ХАБАРИ ДОҒ

Ҷоми КФ «Истиқлол»: Аввалин чорякфиналистон маълум шуданд

  • Ҷумъа, Сен 02 2016

Дар Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол» бо ҷоизапулии 70 ҳазор сомонӣ идома дорад. Рӯзи душабеи 29-уми август чор бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии мусобиқа баргузор гардида, дар онҳо аввалин дастаҳои марҳилаи чорякниҳоӣ маълум шуданд. Аввалӣ шуда ба майдони мусобиқа дастаҳои «Динамо» - «Дилкаш» ва «Амонатбонк» - «Фурудгоҳ» баромаданд. Ба гунае, ки мо интизораш будем, дастаҳои фаворити ин ҷуфтҳо имконияташонро васеъ истифода карда ба пирӯзӣ ноил шуданд. «Динамо», ки дар ҳайати он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ баромад мекунад, дар бозии якҳаштниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 3 дастаи «Дилкаш»-ро мағлуб сохта, онро аз мусобиқа берун андохт. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ голи якумро ба дарвозаи «Дилкаш» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зад. Браво Вазир! Мо гуфтем ва боз ҳам мегӯем, ки футбол бозӣ кардани Шумо сафи милисаҳои футболбозу футболдӯстро хеле афзун кардан дорад.  Дар бозии дигар «Амонатбанк» бар «Фурудгоҳ» бо ҳисоби 5 бар 1 зафар ёфта ба марҳилаи 1\4 ниҳоӣ роҳхат гирифт. Қисми якуми ин бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар қисми дуюм бошад, банкирҳо ба дарвозаи ҳавонавардони «Фурудгоҳ» 4 голи беҷавоб заданд. 

Баъд аз анҷоми ду вохӯрии зикрашон дар боло рафта, дастаҳои «Ориёнбанк» - Суди олӣ ва «Инфосис» - «Антикоррупсия» вориди рақобат шуданд. Вохӯрӣ байни дастаҳои «Ориёнбонк» ва Суди олӣ бисёр шавқовару пуршиддат ҷараён гирифт ва интизор мерафт, ки бо ҳисоби баробари 2 бар 2 поён ёфта, мухлисони сершумор шоҳиди тамошои силсилазарбаҳои пеналти мешаванд. Аммо, дар охирин дақиқаҳои вақти асосӣ банкирҳо ба задании голи ғолибият муваффақ шуда, ба марҳилаи 1\4 ниҳоӣ баромаданд. Барандаи феълии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» дастаи «Антикорупсия» бошад, аз икониятҳои голзанияш хуб истифода намуд ва бо ҳисоби калони 10 бар 3 дастаи «Инфосис»-ро шикаст дода, соҳиби роҳхати марҳилаи 1\4 ниҳоии сабқати имсола гардид. 

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи рӯзи аввали бозиҳои якҳаштниҳоӣ ду ҷуфти марҳилаи 1\4 ниҳоӣ маъдум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа рӯзи 1-уми сентябр «Динамо» бо «Ориёнбанк» ва «Амонатбанк» бо «Антикоррупсия» вомехӯранд.

Ду ҷуфти дигари марҳилаи 1\4 ниҳоӣ дар чор бозии марҳилаи якҳаштниҳоии мусобиқа, ки бегоҳи рӯзи сешанбеи 30-юми август, доир мегарданд, маълум хоҳанд шуд. Командаи якуми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин қисмати мусобиқа бо «Гумрук» рақобат мекунад. Оғози бозӣ соати 19:00. Мавзуро дар шумораи ояндаамон пайгирӣ мекунем. 

Мухбири худамон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter