Яке аз беҳтарин дастаҳои мардумӣ, халқӣ, фолклорӣ ва дӯстдоштанӣ-Далерони Ӯротеппа аз идомаи сабқат дар Лигаи Олии футболи ҶТ канора рафтанист. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ 2 сол пеш ин даста чун қаҳрамони Лигаи 1 дар водии Сӯгд вориди корзор шудаву дар соли аввали фаолият дар Лигаи Олӣ соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буд. Ногуфта намонад, ки он сол Далерон-Ӯротеппа қариб ҳама лидерҳои чемпиони вақт-Равшани Кӯлобро харид. Бо гузашти ҳамагӣ 24 моҳ бо ин даста чӣ рух дод, ки ҳамакнун тарки Лига карданист?
Сабаби асосӣ-бетаваҷҷӯҳии ҳукумат
Ба пиндори сирф инфиродии мо сабаби муфлисшавии дастаҳои Тоҷик ин бепарвоии ҳукуматҳои маҳаллӣ дар алоҳидагӣ ва бепарвоии ҳукумати марказӣ дар ҷамъ нисбат ба футбол аст. 7:0 шикаст хӯрдани мунтахаби миллӣ аз Австралия ин оғози кор аст. Истиқлоли ҳамагӣ 2 моҳ пеш финалисти Ҷоми АФК ва костяки мунтахаби миллӣ низ суст шудаву аз 3 бозӣ 1 хол ба даст овард, ки сабабаш набуди рақобат дар Лигаи Миллист: Ким бо Истиқлол мебозад? Клубҳои муфлис ва футболистони ғайриҳирфаӣ...
Усулан бо ин бархӯрд, ки ба футбол дорем, дур нест, ки аз Туркманистону Қирғизистон низ шикасти ҷонкоҳ бинем.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар ҳамсоякишварҳои мо футбол бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад. Фарзи мисол, Ӯзбакистонро гиред. Дар ин кишвар спонсорҳои футбол-Варзиши №1 аз андоз нисбатан озоданд. Зимнан дари клубҳоро охурча кардаанд, то пул пардозанду барои рушди футбол саҳм гиранд. Дар мо баракс аст. Консерту базму тарабро аз спорт боло гузоштаем, ки хеле бад аст...
Варзиш, хоса футбол бояд ҷои консертҳоро дар стадионҳо танг кунад, на баракс. Вагарна чи хел фаҳмем, ки дар Ҳисор ба чанд миллион стадион созанду дастаи футболашон ақаллан дар Лигаи 1 набошад???
Футболро наҷот бахшед!
Дар зер матлаберо аз сайти интернетии Радиои Озодӣ меорем, ки бозгӯи ҳоли бади футбол дар музофот, ба вежа Ӯротеппа аст...
Сайёфи Мизроб, Махсус барои ҳукумати марказӣ
Нома ба Рустами Эмомалӣ
Як гурӯҳи мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода аз раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ба ин бошгоҳ дасти ёрӣ дароз кунад.
Мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода ба унвони раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода хостаанд, ки ин бошгоҳи футболро аз вартаи барҳамхӯрӣ наҷот диҳанд ва нагузоранд, ки сокинони Истаравшан аз имкони тамошои футбол ва мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон аз бошгоҳи пурмухлистаринаш маҳрум шаванд. Дар зери ин нома, ки нусхааш рӯзи 28 март ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, 51 мухлиси “Далерон-Ӯротеппа” имзо кардаанд.
“Далерон-Ӯротеппа”, ки дар лигаи олии футболи Тоҷикистон аз шаҳри Истаравшан намояндагӣ мекард ва дар мусобиқоти қаҳрамонии соли 2014 сазовори ҷои сеюм ва нишонҳои биринҷӣ шуда буд, ҳафтаи гузашта бо ирсоли номаи расмӣ ба Лигаи миллии футболи Тоҷикистон эълон кард, ки ба далели мушкилоти молӣ дар мусобиқоти имсола ширкат карда наметавонад. Дар пайи ин қарор, ки дар лигаи олии футбол танҳо 10 тимро боқӣ гузошт, қуръакашии бозиҳои мусобиқоти имсола аз нав доир карда шуд.
Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” дар номаи худ ба номи Рустами Эмомалӣ ва ду мақоми дигари баландпоя навиштаанд, ин бошгоҳ тавонист дар муддати ҳамагӣ 3 соли вуҷудаш то мақоми сеюм дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бирасад ва дар соли 2015 аз сӯи ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” “Сермухлистарин дастаи сол” эътироф шавад. Муаллифон меафзоянд, мушкилоти даста соли гузашта оғоз ёфта, имсол ба ҳадде расид, ки он ҳатто имкони ширкат дар мусобиқоти лигаи олиро аз даст дод.
Барои наҷот вақт ҳаст!!!
Вале мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” мутмаинанд, ки то оғози мусобиқот – 8 апрел – ҳанӯз “барои наҷоти даста аз барҳамхӯрӣ вақт ҳаст.” Онҳо аз Рустами Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ ва Наим Набизода хостаанд, ки ба тақдири сермухлистарин дастаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд:
"ба нест шудани футбол дар шаҳри бостонию футболдӯсти Истаравшан роҳ надиҳед. Зеро Истаравшан маҳз бо мухлисони сершумору содиқи худ дар футболи тоҷик мақоми хосро ишғол мекунад ва манбаи асосии истироҳати мардуми шаҳр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки ҷавононро дар зери як даста, як парчам ва як ном муттаҳиду ҳамовоз мекунад. Дар Истаравшан имрӯзҳо футбол болотар аз варзиш аст.”
Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” ҳамин тавр, нақши ин бошгоҳи футболро дар таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии Истаравшан ва дар амри пешгирии ҷавонон аз гароидан ба гурӯҳҳои ҷиноиву ифротгаро таъкид карда, навиштаанд: “Аз он рӯзе, ки дастаҳои Истаравшан иштирокро дар лигаи олӣ сар карданд, тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Мардуми шаҳр ба варзиш таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд, сатҳи ифротгароиву ҷинояткорӣ бамаротиб кам шуд. Бешубҳа, аз байн рафтани дастаи сермухлисе чун “Далерон Уротеппа” ба футболи тоҷик зарбаи ҷонкоҳе шуда, боиси паст шудани таваҷҷӯҳ ба лигаи олии кишвар мегардад ва боз дар ахлоқу мафкураи ҷавонони шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад.”
$200000 барои наҷот
Ҳафтаи гузашта Парвиз Почокалонов, раҳбари бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳукумати шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини фаъолияти имолаи бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” солона тақрибан 1,5 миллион сомонӣ, муодили ҳудуди 200 ҳазор доллар лозим аст, вале “имсол ҳукумати маҳаллӣ ба далели масъалаи бӯҳрон мушкилоти иқтисодӣ дорад. Аз тарафи дигар, имсол соҳибкорони маҳаллӣ, ки низ имконоти иқтисодиашон заифтар шудааст, натавонистанд дар маблағгузории бошгоҳи футболи шаҳри Истаравшан моро дастгирӣ кунанд.”
Мухлисони футбол аз майдон рафтани “Далерон-Ӯротеппа”-ро як талафоти дардовар барои футболи тоҷик мешуморанд ва мегӯянд, бо хуруҷи ин тим рақобати бе он ҳам начандон шадид дар лигаи олӣ боз ҳам камрангтар мешавад.
Сермухлистарин даста капут?
“Далерон-Ӯротеппа” пурмухлистарин тими футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва дар ҳар бозиаш дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан дастикам 5000 тамошобинро ҷамъ меовард. Ин тим ҳамин тавр, як гурӯҳи бузурги мухлисони содиқе дошт, ки барои тарафдорӣ аз “Далерон” ҳамроҳаш ба шаҳрҳои дигар сафар мекарданд.
6 сол пеш бошгоҳи футболи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар айни вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти лигаи олӣ зери суол рафта буд, дар пайи дахолати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт...
Мирзои Салимпур-радиои Озодӣ
Чемпионати футболи 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, рӯзи шанбеи 8-уми апрели соли 2016 шурӯъ мешавад.
