ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 13 2016

Собиқадорони футболи Афғонистон бо сарварии президенти Федератсияи футболи Афғонистон  Киромиддин Каримӣ барои гузаронидани якчанд бозии дӯстона бо собиқадорони футболи Тоҷик ба Душанбе омаданд. Дар баробари баргузории бозиҳои дӯстона масоили ҳамкорӣ ва дурнамои рушду инкишофи футболи ҳар ду кишвар таҳлилу баррасӣ мешаванд.

Сешанбе, Апр 12 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Зайтуна Назарова – мураббии варзишгар Дилшод Назаров ғолиби озмуни «Беҳтарин мурабии варзиши сол дар шаҳри Душанбе» дониста шуда аз ҷониби шаҳрдорӣ бо мукофотпулии 3 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардид.

Душанбе, Апр 11 2016

Рӯзи 16 апрел, соати 9 дар пойтахт  мусобиқаи Ниммарафони 7-уми байналмиллалии Душанбе бо ширкати варзишгарон аз 15 шаҳри бародаршаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт. 

Душанбе, Апр 11 2016

Дар ҷумҳурӣ мавсими нави футбол чун анъана бо бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон оғоз шуд. Бозӣ рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор гардид. Дар ин бозӣ чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015  “Истиқлол”-и Душанбе бар барандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли 2015 “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда барои бори шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд.

Душанбе, Апр 04 2016

Варзишгари маъруфи тоҷик Расул Боқиев, ки дар Маскав ба тамрин ва тарбияи паҳлавонони ҷавон дар Маркази омӯзишии "Самбо-70", машғул буд, акнун ба фаъолияти мураббигии мустақилона дар мактаби худаш шурӯъ кард. Ӯ мактаби махсуси худашро кушода акнун ба дзюдочиёни ҷавон маҳорати касбӣ меомӯзонад.

саҳ 40 аз 43

Китобҳо

Flag Counter