2-юми июн, дар бозии якуми плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Бангладеш вомехӯрад.
Бозӣ соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ин нахустин бозии расмии мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии Ҳаким Фузайлов мебошад. Командаи Ҳаким Қаюмович ба ин бозӣ дар Душанбе омодагӣ гирифта, рӯзи 26 май бо мунтахаби легионерҳои чемпионати Тоҷикистон бозии санҷишӣ-дӯстона гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи миллипӯшони футболи кишвар анҷом ёфт. Ҳаминро ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ рӯзи сешанбеи 7 июн дар Даккаи Бангладеш доир хоҳад шуд. Ғолиб аз рӯи натиҷаи 2 бозӣ маълум гашта, ба марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. ФутболvsСССР ба Ҳаким Фузайлов ва командаи ӯ дар ин бозиҳо барору комёбиро таманно намуда, бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мухлисони футболи ватаниро ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дастгирии мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват мекунад!!!
Аз СССР: Биёед бачаҳо! Аз нокомии пайиҳамии Истиқлол дар ҷоми АФК ва мунтахаби миллӣ дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-18 дилмонда нашуда, оед. Зеро агар пирӯз шавем, ҳатман ба Ҷоми Осиё меравем. Воқеан ҳам (мечтать не вредно), агар мунтахаби Тоҷикистон ба нимфиналу финали Ҷоми Осиё барояд (шайтон бо чӣ шӯхӣ намекунад?!), ҳоло умеди ба Ҷоми Ҷаҳон-2018 ба Маскав рафтанро мо дорем. Шайтон ноумед! Ва Мо Метавонем!!!
Круиф бо 23 бозигар ба Душанбе омадаст
Сармураббии мунтахаби миллии Бангладеш мутахассиси ҳоландӣ Людовик де Круиф бо 23 бозигар ба Душанбе омад. Ҳайати намояндагии дастаи меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе кормандони масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона истиқбол карданд. Давоми будубоши худ дар Тоҷикистон мунтахаби миллии Бангладеш дар меҳмонхонаи панҷситорадори “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” истиқомат карда, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ омодагӣ мегирад.
Қобили қайд аст, ки Людовик де Круиф низ ба қарибӣ сармураббии мунтахаби миллии Бангладеш таъин шуд. Бангладешиҳо дар муқоиса бо футболбозони Тоҷик омодагиро ба бозиҳои плей-офф аз аввали моҳи май оғоз карданд.
Мутахассисону коршиносон чӣ мегӯянд?
Ин ҷо назари 3 нафар мутахассисони соҳаро оиди бозии дар пешистодаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Бангладеш пешкаши шумо мегардонем.
Шариф Назаров – сармураббии “Хайр”- и Ваҳдат
Чӣ фикр дорам? Мо бояд дар бозии якум мақсадамонро, ки ҳамроҳ шудан ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 аст, амалӣ созем. Ин ҷо ягон фикру андешаи дигаре ҷой дошта наметавонад! Барои ин тамоми имкониятҳoро дорем ва онҳоро истифода карданамон зарур аст. Шахсан боварӣ дорам, ки бачаҳо ин мавзуъро дар майдони худ ва дар бозии якум мусбат ҳал мекунанд. Ба тими миллии Тоҷикистон барору комёбиро орзу дорам!
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Мураббии шистаи Тоҷикистон, собиқадори футбол
Бо вуҷуди оне, ки имрӯз дар тамоми дунё ҳама футбол бозӣ карданро ёд гирифтаанд ва дастаҳое, ки се-чор сол пеш бо мунтахаби миллии Тоҷикистон тавони рақобатро надоштанду айни ҳол бароямон рақобатпазир шудаанд, бачаҳои мо вазифадоранд, ки дар ҳар 2 бозии плей-офф ғолиб омада, умеди мухлисонро ба худ баргардонанд. Зеро пӯшида нест, ки баъд аз баромади бебарори мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 мухлисон хеле рӯҳафтодаву дилшикаста шудаанд. Шахсан боварӣ дорам, ки футболбозони Тоҷик аз иҷрои вазифаи дар пешашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Ба тими миллии Тоҷикистон барору комёбиро хоҳонам.
Хабир Давлатов-сардори КМВА “Помир” (Душанбе)
Албатта, дар ин бозӣ Тоҷикистон фаворит аст. Фикр мекунам, сатҳи бозии футболбозони Тоҷик нисбати дастаи меҳмон баландтар аст. Гузашта аз ин, мо дар хонаи худамон бозӣ мекунем ва дастгирии мухлисон ба бозигарон нерӯи нав мебахшад. Инчунин, боварӣ дорам, ки ба дастгирии мунтахаби миллии кишвар мухлисони зиёд ба варзишгоҳ меоянд. Онҳо футболи калонро пазмон шудаанд. Ба андешаи инфиродии ман футболбозони Тоҷик вазифадоранд, ки на танҳо дар хона, балки дар сафар низ ба Бангладеш ғалаба карда, ба марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ шаванд ва ҳам мавқеашонро дар раддабандии ФИФА андаке ҳам бошад, беҳтар гардонанд. Аммо, дар футбол ҳар чӣ шуданаш имкон дорад ва боз набояд фаромӯш кард, ки дар тамоми дунё имрӯз футбол бозӣ карданро ёд гирифтаанд. Ба мунтахаби миллии Тоҷикистон барору комёбиҳоро таманно дорам!
Дар якҷоягӣ қувваи бузургем!
ФутболvsСССР дар навбати худ тамоми мухлисони футболро ба варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба дастгирӣ ва ҳавохоҳии мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват мекунад. Мо боварӣ дорем, ки дар якҷоягӣ қувваи бузургем ва ба мақсади ниҳоиямон мерасем. Мо шуморо дар Варзишгоҳ интизорем!!!
Нуралӣ Хоркашев
ФутболvsСССР