Рӯзҳои 22 ва 23 марти соли 2016, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаҳои кушоди гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз – 2016 гузаронида мешавад.
Рӯзҳои 12, 13 ва 14-уми марти соли равон дар вилояти Курски Федератсияи Русия 2-умин сабқати байналхалқӣ бо номи «Смешенное единоборство» миёни ҷавонон баргузор гардид.
«Вахш» ва «Саройкамар» – ғолибони минтақаи Хатлон
«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ғолиби минтақаи Хатлон шуд. Дар бозии финалӣ, ки рӯзи 26 феврал дар варзишгоҳи марказии Данғара баргузор гардид, «Вахш» бар «Саройкамар» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Голҳоро Мухтор Ортиқов дар дақиқаи 9 ва Собир Холматов дар дақиқаи 12 ба самар расонданд.
Ба ин тартиб, «Вахш» ва «Саройкамар» ҳуқуқи дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа иштирок карданро соҳиб шуданд. Дар марҳилаи ниҳоӣ «Вахш» дар гурӯҳи «Б» ва «Саройкамар» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд. Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб, ки аз сермухлистарин дастаҳои футболи мамлакат ҳисоб меёбад, ба иллати заъфи молиявӣ ва боз садҳо чуну чароҳои дигар ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа баромада натавонист, ки дар чанд соли охир барои аввалин бор мебошад. Аз рӯи маълумотҳои ҷойдошта, айни замон «Равшан» дар мушкилоти сангини молиявӣ қарор дорад. Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Хатлон бошад, ҳайати ҷавонони «Равшан» иштирок намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони «Равшан»-ро зарур аст, ки сари ин мавзу чораҳои амалӣ андешанд. Дар сурати чунин идома ёфтани кор, имконияти аз байн рафтани маъруфтарин клуби футболи ватанӣ ҷой дорад. Аз байн рафтани «Равшан» бошад, ба рушду инкишофи футболи Тоҷик таъсири ниҳоят сахти манфии худро мерасонад.
Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Хатлон. Финал
«Вахш» – «Саройкамар» – 2:0
Голҳо: Мухтор Ортиқов, 9 (1:0). Собир Холматов, 12 (2:0).
«Хуҷанд» ва «Қайроққум» - ғолибони минтақаи Суғд
Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Суғд низ ҷамъбаст шуд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст дастаҳои «Хуҷанд» ва «Қайроққум» ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифтанд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия ҳафтаи оянда дар Душанбе оғоз мегардад.
Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Суғд
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Қайроққум» – «Спитамен» – 3:3
«Эсхата» – «Парвоз» – 2:2
Даври 2-юм
«Спитамен» – «Эсхата» – 1:3
«Парвоз» – «Қайраққум» – 0:3
Даври 3-юм
«Спитамен» – «Парвоз» – 3:2
«Эсхата» – «Қайроққум» – 2:3
БҒМБТ/Т И
1«Қайроққум» (Қайроққум) 32109-57
2«Эсхата» (Хуҷанд) 31117-64
3«Спитамен» (Спитамен) 31117-83
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)30124-81
Гурӯҳи «Б»
Даври 1-ум
МТО – «Пионерпласт» – 0:1
«Ашт» – МТО – 1:1
Даври 2-юм
«Далерон-Уротеппа» – МТО – 5:1
«Ашт» – «Хуҷанд» – 1:7
Даври 3-юм
«Далерон-Уротеппа» – «Хуҷанд» – 1:3
«Пионерпласт» – «Ашт» – 2:4
Даври 4-ум
МТО – «Хуҷанд» – 0:8
«Пионерпласт» – «Далерон-Уротеппа» – 3:0
Даври 5-ум
«Хуҷанд» – «Пионерпласт» – 2:1
«Ашт» – «Далерон-Уротеппа» – 3:0
БҒМБТ/ТИ
1«Хуҷанд» (Хуҷанд) 440020-312
2«Ашт» (Ашт) 42119-107
3«Пионерпласт» (Бобоҷон Ғафуров)42027-66
4«Далерон-Уротеппа» (Истаравшан)41036-103
5МТО (Хуҷанд) 40132-151
«Регар», «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» - ғолибони минтақаи Душанбе
Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе бо ғалабаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҷамъбаст шуд. Дар даври охири ин мусобиқа металлургчиён бар КМВА «Помир» бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз шуданд. Дар минтақаи Душанбе инчунин дастаҳои КМВА «Помир», «Истиқлол» ва «Хайр» низ соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ шуданд.
