ХАБАРИ ДОҒ

X-Fit – маркази нави варзишӣ дар Душанбе

  • Ҷумъа, Авг 26 2016

Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 1 Маркази ҷадиди варзишӣ дари хешро ба рӯи варзишгарон, дӯстдорони варзиш ва мизоҷон бо номи X-Fit боз менамояд. Маркази нави варзишӣ бо ибтикори шабакаи байналмилалӣ X-Fit ва ташаббуси соҳибкори Тоҷик Мансур Остонаев қомат афрохта он аз рӯи стандартҳои муосири меъморӣ ва варзишӣ бунёд ёфта бо асбобу лавозимоти ҷадиди варзишӣ муҷаҳҳаз аст.

 

Дар Маркази X-Fit, ки дар шафати аквапарки «Делфин» ҷойгир аст, барои мизоҷон 2 толори барномаҳои гурӯҳӣ, минтақаи кардиологӣ, толори тренажер, сайкл – студия, скалодром, студияи рақсҳои шарқӣ ва йога, минтақа барои бокс ва муҳорибаҳои шарқӣ ва фитнеси кӯдакона пешниҳод гашта он ҳар рӯз аз соати 7-и субҳ то соати 24 шаб фаъолият хоҳад кард. Дар маркази мазкур 2 ҳавзи шиноварӣ, яке барои варзишгарони ҳирфаиву аквааэробика ва дигаре махсуси занон қарор дошта занҳо метавонанд дар алоҳидагӣ аз мардон машқу тамрин ва шиноварӣ намоянд.

Чуноне ки зимни сӯҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Мансур Остонаев, муассиси ин Маркази варзишӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҳамто надорад, гуфт, маъмурияти марказ барои кӯдакон шароити хеле ҳам хуберо фароҳам овардааст ва ҳар падар ё модаре, ки нияти машқу тамрин дорад, метавонад фарзанди хешро дар бахши кӯдакистони марказ гузорад. 

Айни замон Маркази варзишии X-Fit ба қабули нахустин мизоҷони хеш омодагӣ мегирад ва фаъолияти хешро ба таври пурра расо 40 рӯз баъд оғоз хоҳад кард.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter