ХАБАРИ ДОҒ

Амонулло Ҳабибов: “Дар Данғара клуби футболи касбӣ месозем!”

  • Ҷумъа, Июн 03 2016

Ҳафтаи гузашта дар мусоидат бо Федератсияи футболи Тоҷикистон клубҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Сомон”-и Данғара бо ҳам бозии санҷишӣ-дӯстона гузаронданд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара доир шуд.

Мақсади асосии баргузории бозӣ, вусъат бахшидан ба оммавияти футбол дар маҳалҳо, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи ватанпарастиву ҷавонмардӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз корҳои номатлуб ва боз ҳазорон нияти нек оиди рушду инкишофи соҳаи футбол дар мамлакат буд.  Бозӣ, ки дар ҳузури бештар аз ҳафт ҳазор тамошобинон хеле шавқовару диданӣ сурат гирифт, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонони душанбегӣ анҷом ёфт. Аз назари инфиродии мо  бурду бохт дар ин бозӣ ба ҳардуи дастаҳо аҳамияти ҷиддӣ надошт. Муҳим ин буд, ки созмондиҳандагонаш ба ҳадафи асливу усулии худ - эҳё гардонидани футбол дар ноҳияи Данғара  муваффақ шуданд. Ҳалолашон бод!!! 

Мухлисони азиз, хонандагони гиромӣ! Мо, аҳли қалами ФутболvsСССР, таъсисёбии боз як клуби футболро ба мухлисони варзиши № 1 табрик гуфта ба “Сомон” дар оянда барору комёбиро таманно дорем ва дар ин замина, сӯҳбати вежаи хабарнигори худ Нуралӣ Хоркашевро бо роҳбари дастаи “Сомон”- Данғара  Амонулло Ҳабибов пешкаши шумо мегардонем. 

-Акаи Амонулло, пеш аз ҳама шумо ва командаатонро барои хеле хуб ташкилу баргузор гардонидани ин бозӣ табрик мекунем. Воқеан ҳам чорабинӣ дар сатҳи олӣ гузашт. 

-Раҳмат! Қабл аз ҳама аз ҷониби дастаи “Сомон” ба президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода ва ба ҳамаи он нафароне, ки дар баргузории ин бозӣ моро дастгирӣ намуданд, сипосгузорӣ баён мекунам. Пеш аз бозии имрӯза аз тарафи роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи ноҳия  бо иштироки ситораҳои эстрадаи Тоҷик консерти калон ташкил карда шуд. Ба мухлисон ҳунарнамоии ҳофизони шинохта Баҳром Ғафурӣ, Остони Азиз ва Файзигул Юсупова хеле писанд омад. Инчунин, аз ҷониби чемпиони мамлакат ба мухлисон 50 адад тӯбҳои футболбозӣ тақдим шуд. Футболбозони “Истиқлол” баъди бозӣ футболкаҳои  худро ба мухлисон тӯҳфа намуданд. Боварӣ дорам баргузории ин чорабинии идонаи футболӣ ба рушду инкишофи футбол дар ноҳияи мо вусъати тоза мебахшад.

 -Таъсисёбии дастаи “Сомон”-ро ба хонандагони мо андаке шарҳ медодед. Дар саргаҳи ин идея кӣ меистад?

-Дастаи мо бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи узви Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонони футболдӯсти ноҳия ташкил карда шуд. Бо мақсади созмон додани даста моҳи марти соли ҷорӣ дар ноҳия мусобиқа гузарондем, ки дар он 18 даста иштирок кард. Мураббиён ва коршиносон беҳтарин бозигарони ин мусобиқаро интихоб намуда ба ҳайати даста шомил гардонданд. Айни замон “Сомон” дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон баромад мекунад. Мақсади асосии мо созмон додани як клуби касбии футболи дорои инфрасохтори замонавӣ мебошад. Боварӣ дорем, ки дар амалӣ намудани ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии он, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои ба футбол рағбатдор дастгириямон мекунанд. Дар ҳоли ҳозир Ширкатҳои ватании “Нур пласт” ва “Нурафзо” бо мо ҳамкорӣ доранд ва бо истифода аз фурсати муносиб ба ин ширкатҳо сипосгузорӣ баён мекунам.  

Сомони Данғара Истиқлоли Душанбе мешавад?

  - Чемпиони феълӣ ва чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе низ аз ҷониби гурӯҳи донишҷӯён ташкил ёфта буд ва дар муддати фаъолияти на чандон тӯлонии худ то ба финали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё расид. Оё муассисони клуби футболи “Сомон” ҳам орзуи баромад кардан дар чунин мусобиқаҳои бонуфузро доранд?

- Бори дигар мегӯям, ки мақсади асосии муассисони клуби футболи “Сомон”, ин  ташкил кардани як клуби воқеан ҳам касбиву замонавӣ мебошад. Барои ин вақт, ҳавсала ва кӯшишу заҳмати  зиёд лозим аст. Имсол “Сомон” дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон ва дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми миллӣ (ягона даста аз лигаи дуюми кишвар. Н. Х.) баромад мекунад.  Агар дар соли аввали баромади худ дар ин мусобиқа ба дастаи мо имконияти соҳиб шудани роҳхат ба  лигаи якуми Тоҷикистон пайдо шавад, фикр мекунам ин барои бачаҳо муваффақияти бузург аст. Ҳадафи воқеии мо аз рӯи риояи принсипи варзишӣ зина ба зина ба боло роҳ ёфтан аст ва барои амалӣ гардонидани ин ҳадафи худ талош хоҳем кард. Аз ҷониби дигар мо дар ҳамкорӣ бо клубҳои пешрафтаи Тоҷикистон дар ин давра имконият пайдо мекунем, ки инфрасохторамонро мутобиқи меъёрҳои замонавӣ гардонем.

- Дар бозии дӯстона бо “Истиқлол” бештар аз ҳафт ҳазор мухлис дар варзишгоҳ ҳузур дошт. Ба назар мерасад, ки роҳбарияти клуби навтаъсиси шумо ба ин мавзӯ ҳам таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

-Футбол барои мухлисон аст ва бе ҳузури онҳо маънои аслияшро гум мекунад. Хушбахтона, дастаи мо аллакай мухлисони сершумори худро дорад, ки аксарияти онҳо на танҳо дар бозиҳои хонагӣ, балки дар сафар низ дастаро ҳамроҳӣ мекунанд. Дастгирии онҳо ба футболбозони дастаи мо, ки қариб ҳамаашон наврасону ҷавонон ҳастанд, нерӯву тавони тоза мебахшад. Боварӣ дорам, ки ҳар қадаре сатҳи бозии “Сомон” такмил ёбад, сафи мухлисонаш ҳамон қадар зиёд мешавад. 

Ҳадаф? Лигаи 1. Боз мебинем!

-Оиди нақшаҳои ояндаи дастаатон чанд сухан мегуфтед?

-Айни замон дастаи мо дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон бозӣ мекунад, ки дар он даҳ дастаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок мекунанд. Ҳадафи футболбозони “Сомон” ишғол намудани яке аз зинаҳои ифтихорӣ ва ба даст овардани роҳхат ба лигаи якуми Тоҷикистон мебошад. Инчунин, имсол дастаи мо ягона дастае мебошад, ки дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон лигаи дуюми мамлакатро муаррифӣ мекунад. Дар ин мусобиқа дастаҳои лигаи якум ва лигаи олии Тоҷикистон иштирок доранд. Рақобат ба дастаҳои пурқувват дараҷаи касбии футболбозони ҷавони моро зиёд мегаронад. Ҳадафи мо дар ин мусобиқа низ бомуваффақият баромад кардан ва такмил додани дараҷаи касбии бозигаронамон аст.

-Барои сӯҳбати самимона ташаккури зиёд. Ба  Шумо ва ба “Сомон”, ки дар футболи Тоҷик падидаи нави умедворкунанда аст, барору комёбиро таманно дорем!

-Саломат бошед!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter