ХАБАРИ ДОҒ

“Истиқлол”-ифтихори Тоҷикистон!!!

  • Панҷшанбе, Фев 01 2018

Аз ҳайъати Истиқлол рафтани 5 бозингари беҳтаринаш мухлисинро нигарон кард. Мабодо, ҳолати Равшани Кӯлоб рақиби азалияшро ёр гашта бошаду Истиқлол низ мисли Равшан банкрот гардад? Дар ин матлаб ин мавзуъро пайгир мешавем. Мо метавонем!

“Истиқлол” шомили 250 Топ-Клуби ҷаҳонӣ шуд
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) раддабандии беҳтарин клубҳои футболи ҷаҳониро эълон намуд, ки ба он чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе низ шомил аст. Ба ин рӯйхат ворид гардидани “Истиқлол”-ягона клуб аз Тоҷикистон хело таваҷҷӯҳкунанда аст. Зеро клуби футболи Тоҷик ҷаҳиши таъсирбахше карда, якбора аз ҷои 1122 ба мақоми 237 баромад. Ҳоло дар дороиҳои клуби футболи шаҳри Душанбе 83 имтиёз мавҷуд аст. IFFHS бо назардошти натиҷаҳои ба даст овардаи клубҳо дар соли сипаришуда номи 400 клуби футболи ҷаҳониро тавсиф кардааст, ки яке аз онҳо  “Истиқлол”-и Душанбеи мову шумост. Браво “Истиқлол”!! Респект!!!
Барои клубе, ки ҳаминак ба 11-солагӣ қадам мегузорад, шомил шудан ба ин рӯйхат худ муваффақияти калон аст. Мо Метавонем!

Нигаронии мухлисон
Сарусадоҳои ахир, ки миёни оилаи футболи ватанӣ атрофи қаҳрамони 6-каратаи футболи Тоҷикистон ва 2 карат финалисти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё “Истиқлол”-и Душанбе паҳн шудан доранд, мухлисони бешумори дастаро хеле нороҳат сохтанд. Он гуна, ки аллакай огоҳӣ дорем, чанде аз бозингарони ҳайати асосии “Истиқлол” ба дигар дастаҳои берун аз Тоҷикистон гузаштанд. Ҳоло бошад, ҷои онҳоро сармураббӣ-Муҳсин Муҳаммадиев аз ҳисоби бозингарони нишастгоҳи захиравӣ ва ҳайати ҷавонон пур ва тамрин мекунад, ки ҳамагӣ бачаҳои маҳаллӣ ва дастпарварони футболи Тоҷиканд. Оид ба аз хориҷи кишвар ба ҳайати “Истиқлол” шомил шудани бозингарони нав низ ягон хабари расмӣ ҷо надорад. Сомонаи клуби футболи пойтахт, ки яке аз фаъолтарин сайтҳои футболӣ дар Тоҷикистон аст, дар 1 хабари кӯтоҳаш перомуни дар даста марҳилаи азназаргузариро сипарӣ кардани чанд бозингари ҷавон мегӯяд. Ба иттилои ин сайт онҳо низ ҳамагӣ бачаҳои маҳаллие ҳастанд, ки қаблан дар дигар клубҳои футболи Тоҷикистон бозӣ мекарданд. Хабарҳои хушбинкунандаи ба ҳайати “Истиқлол” даъват шудани легионерҳои нави пурқувват аз кишварҳои аврупоиву осиёӣ ва ҳатто амрикоиву африқоӣ ҳам ҳастанд. Ростӣ, ин хабарҳо мухлисони футболи ватанӣ, аз ҷумла, мо-аҳли эҷоди газетаи СССРро низ бисёр хуш ва ба ояндаи нек умедвор мекунанд. Зеро “Истиқлол”-и Душанбе имрӯз болотар аз клубу аз даста аст! Он акнун умеду орзуи ҳазорон мухлиси асили футболи ватаниро ифода мекунад ва ин даста бояд пурқувват бошад!!!

Рафтани бозингарон
Аз нигоҳи инфиродии мо сабаби асливу усулии ба дигар дастаҳо гузаштани футболбозони ҳайати асосии “Истиқлол” бозии хуб ва дастаҷамъонаи футболбозонаш дар бозиҳои Ҷоми соли гузаштаи Конфедератсияи футболи Осиё буд. Гумон мекунем, агенту скаутҳо хеле барвақт, ҳанӯз аз давраҳои иштироки даста дар марҳилаҳои интихобии ин мусобиқа бачаҳои “Истиқлол”-ро таги чашм карда буданду охири мавсими футболро интизорӣ доштанд. “Истиқлол” бо баромади худ дар Ҷоми КФО муваффақ шуд, ки аз футболи миллӣ сарбаландона ҳимоят кунад. Ҳамагӣ дар 3 соли баромадаш дар ин мусобиқа 2 маротиба ба бозии финалӣ роҳ ёфт, ки ин комёбии бузургро ҳаргиз набояд нодида гирифт. Бахусус, дар футболи имрӯзӣ, ки дар ҳама ҷо бозӣ карданашро ёд гирифтаанду дар ҳама сайёра бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, рушд мекунад.

“Истиқлол” бояд пурқувваттар шавад
Албатта, ба дигар дастаҳои берун аз кишвар гузаштани футболбозони “Истиқлол”, ки ҳамагӣ бозингарони ҳайати асосии мунтахаби миллии Тоҷикистон низ ҳастанд, бар манфиати тими миллӣ ва дар маҷмуъ ба фоидаи футболи ватанист. Оид ба сатҳи чемпионате, ки бозингарони акнун собиқи “Истиқлол” дар он баромад хоҳанд кард, чизе гуфтанӣ нестем. Вале мусалам аст, ки заиф гаштани бошгоҳҳои футболи мамлакат, хоса, “Истиқлол”, ки шарафи футболи миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя мекунад, ба шӯҳрату эътибор ва нуфузи футболи ватанӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳоло бошад мо оид ба ҳайати оянда ва баромади чемпиони худ дар мусобиқаҳои дохилӣ ва марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 маълумоти бештаре гуфта наметавонем. Барои мо ҳам аён нест, ки роҳбарияти “Истиқлол” дар мусобиқаҳои дохилии имсола ва ҳам дар Ҷоми КФО-2018 пеши даста кадом вазифаҳоро гузоштааст. Аммо 1 чиз аниқ аст: Дастае, ки дар радифи 250 клуби беҳтарини дунё қарор дорад, ҳатман назди худ баландтарин вазифаҳоро мегузорад. Ин ба он маъност, ки ҳайати “Истиқлол” бояд чун соле пеш пурқувват бошад. Ҳатто тавонотар аз 1 соли пеш. Бозингароне, ки футболбозони собиқро иваз мекунанд, бояд эҳсос кунанд, ки масъулияти гаронеро бар дӯши худ доранд.

Анҷом
Худо накунад, лек айни ҳол агар “Истиқлол” ба мушкилоти молӣ рӯбарӯ гашта бошад, пас барои наҷоти ин даста, ки бренди футболи миллист, ба таври фаврӣ бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Агар давраи ленинӣ мебуд, дар чунин ҳолат тамоми обкому горком, то Совети вазирон ба по мехест. Имрӯз ҳам бояд чунин бошад. Ба иззати нафси касе расиданӣ нестем, вале маҳз “Истиқлол” аст, ки тайи чанд соли охир футболи миллиро аз чаҳорчӯбаи варзишгоҳи марказӣ ва бозиҳои чемпионати дохилӣ то бузургтарин варзишгоҳҳои осиёӣ бурда аст ва имрӯз “Истиқлол”-ро ба хотири нуфузу манзалат ва нигаҳдошти имиҷи футболи миллӣ бояд дастгириву ҳифз кард.

Нуралӣ Хоркашев
махсус барои СССР

“Истиқлол” аз ҷониби IFFHS ба рӯйхати 250 топ-клуби ҷаҳон ворид шуд
Сарнишини рейтинг клуби футболи “Реал”-и Мадрид аст. Дар раддабандӣ мақоми дуюмро “Гремио” аз Бразилия ва ҷои 3-ро дастаи машҳури “Манчестер Юнайтед”-и Англия ишғол мекунанд. Мутаносибан, “Барселона”, ПСЖ, “Фламенго”, “Ювентус”, “Бавария”, “Манчестер Сити” ва “Залтсбург” низ ба шумораи 10 топ-клуби ҷаҳонӣ шомил мешаванд.
Аз клубҳои осиёӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) пешсаф аст. Мақоми баъдиро “Ал-Аҳлӣ”-клуби дигари ин кишвар ишғол мекунад. “Шанхай СИПГ” (Хитой) дар ҷои 3 ва “Урава Редс” (Ҷопон) дар мақоми 4 қарор доранд. “Улсан” (Южная Корея) 5-умин дастаи пешсафи осиёист. Ҷаҳиши баландтаринро дар ин раддабандӣ “Хоум Юнайтед” (Сингапур) кардааст, ки яку якбора 1279 зина боло шуда, дар мақоми 301 қарор дорад. Аз клубҳои Узбекистони ҳамсоя мақоми баландтаринро (217) “Локомотив”-и Тошканд ишғол мекунад. Cарусадоҳое, ки баъди ба дигар дастаҳо гузаштани чанде аз бозингарони ҳайати асосияш атрофи чемпиони 6-каратаи Тоҷикистон ва 2 карат финалисти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – KФ “Истиқлол”-и Душанбе сабаби асливу усулии ин матлаб ва зангҳои зиёди телефонии дӯстон гардид. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter