ХАБАРИ ДОҒ

Ҷудои тоҷик: роҳ ба сӯи Токио

  • Панҷшанбе, Фев 08 2018

 

Комёбиҳои солҳои охири паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи осиёиву ҷаҳонӣ аз фаъолияти пурсамар ва коргузории муосири ташкилотҳои идоракунандаи соҳа дарак медиҳанд. Ин навбат қарор кардем аз дастовардҳои Федератсияи ҷудои мамлакат матлабе таҳия ва хонандаи азизро ба пешрафти ин намуди зебои варзиш дар Тоҷикистон ошно созем. Зеро бо он иттилое, ки дар даст дорем аз 25 варзишгаре, ки дар кишвар ҷоизаи президентиро гирифтаанд, 10 нафарашон ҷудоварзонанд.

Варзиш мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ
Боиси фахру сарфарозист, ки таҳти сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои миллат, президенти кишвар, муҳтарам Э.Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони азиз ба омили муҳими тансиҳатии мардум ва муаррифгари миллату Ватан дар арсаи олам табдил ёфтаст. Наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш дилбохтагӣ дошта, дар мусобиқаҳои мухталифи сатҳи осиёиву ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷавонони мо бо ақли расову зӯри бозувон талошҳои пайваста ва чусту чолокияшон дар муаррифӣ кардани давлати тоҷикон, баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши вежа доранд.

Ҷудоварзон ифтихори миллатанд
Хушбахтона, дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Сарвари мамлакат наврасону ҷавонони варзишкори кишварамон низ дар риштаҳои гуногуни варзиш барои ба таври шоиста дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани Ватану Миллат пайваста талошҳо мекунанд. Дар ин самт, бахусус, паҳлавонони ҷудоварз пешсаф ҳастанд ва аз назари инфиродии мо ин пешсафии онҳо аз коргузории хуби Федератсияи ҷудои мамлакат, ки онро яке аз паҳлавонони номии Тоҷикистон Нурулло Лоиқов роҳбарӣ мекунад, сарчашма мегирад. Бо ташаббуси Федератсия ҳамасола дар кишвар мусобиқаҳои зиёди варзишӣ ташкил карда мешаванд. Дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани ин мусобиқаҳо бошад, барои дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбӣ ноил гардидани ҷудоварзони тоҷик заминаи мусоидро фароҳам меорад. Ин нуқтаро низ бояд гуфт, ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо толори замонавии варзишӣ бунёд меёбанд, ки онҳо низ аз омилҳои пешрафти ин намуди варзишанд.

Омилҳои асосии рушд
Ҳар 1 дастовард омилҳои асосии пешрафти худро дорад. Омили асосии рушди ҷудо ва шӯҳратёр гаштани ҷудоварзони мо-ин Истиқлолияти давлатист, ки мо 26 сол қабл ба даст овардем. Маҳз соҳибистиқлолии кишвар боис гашт, ки паҳлавонони мо бидуни монеъаҳои зиёд ба мусобиқоти мухталифи фароҷаҳонӣ ва қоравӣ роҳ ёбанд. Даврони Иттиҳоди Шӯравӣ варзишгари тоҷикро мебоист аз рақобати сахти паҳлавонони номдори Шӯравӣ гузаранд. Аммо ин охири кор набуд. Дар қиболи варзишгарони мо бюрократияи даврон ва нодидагирии иддае аз дастандаркорон, ки ба дастовардҳои миллатҳои дигар аз пушти айнаки бахилӣ нигоҳ мекарданд, меистод. Аз сӯи дигар мусобиқоти умумииттифоқӣ болотар аз мусобиқоти қоравию ҷаҳонӣ буд, зеро СССР худ нисфи ҷаҳон буду дар он даҳҳо халқияту миллатҳо ба сар мебурданд. Роҳи тайкардаи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмумин Раҳимови достон гувоҳи гуфтаҳои болост. То ин ҳад расидан ӯ маҳз ҳамин монеъаҳоро гузашта буд. Бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ роҳи паҳлавонони мо ба сӯи ин мусобиқот фарохтару ҳамвортар гашт, зеро акнун онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ мекунанд.

Ҳамоҳангӣ
Омили дигари рушди босуръати ҷудо дар кишвар ин фаъолияти густурдаи Федератсияи ҷудо аст, ки ҳамкориҳои худро дар сатҳи зарурӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо ба роҳ мондааст. Зеро навъи варзиши ҷудо шомили намудҳои варзиши олимпӣ буда, бе дастгирӣ ва сарпарастии ниҳодҳои мазкур дастовардеро сазовор гаштан мушкилу ғайриимкон аст.

Ҷудо дар музофот
Чун ҷудо ҳамсону ҳамранги гӯштини миллии мост, дар кишвар ҳаводорони зиёд дорад. Ба вежа, мардуми музофот гӯштингириро дӯст медоранд ва мусаллам аст, ки барои он дар ин ҷо гӯштин ҳамчун 1 варзиши миллӣ ҳамеша зинда хоҳад монд. Зиёда аз ин, бо ибтикороти Федератсияи Ҷудо дар шаҳру навоҳии кишвар даҳҳо толору марокизи ҷудоварзӣ амал мекунад, ки дар маҷмуъ ба рушди ин намуди варзиш мусоидат мекунад. Зеро заминаҳои рақобати касбӣ маҳз аз майдонҳои кӯчаки музофот ва дарвешонаву мусобиқоти музофотӣ маншаъ мегирад. Ва ҳам пӯшида нест, ки бузургтарин паҳлавонони мо маҳз аз майдонҳои дарвешонаҳо ва бо дуои мӯсафедони давранишини мусобиқаҳои наврӯзии тоҷикона ба сӯи майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ ба фатҳи қуллаҳои варзишӣ раҳнамун шудаанд.

Имкон барои ҳама
Чизи дигаре, ки ба рушди ҷудо дар Тоҷикистон мусоидат кард, ин имкони аз номи кишвари мо ширкат кардани тоҷикон ва тоҷикистониёни бурунмарзӣ дар мусобиқоти ҷаҳонист. Пӯшида нест, ки дар олам аз ин таҷриба зиёд истифода мешавад, ҳатто барои муарифии 1 кишвар варзишгаронро ба истилоҳ “натурализоват” мекунанд. Мо ба ин васила ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва онҳое, ки мехоҳанд таҳти парчами кишвари мо баромад кунанд, имкон додем ва бояд бигӯем, ин иқдом бесамар набуд. Баромади бомуваффақонаи Юсуф Абдусаломов аз номи кишвари мо гувоҳи гуфтаҳост. Дар миёни омилҳои зиёди рушди ҷудо дар кишвар наметавон таъсиси мусобиқоти зиёд дар дохили кишвар ва имкони ширкати ҳамаи хоҳишмандонро дар ин мусобиқаҳо сарфи назар кард. Баргузории чунин мусобиқаҳо ва ширкати зиёди ҷавонони ҳаваскору роҳҷӯ рақобатро миёни паҳлавонон хело зиёд кард ва мусалам аст, мавҷудияти рақобат ба рушди соҳа  бе таъсир нест. Ва маҳз дар ин рақобатҳо чеҳраҳои нави варзишии кишвар рӯи майдон меоянд.

“Ҷоми Президент” ҷудои тоҷикро рушд медиҳад
Нахуст бояд сипос аз ҷудоварзони тоҷик кард, ки бо шарофати зӯру бозӯи эшон ин маротиб Ҷоми Президент дар Тоҷикистон монд. Саидҷалол Саидов бо зӯри рустамонаи худ миёни даҳҳо паҳлавони нерӯманди ҷаҳонӣ нагузошт, ки Ҷоми Президент бегона шавад. Зиҳӣ!!! Бояд гуфт, ки баргузории Ҷоми Президенти ҶТ оид ба ҷудо, ки сар аз с.2013 дар сатҳи хеле баланд барпо мешавад, тақвиятдиҳандаи рушди Ҷудо дар мамлакат аст. Чорабинии мазкур бо иштироки зӯртарин ҷудочиёни сайёра доир шуда, аз баргузории худ ба дилбохтагони ҷудо дар Тоҷикистон таассуроти нек боқӣ мемонад ва боз садҳо навраси дигарро ба ин навъи варзиш ҷалб мекунад. Натиҷаи ҳамин аст, ки феълан ҷудоварзони тоҷик берун аз Тоҷикистон ҳам шӯҳрат доранд. Расул Боқиев барандаи медалҳои биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, Адҳам Мисоқов қаҳрамони мусобиқаи Осиё байни ҷавонон, Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё, бародарон Хуршед ва Ҷаҳонгир Маҷидовҳо ҷоизадорони чемпионати Осиё фахри Ватану кишваранд.

Медалҳои аввалин
Таърихи ҷудои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро мурур карда дарёфтем, ки аввалин медали Бозиҳои Осиёиро ба Тоҷикистон, ҳанӯз с.1994 аз шаҳри Хиросимаи Ҷопон намояндаи ин намуди варзиш Хайрулло Назриев оварда, нахустин роҳхатро низ ба Бозиҳои олимпии с.1996 ба Атлантаи ИМА маҳз ҷудоварзон соҳиб шудаанд. Якумин медали олимпиро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол низ намояндаи ин намуди варзиш, ҷаҳонпаҳлавон Расул Боқиев аз Бозиҳои олимпии Хитой с.2008 овард.

Роҳ ба сӯи Токио
Соли 2020 дар Токиои Ҷопон бозиҳои олимпӣ баргузор мешаванд. Омодагиҳо ба ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ кайҳо оғоз шудааст. Ба гуфти раиси ФҶТ Нурулло Лоиқов барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ мебояд дар мусобиқоти қоравӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзид ва хушо, ки ҷудоварзони мо ин имконро доранд. То расидан ба Токио чандин мусобиқот дар пеш аст ва ин ҳама барои дарёфти роҳхат ба Олимпиада хизмат мекунанд. Умеду боварӣ ба ҷудоварзони тоҷик хело калон аст ва ҷои шубҳае нест, ки ҷудоварзони тоҷик сафи мунтахаби олимпии моро дар Токио пурра хоҳанд кард. Мо Метавонем!!!

Суҳробшоҳи Фарухшоҳ,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter