ХАБАРИ ДОҒ

Ҷоми Сӯҳроб Қосимов дар Норак

  • Панҷшанбе, Окт 20 2016

 

Соли дуюм аст, ки аз ҷониби клуби футболи “Барқ” бахшида ба гиромидошти хотираи Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон - Сӯҳроб Қосимов бо иштироки дастаҳои футболи ғайрикасбӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Сӯҳроб Қосимов муддати бештар аз даҳ сол (2002-2012) Федератсияи футболи Тоҷикистонро роҳбарӣ дошт. Коршиносони соҳа ба давраи раҳбарии генерали марҳум (Худованд раҳматашон кунанд), назари нек доранд. Саҳми ӯро дар ҷорӣ намудани тартибу интизом дар футболи замони қумандонсолории тоҷик бесобиқа мешуморанд. Қобили қайд аст, ки дар ин давра, дастаҳои мунтахаб ва тими миллии Тоҷикистон низ дар мусобиқаҳои сатҳи мухталифи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани чанд дастоварди назаррас  ҳам ноил шудаанд.  Дар Осиё мақоми севумро ишғол карда, ба Ҷоми ҷаҳон-2007 байни наврасон роҳхат гирифтани мунтахаби зери 17 солаи Тоҷикистон аз баландтарин дастовардҳои футболи тоҷик дар давраи роҳбарии Сӯҳроб Қосимов шуморида мешавад. Даста дар Ҷоми ҷаҳон байни наврасон дар Куриёи Ҷанубӣ иштирок карда,  шарафи футболи миллиро сарбаландона ҳимоя намуд ва то ҳанӯз байни аудиторияи калони футболи ватанӣ мухлисону ҳаводорони худро дорад. Ба ин тартиб, барои саҳми арзанда гузоштанашон дар рушду инкишофи футболи тоҷик, Сӯҳроб Қосимов 5-уми январи соли 2012 дар Конференсияи ҳисоботӣ интихобии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки  дар меҳмонхонаи “Хаятт Реҷенси Душанбе” доир гардид, аз ҷониби Президенти тозаинтихоби Федератсия Рустами Эмомалӣ - Президенти фахрии Федератсияи футболи Тоҷикистон эълон шуд.

 Ҳадафҳои мусобиқа

Ташкилу баргузории мусобиқаҳо дар кишвар ҳадафу вазифаҳои мушаххаси худро доранд. Низомномаи баргузории мусобиқаи имсолаи Ҷоми гиромидошти хотираи Сӯҳроб Қосимов бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа шуда, дар шаҳри Норак доир мегардад. Дар мусобиқа дастаҳои футболи гуногуни ғайрикасбии шаҳрҳои Душанбе, Норак, Ваҳдат   ва ноҳияҳои Ёвону Данғара иштирок мекунанд. Ҳадафҳои аслии мусобиқа – рушду инкишофи футбол байни ҷавонону наврасон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавияти футбол, дарёфти истеъдодҳои болаёқат, пешгирии онҳо аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷалби мунтаззами онҳо ба бозии футбол,  дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон ва инчунин таъмини фароғати хуби сокинони шаҳр арзёбӣ мешавад.

Дар шумораи баъдиямон оиди рафти ин мусобиқа ва дастаҳои иштирокчии он матлаби муфассалтаре таҳия хоҳем кард.

Мо Метавонем!

 

           ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter