ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 19 2021

Чоршанбе, Авг 18 2021

Рӯзи видоъи Лео Месси бо тими дӯстдоштааш.

Гиря ҳам неъмати илоҳист.

Ҳеҷ эҳсоси дигар тавони онро надорад, ки ҷои гиряро гирад.

Гиря борони раҳмат аст, ки гунаҳҳоятро мешӯяд, агар самимона тавба кунӣ.

Гиря обе поку софест, ки ба он метавонӣ таҳорати ботин кунӣ.

Гиря беҳтарин вожаи муродифи «алвидоъ» аст.

Гиря - чакомаи нигоҳҳо дар рӯзи гусел.

Гиря - ҳамосаи калимаҳо дар лаҳзаи ҷудоӣ.

Гиря - шаҳодатномаи шаҳодати ишқҳо.

Гиря - хуни сафеди дардҳо.

Гиря шеъри беҳтарини ҳар кас ва ҳама кас, ки ҳеҷ не як бор эҷод кардааст.

Гиря - забони фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ.

Рафтани Лео Месси аз Барселона пуровозатар ва пурҳаяҷонтар аз рафтани шоҳону вазирону сипаҳсолорон аз тахт буд.

Як саҳифаи зебои футбол имрӯз варақгардон шуд.

Як девони мавлоноӣ ба ҷевони китобхонаи таърих рафт. 

Барселона бе Месси Барселона нест.

Месси бе Барселона Месси нест. 

Ман боизтироб конфронси хайрбодии ӯро дар Камп-ноу интизор будам.

Ӯ чӣ хоҳад гуфт?

Кадомин калимаҳо, ибораҳо, ҷумлаҳоро ӯ дар ин шабҳои бехобӣ захира карда бошад?!

Ё суханваре барояш матн омода кардааст?!

Матне зебо, бо андарзҳо, насиҳатҳо, васиятҳо, иқтибосу гуфтовардҳо?!

Месси ба минбар баромад.

Худо ба ҳамроҳ! - беихтиёр гуфтам.-Худо забони гӯё диҳад, Лео!

Ӯ ба толор нигарист. Сукуте кард. Калима меҷуст. Аммо оби чашмаш фаввора зад. Мекӯшид оби чашмашро фурӯ барад. Аммо натавонист. Аввал хомӯш гирист. Баъд бо тамоми овоз.

Ларзон – ларзон. 

Ҳама гиристанд.

Минбар ва толор. 

Бовар дорам, ки дар ин лаҳзаҳо миллионҳо нафар дар зовияҳои гуногуни дунё бо Мавлонои футбол гиристанд.

Ман – яке аз онҳо...

Додоҷон Атовуллоев,

мухлиси футбол, Месси ва Барселона

 Бузургтарин Шахсият дар олам…

Воқеан ҳам рафтани Месси аз Барселона хабаре таккондиҳанда аз пандемияи коронавирус, қатлу террору ваҳшигариҳои толибону митингу бенизомиҳову сӯхтору кушторҳо дар олам гардид. Рафтани Месси аз Барселона хабари №1 дар олам шуд. Зеро ӯ худ варзишкори №1 дар олам буд…

Андрес Куччуттини

Лионел Андрес Месси Куччиттини-кӯтоҳ Месси, кӯтоҳтар Кайкак, кӯтоҳтарактар Кайк, 24.06.1984 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Футболисти Барселона, капитани мунтахаби Аргентина. Ҳарчанд бо дастаи Барса тамоми нӯшу неъмати олами футболиро чашид, аммо бо Аргентинааш соҳиби ҷоизае нашуд, ки нашуд. Ва ахси корро бинед, ки ҳамагӣ чанде қабл Ҷоми Амрикоро ба даст оварду хурсандияшро натавонист бо Каталония бо ҳам бинад. Аз Барса калушҳояшро пеши пой гузоштанд. Нашуддд.

Ҳарчанд Барсаро бе Месси ва Мессиро бе Барса дар асри ХХ ва ХХI тасаввур карда намешуд, вале коре шуд, ки ҳамакнун Месси-фарзанди хоназоди ин клуб метавонад дар рӯзу моҳҳои наздиктарин бар зидди Каталония бишӯрад ва дар қабои ПСЖ ба майдон барояд…

6-карат зӯр!!!

Бо қомати 170 см ва вазни 72 кг,  Месси дар таърихи футбол ЯГОНА нафарест, ки 6 бор соҳиби «Бутсаи тилоӣ» ва «Тӯби тиллоӣ»шудааст. Бори нахуст дар 17-солагӣ ба майдон шуда, аккурат 17 сол бо футболкаи Барса баромад карда, 10 бор Ла Лига, 7 бор Ҷоми Шоҳи Испания, 8 суперкубоки Испания, 3 борӣ Суперкубоки Аврупо ва Ҷоми чемпионҳои ҷаҳонро рабуд. 4 карат қаҳрамони Лигаи Чемпионҳо шудан боз ба кӣ муяссар мегардад? Суолест риторикӣ албатта…

 

Чоршанбе, Авг 11 2021

 

    Ҳамаи варзишгарони тоҷике, ки дар Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, муҳорибаву мусобиқаҳои хешро ба анҷом расонида, бидуни медали олимпӣ ба Ватан меоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Олимпиадаи тобистонаи Токио-2020 10 нафар варзишгар сафар карда буданд. Яке аз варзишгароне, ки мардуми кишвар ба ғолибияти ӯ бештар аз ҳама умед дошт, варзишгар Гулсумбӣ Шарифова бинобар бардоштани лат ҳангоми тамрин аз ширкат дар Олимпиада маҳрум гашт. 

    Нахустин шуда, дар Ҷопон дар марҳилаи 1/16 муштзани тоҷик Шаббос Неъматуллоев шикаст дид. Пас аз ӯ ҷудокорон яке пайи ҳам шикаст хӯрданд.    Дар 1/16 рӯзи 26.07.2021 Сомон Маҳмадбеков аз ҳарифи озарбойҷонияш шикаст хӯрд. Рӯзи 27.07.2021, Акмал Муродов дар набард бо намояндаи Гурҷистон дар марҳилаи интихобӣ мағлуб шуд.

    28.07.2021 Комроншоҳ Устопириёнро варзишкори фаронсавӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум сохт. Дар марҳилаи интихобӣ ҳамчунин муштзани гаронвазн Сиёвуш Зухуров аз ҳарифи фаронсавияш мағлуб шуд. Темур Раҳимов низ пас аз 1 пирӯзӣ рӯзи 30 июл дар даври 1/16 ниҳоӣ аз варзишгари гурҷӣ мағлуб шуд.

    Худи ҳамон рӯз, шиноварони тоҷик низ Олимпиадаро тарк карданд. На Анастасия Тюрина ва на Олимҷон Ишанов натавонистанд аз даври интихобӣ берун шаванд. 

    Субҳи 31.07.2021 ҳам барои мухлисон аз Токио хабари хуш наомад: варзишгарон охирин шонси дастёбӣ ба медалро аз даст доданд. Муштзан Баҳодур Усмонов аз варзишгари ӯзбек мағлуб шуд ва давандаи тоҷик Илдар Аҳмадиев натавонист аз варзишгарони африқоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр пеш гузарад.

   Тамоми варзишгарони тоҷик бо навбат тап-тап уфтода, «Муҳим на медал, муҳим иштирок!»-гӯён ба Ватан бармегарданд. Ин Олимпиада ҳам бори дигар исбот намуд, ки варзишгарони мо ҳанӯз ҳам барои рақобат дар сатҳи ҷаҳонӣ омодагии хуб надоранд, тайёрии онҳо, ки 1 сикл-4 сол аст (аз Олимпида то Олимпиада) дуруст ба роҳ монда нашудааст ва аз ҳама муҳим кӣ ва кадом ниҳод барои ин бохт посух хоҳад гуфт!?

   Дар ҳошияи Олимпиадаи Токио-2020 Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дар мавриди истифода ва талаффузи дурусти калимаи «дзюдо» мубоҳисаронӣ карда, гуфтааст, ки  “ҷудо” дуруст буда, “дзюдо”-ву дигар гузинаҳо дуруст нестанд.

   - Ҷудо калимаи ҷопонӣ аст ва худи ҷопониҳо онро “ҷудо” талаффуз мекунанд. “Дзюдо”-ро мо аз забони русӣ гирифтаем. Азбаски дар забони русӣ ҳарфи “ҷ” нест, калима тағйир кардааст, аммо дар забони русӣ нишастааст. Мо имкон дорем, ки аз забони асл гирем, - гуфтааст раиси Кумита. 

Чоршанбе, Июн 30 2021

Салом ба аҳли эҷодии рӯзномаи СССР! Яке аз варзишгарони ҷавони 23-солаи ш.Исфара, номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев мебошад. Мустафохӯҷа аз синни 6-солагӣ ба шоҳмотбозӣ машғул аст. Ба Мустафохӯҷа бозии шоҳмотро падараш Исмонхӯҷа Ҳусейнхӯҷаев омӯзонидааст. 

Ӯ соли 2005-ум дар мусобиқаи шоҳмот дар ш.Душанбе байни наврасони ҷумҳурӣ ғолиб омада, чемпиони Тоҷикистон гардид. Соли 2016 Мустафохӯҷа ҳамчун аъзои дастаи шоҳмотбозони яккачини Тоҷикистон байни давлатҳои Осиёи Миёна, соли 2018 дар олимпиадаи умумиҷаҳонӣ, ки дар ш.Батумии Ҷумҳурии Грузия баргузор гардид, иштирок дошт. Дар ин мусобиқа намояндагони 185-давлат ширкат варзиданд. Соли 2019 бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври вилоятӣ оид ба шоҳмот то сини 30-сола байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳо Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев сазовори ҷои 1-ум гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, медал ва диплом сарфароз гашт.  Ӯ чанд карат чемпиони вилояти Суғд мебошад. 

   Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев ҳамчунин иштирокчии мусобиқаҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озорбойҷон ва Гурҷистон асмт. Мавсуф ҳамчун мураббӣ имрӯз дар литсейи № 6-и ш.Исфара ба наврасон дарси шоҳмот медиҳад. 

Муқсидҷон Сатторов, 

ш.Исфара

 

Ҷумъа, Март 19 2021

ДӮСТОНИ АЗИЗ, ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!

Он гунае, ки шумо огоҳӣ доред, ман дар тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам. Мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд. Ман дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное будам, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо ман рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд. Бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад, ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад. 

Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такорор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки барои чи ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?

Ахиран ман қарор кардам, ки ба ин бозиҳо хотима гузорам, аммо баъд аз 2 рӯз бароям номае расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳуқуқи иштирок намудан дар мусобиқаҳо барканор шудам.

Баъдан, муҳлатро ҳисоб карда, фаҳмидам, ки ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24-уми сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст."

Ман ба Пешвои муаззами миллат, Президенти мӯҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ барои дастгирӣ ва кӯмакҳои расонидашудаашон, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи тӯлонӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карданд, миннатдории самимонаи худро баён менамоям.

Бо эҳтиром,

Қаҳрамони олимпӣ

Дилшод Назаров.

 

 

Ҷумъа, Фев 05 2021

Доварони Тоҷикистон дар Мадина бозии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-двизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ карданд. 

Ҳалолашон бод! Ватанро ана ин хел бояд мураррифӣ намуд!

Ҳайати доварони Тоҷикистон бозии даври навбатии Лигаи шоҳзода Муҳаммад бин Салмон-дизиони якуми Арабистони Саудиро хизматрасонӣ намуд.

Дар даври нуздаҳуми двизиони якуми Арабистони Саудӣ ҳайати доварони Тоҷикистон бо сардории рефери ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов бозӣ байни дастаҳои “Уҳуд” (Мадина) ва “Ал-Наҷран”-ро хизматрасонӣ намуд. Бозӣ дар шаҳри Мадина баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт.

Сайёдҷонро дар ин бозӣ, дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Акмал Буриев аз Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак намуданд. Вазифаи довари захираро Насрулло Кабиров иҷро дошт.

 

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

 

саҳ 9 аз 43

Китобҳо

Flag Counter