Саҳнаи чемпионӣ
Толоре, ки дар он Ҷоми чемпионӣ ба “Истиқлол” супорида шуд, муносиби ин унвон оро ёфта, саҳнаро ҷоизаҳое зиннат медоданд, ки дастаи пойтахт онҳоро давоми фаъолияти начандон тӯлонии худ соҳиб шуда буд. Курсиҳо хеле батартиб гирди мизҳои мудаввари даҳкасӣ гузошта шуда, рӯи ҳар миз дар мобайн манқале меистод. Ин манқалҳо шабеҳи бозигаре буданд, ки болои сар тӯби футболро дошт ва тӯб ҳар лаҳза тағийри ранг карда мечархид ва дар назари бинанда хеле ҳам шавқангез буд. Ҳайати хизматрасони клуб меҳмононро шодбошу хайрамақдам гуфта, ҷобаҷо мекараднд. Табъи онҳо хеле ҳам болида буд. Охир, имрӯз “Истиқлол” панҷумин чемпионии худро дар соле ҷашн мегирад, ки дар ин сол мардуми шарифи Тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Ватанро таҷлил кард. “Истиқлол” - нахли ҷавони замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз синаш ба даҳсолагӣ нарасида, самар овардаву дар арсаи байналмилалӣ масъулияти гарон ва бори вазнини футболи миллиро бар дӯши худ гирифта, дар мушкилтарин рақобатҳо шарафи футболи Тоҷикро ҳифз мекунад. Моро сардори дафтари матбуоти клуб, ҷавони зебочеҳра вале хеле ҳам ҷиддӣ - Рустам Ҳакимов пешвоз гирифт. Агарчӣ бо забони русӣ менависад, шахсан барои инҷониб, Рустам Ҳакимов яке аз беҳтарин ва сермаҳсултарин рӯзноманигорони варзишии Тоҷик аст. Навиштаҳояш зиёд хонданиянд ва онҳоро бисёр сомонаҳои дигари иҷтимоиву варзишӣ васеъ истифода мекунанд.
Чемпиони бе забон (-и Тоҷикӣ)
Ягона камбудӣ, ки дар ин самт дар “Истиқлол” аст, адами бахши Тоҷикӣ дар сомонаи расмии клуб мебошад. Боварӣ дорем, сар аз соли нав ва оғози мавсими нави футбол ин мавзу роҳандозӣ мешавад. “Истиқлол” барин клубе, ки аз нигоҳи инфиродии мо - шиносномаи футболи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ҳатман бояд бо забони давлатӣ сомона дошта бошад!!! Надоштани сомона ба забони давлатӣ, барои “Истиқлол” барин клуби пешрафта ғайри қобили тасаввур аст!!! Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба Миллат аст! Мо медонем, ки чӣ мегӯем!!! Мо Метавонем!
Ҷоизаҳои чемпионӣ
Дар саҳнаи калон, ки онро акси пурраи ҳайати асосии “Истиқлол” зиннат мебахшид, ҷоизаҳои бадастовардаи клуб дар давраи таърихи бошгоҳияш паҳлӯи ҳам гузошта шуда буданд. Ҳар кас ҳавас мекард, ки ба қавли Рустам Ҳакимови сардори дафтари матбуоти клуби пойтахт бо ин “урожай” расм бигирад. Аз Ҷоми Федератсия сар карда, то Суперҷому Ҷоми Баҳористон ва Ҷоми милливу Ҷоми чемпионӣ, мувофиқи андоза ва вазну арзишашон батартиб саф кашида, саҳнаи оншабаи меҳмонсарои панҷисторадори “Ҳаятт Реҷенси Душанберо” бисёр зебо карда нишон медоданд. Бовуҷуди сифати баланди Ҷомҳои чемпионии мусобиқаҳои дохилӣ, ҷоизаи иштироки “Истиқлол” дар бозии ниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё – 2015 даррав ба чашми бинанда меафтод. Охир, ин ҷоиза хеле ва хеле арзиши баландро дорад. Ба кам дастаҳое муяссар мешавад, ки дар соли дебютантияшон дар чунин мусобиқа ба финал бароянд. Футболбозони “Истиқлол” бошанд, дар натиҷаи меҳнати тоқатфарсову мушкил ва аз ҳама муҳимаш содиқ буданашон ба пешаи худ ба ин муваффақият роҳ ёфтанд.
Мақсад - Тоҷикистон овардани Ҷоми АФК
Дар таҷлили ҷашни панҷумин чемпионии “Истиқлол” меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар хеле зиёд ҳузур доштанд. Чеҳраҳои шинохтаи футболи ватанӣ - Муҳсин Муҳаммадиев, Игор Черевченко, Ҳаким Фузайлов, Виталий Левченко ва чанд каси дигар аз меҳмонони фахрии маҳфили оншаба буданд. Сарпарастон, ҳамроҳон, кормандони ВАО, дар маҷму ҳамаи онҳое, ки дар муваффақияти “Истиқлол” заррае саҳм доштанд, аз назари мизбонони маҳфил берун намонда, ба маҳфили ҷашнӣ даъват шуданд. Мусиқинавозони чиррадаст бо навои дилкаши худ фазои ҷашниро ҷашнитар мекарданд. Барандаи маҳфил, корманди ТВ “Варзиш” Бобоҷон Тағоев баъди ифтитоҳи маҳфил, аввалсуханро ба Президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода дод. Саидзода баъд аз хайрамақдаму шодбоши меҳмонон аҳли дастаро ба панҷумин унвони чемпионӣ табрик гуфта, иброз доштанд, ки ҳадафи асосии “Истиқлол” - ба Тоҷикистон овардани Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё мебошад ва клуби футболи пойтахт барои амалӣ намудани ин ҳадафи худ пайваста кӯшиш мекунад. Дар соли аввали баромади худ дар ин мусобиқа “Истиқлол” то ба бозии финалӣ расид. Соли дуюм агарчӣ баромади даста бебаророна сурат гирифт, вале таҷриба андӯхту пухтатар шуд. ФутболvsСССР ба Саидзодаву клуби футболи ӯ боварӣ дорад. Боварӣ дорад, ки “Истиқлол” як рӯз не як рӯз ҳатман Ҷоми АФКро ба Душанбе меорад!!!
Таассуроти хуб
Фикр мекунам тамоми иштирокчиёну меҳмонони маҳфили ҷашнии “Истиқлол” аз рафти ин чорабинӣ таасуроти хуб бардоштанд. Ҷому медалҳои чемпиониро ба ҳайати ҷавонон ва ҳайати асосии даста сарпарастони “Истиқлол” тақдим карданд. Мо сад бор гуфтему боз ҳам таъкид мекунем, ки дигар клубҳои футболи Тоҷик, ки даъвоии чемпиониву қаҳрамонӣ доранд, бояд роҳандозии менеҷменти муосири футболиро аз Клуби Саидзода омӯзанд. Кас аз чеҳраи зиёд болидаи намояндагони ширкатҳои сарпарасту ҳамроҳи “Истиқлол”, ки барои супоридани ҷоизаҳо ба чемпион болои саҳна даъват мешуданд дармеёфт, ки онҳо низ аз натиҷаи ҳамкории судманди дуҷонибаашон бо клуби футболи пойтахт қаноатманду хушнуданд. Гузашта аз ин, президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода ба ҳамаи он ширкату корхона ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ин дастоварди Клуб саҳми худро гузоштанд, ҳамчун рамзи миннатдориву эҳтиром СИПОСНОМАҳои вежа ва як ададӣ тӯб бо соядасти аҳли бошгоҳ тақдим сохт. Ин ҷо низ боварӣ дорем, ки баъди чунин ранг гирифтани кор ҳамкории судманди дуҷонибаи сарпарастону ҳамроҳон бо “Истиқлол” идома меёбад. Зеро сарпаратон низ боварӣ ҳосил мекунанд, ки бо шахсони ҷиддӣ ва касбӣ сару кор доранд ва ин ҳамкорӣ бояд ҳатман давомноку судманд бошад.
Таманниёти ФутболvsCCCР
Дар анҷоми сухан аз номи аудиторияи калони мухлисони футболи ватанӣ “Истиқлол”-ро ба панҷумин унвони чемпионияш самимона муборакбод мегӯем. Таманнои онро дорем, ки тамоми орзуҳои неки Саидзода ва Клуби футболи ӯ ҷомаи амал пӯшанд. Мавсими соли оянда “Истиқлол” даҳсолагии фаъолияти худро таҷлил мекунад. Худо кунад, ки дар ин соли ҷашнӣ ҳадафи клуби футболи пойтахт амалӣ шаваду Ҷоми АФКро ба Душанбе биёрад. Бори дигар ба “Истиқлол” барору комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои нави варзиширо таманно мекунем!!!
Нуралӣ Хоркашев
Махсус барои ФутболvsСССР