Ба ин тартиб, дар марҳилаи финалӣ «Регар-ТадАЗ» ва «Хайр» дар гурӯҳи «Б», КМВА «Помир» ва «Истиқлол» дар гурӯҳи «А» баромад мекунанд.
Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ
Минтақаи Душанбе. Даври 7-ум
«ЛОКОМОТИВ» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 1:2
«ХАЙР» – «ПОМИР» – 4:1
КМВА «ПОМИР» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 0:3
«ИСТИҚЛОЛ» – «КӯКТОШ» – 11:1
БҒМБТ/Т И
1«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)761034-4 19
2КМВА «Помир» (Душанбе) 750233-8 15
3«Истиқлол» (Душанбе) 741228-1013
4«Хайр» (Ваҳдат) 733115-7 12
5«Помир» (Душанбе) 72238-18 8
6«Кӯктош» (Рӯдакӣ) 722316-388
7«Барқи тоҷик» (Душанбе) 71153-24 4
8«Локомотив» (Душанбе) 70073-31 0
Доварон ва ҳайати намояндагии хизматрасони ду бозии боқимондаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар доираи вохӯриҳои марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 дар квартети «В» маълум шуданд. Сардовари бозии даври нуҳӯми ин мусобиқа миёни мунтахабҳои миллии Австралия ва Тоҷикистон, ки рӯзи 24 март дар варзишгоҳи «Аделаида Овал»-и шаҳри Аделаида доир мешавад, рефери 30 солаи ФИФА аз Қатар Фаҳад Ҷаббор Ал-Маррӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Юсуф Ориф Ал-Шамарии 26 сола аз Қатар ва Муҳаммад Ал- Абакрии 36 сола аз Арабистони Саудӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии ин вохӯриро рефери 33 солаи ФИФА Чуан Ху Фу аз Сингапур ба зимма дорад. Нозири доварон Азимӣ Бин Абдулло аз Малайзия ва комиссари бозӣ бошад, Томохиро Каисе аз Япония таъин шуданд. Ба ин тартиб, ин ҳайати хизматрасонро интернатсионалӣ низ номидан мумкин аст. Ҳаминро илова мекунем, ки бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Бозии мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 муқобили Қирғизистон, ки рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 доир хоҳад шуд, ҳайати доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери 35 солаи ФИФА Азиз Асимов таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Руслан Серазитдинови 33 сола ва Андрей Тсапенкои 29 сола кӯмак мекунанд. Ҷасим Муҳаммад Абдулкарим аз Баҳрайн нозири доварон ва Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъин шуданд.
ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 19:30 (14:00 ба вақти Душанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН
Сардовар: Фаҳад Ҷаббор Ал-Марри (Қатар).
Ёварон: Юсуф Ареф Ал-Шамари (Қатар), Муҳаммад Ал-Абакри (Арабистони Саудӣ).
Довари эҳтиётӣ: Чуан Ху Фу (Сингапур).
Нозири доварон: Азимӣ Бин Абдулло (Малайзия).
Комиссари бозӣ: Томохиро Каисе (Япония).
Аделаида, Варзишгоҳи «Аделаида Овал»
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
Оғоз соати 18:00
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Сардовар: Азиз Асимов (Узбекистон).
Ёварон: Руслан Серазитдинов, Андрей Тсапенко ( Узбекистон).
Довари эҳтиётӣ: Алибек Сапаев (Туркманистон).
Нозири доварон: Ҷассим Муҳаммад Абдулкарим (Баҳрайн).
Комиссари бозӣ: Бачир Ҷафиқ Абдул Холиқ (Лубнон).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
ФутболvsСССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар