Чуноне ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттиллоъ медиҳад, варзишгарони тоҷик дар 4 риштаи варзиш – варзиши сабук, бокс, дзюдо ва шиноварӣ қувваозмоӣ мекунанд. Инҳо Дилшод Назаров, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Анвар Юнусов, Кристина Пронженко, Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина мебошанд.
Ҷадвали иштирок дар мусобиқаҳои варзишгарони тоҷик бошад чунин аст:
6-16 август
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг (бокс)
10 август
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг (дзюдо)
12 август
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг (дзюдо)
11-12 август
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон (шиноварӣ)
12-13 август
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон (шиноварӣ)
15-17 август
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон (давидан)
17, 19 август
Дилшод НАЗАРОВ, (гурзандозӣ)
СССР