Дастаи собиқадорони футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми котиботи Шӯрои кории Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мақоми сеюмро касб кард.
Мусобиқаи байналмилалии футболӣ байни дастаҳои собиқадорони футболи кишварҳои СҲШ бо иштироки чор даста – Тоҷикистон, “Рубин” (Қазон), “Камаз” ва мунтахаби ИДМ иборат аз бозигарони давлатҳои Русия, Озарбойҷон ва Узбекистон аз 30 то 31 июл дар варзишгоҳи “Захираҳои меҳнатӣ”-и дар шаҳри таърихии қазони Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.
Аз рӯи натоиҷи бозиҳо собиқадорони футболи тоҷик дар ду рӯзи бозикунӣ се бозӣ гузарониданд. Дар бозии даври ифтитоҳӣ дастаи собиқадорони футболи тоҷик бар дастаи собиқадорони футболи ИДМ бо ҳисоби 3 бар 2 пирӯз шуд. Дар даври дуюм бошад, дастаи собиқадорони футболи мо аз дастаи собиқадорони “Рубин” бо ҳисоби калони 0 бар 4 шикаст хӯрд. Бозии ҷамъбастии худро бошад, дастаи собиқадорони футболи Тоҷикистон бо дастаи “КАМАЗ” мусовӣ 1 бар 1 анҷом кард.
Ба ин тартиб, дастаи мо бо чор имтиёз дар ин мусобиқа мақоми сеюмро ишғол кард. Собиқадорони “Рубин” ҷои аввал ва дастаи “КАМАЗ” мақоми дуюмро ишғол карданд.
Дар ҳайати дастаи собиқадорони футболи тоҷик дар Ҷоми СҲШ бозигарони дар гузашта маъруфе ба монанди Анваршо Мирзоев, Субҳон Хоҷамов, Миралӣ Шарипов, Сӯҳроб Ҳамидов, Хуррам Нозирӣ, Шуҷоат Неъматов, Дамир Камалетдинов ва дигарон баромад карданд.
Дар маросими мукофотонии ғолибони мусобиқа котиби иҷроияи Шӯроии кории СҲШ Сергей Канавский ва ҷонишини якуми вазири вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тотористон Халил Шайхутдинов иштирок карданд.
“ Ман боварӣ дорам, ки ин мусобиқа ба ҳукми анъана медарояд ва мо шумораи дастаҳои иштирокчиро сол то сол зиёд мегардонем. Мусобиқа, инчунин муносибати дӯстонаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро таҳким мебахшад”, - иброз намуд Каневский.
Мухбири худамон