқлол низ мисли Равшан банкрот гардад? Дар ин матлаб ин мавзуъро пайгир мешавем. Мо метавонем!

Ҷумъа, Янв 19 2018


Комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди литсензиякунонии клубҳои футбол рӯзи 17.01.2018 ба дафтари кории клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе сафари корӣ доир намуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Лигаи футболи Тоҷикистон www.tfl.tj, дар рафти сафарии кории худ комиссияи ФФТ ҳуҷатдории чемпиони шашкаратаи футболи Тоҷикистонро оиди талаботҳои литсензиякунонӣ санҷида баромад. Ба ҳуҷҷатнигории мазкур талаботҳои системаи литсензиякунонӣ оид ба меъёрҳои варзишӣ, сохторӣ, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ шомил мешаванд.
Комиссияи ФФТ бо кормандони клуби футболи пойтахт вохӯрӣ гузаронд. Ноиби президенти Федератсия ва Директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба клуби футболи “Истиқлол” дар мавсими нави футбол барору комбиҳоро таманно намуд.
Ба гуфти менеҷери клуби футболи “Истиқлол” Шаҳзод Сулаймонов бо сабаби аввалҳои моҳи март иваз шудани сабзаи сунъии майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба болопӯши нави сунъӣ клуб бозиҳои хонагии худро дар доираи чемпионати миллӣ ва Ҷоми КФО дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор хоҳанд гузаронд.
Ёдрас мешавем, ки имсол “Истиқлол” барои бори чаҳорум дар таърихи фаъолити худ дар Ҷоми КФО баромад мекунад. Чемпиони мамлакат баромади худро дар ин мусобиқа, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ маҳсуб меёбад, аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Ҳарифони “Истиқлол” дар гурӯҳ клубҳои “Олтин Асир” (Туркманистон), “Олой” (Қирғизистон) ва ғолиби ҷуфти  плей-офф мебошанд.


Панҷшанбе, Дек 07 2017


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми рӯзномаи СССР бахшида ба таҷлили Рӯзи парчами давлатии ҶТ 6 декабр ҷамъбаст шуд. Дар мусобиқаи имсола, ки аз 2 то 6 декабр дар Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ш.Қӯрғонтеппа идома ёфт, мунтахабҳои вилояти Хатлону ш.Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш ва Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар 1 қисм доир шуда дастаи мунтахаби наврасони вилояти Хатлон бо касби 10 имтиёз мақоми аавалро ишғол намуд. Ҷои дуюм насиби дастаи мунтахаби Душанбе (8 имтиёз) шуд. Медалҳои биринҷии мусобиқаи имсоларо бошад бо касби 6 имтиёз футболбозони навраси Академияи ФФТ соҳиб шуданд. Ҷабборов Нуриддин аз мунтахаби Душанбе, Меҳрубони Абдурауф аз Академияи ФФТ, Назризода Сорбон аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш ва Қаландаров Муҳаммад аз мунтахаби вилояти Хатлон бозингарони беҳтарини дастаҳо дар сабқати имсола дониста шуда, бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи тадорукотии мусобиқа сарфароз гардиданд.
Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Маҳмадализода Абдулло, Раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва Сардабири рӯзномаи СССР Сайёфи Мизроб иштирок намуда, Ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро ба футболбозону мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ тақдим карданд. 

Нуралӣ Хоркашев,
масъули бахши футболи СССР

Чоршанбе, Дек 06 2017


Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифт узвияти Кумитаи олимпии Федератсияи Россияро дар кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо роҳбари он Александр Жуков қатъ намояд.
Ин тасмим дирӯз 5.12.2017 дар ҷаласаи КБО дар шаҳри Лозаннаи Швейсария гирифта шуда, сабаби он ин аз ҷониби сохторҳои давлатии ин кишвар пинҳон намудани истифодаи допинг дар варзишгарон ба ҳисоб меравад. Инчунин, КБО қарор кард, ки ҷониби Россия бояд гузаронидани тадқиқотҳо дар ин роҳ ва барои бунёди 1 системаи муосири тестӣ барои варзишгарон, ки 15 миллион доллар арзиш дорад, маблағгузорӣ намояд.
КБО гуфт, ки дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2018, ки аз 9 то 25 феврал дар шаҳри Пхенчхан баргузор хоҳад шуд, танҳо он варзишгарони русе, ки дар истифодаи допинг даст надоштанд ҳуқуқи ширкат доранд ва он ҳам зери парчами нейтрал.

СССР


Панҷшанбе, Нояб 30 2017


Таҳти сарпарастии газетаи мардумии СССР,  кӯмаки молии Кумитаи варзиш ва ҷавонӣ, дастгирии Федератсияи Футболи Тоҷикистон, 9-умин бозиҳои Ҷомии СССР-2017 дар шаҳри Қурғонтеппа баргузор мешаванд. Хотиррас мешавем, ки ин Ҷомро 2 бор Маркази варзишии ш.Душанбе, 1-борӣ дастаи Вахшу Истиқлолу Варзоб ва 3 маротиба Равшани Кӯлоб соҳиб шудаанд…

саҳ 26 аз 43

Китобҳо

Flag Counter