Чаро 40-солагии «Хуҷанд» таҷлил нашуд?
Таърихи бошгоҳи футболи соҳили Сирдарёи Тоҷикро варақгардон мекунему маълумамон мешавад, ки «Хуҷанд» имсол ба сини мубораки пайғомбарии 63 расид. Ин рақам барои ҳар яки мову шумо, ки дар дини мубини Ислом ҳастем хеле муқаддасу табаррук аст! Сабабашро шарҳ намедиҳем. Ақли солим онро худаш дарк мекунад. Фақат аз таърихномаи «Хуҷанд» чанд сатреро пешкаши шумо азизон мегардонему халос:
Хуҷанд (бошгоҳи футбол)
Соли 1953 ташкил шудаст.
Варзишгоҳи хонагии даста – (Варзишгоҳи 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон)
Ғунҷоишаш - 20 ҳазор ҷои нишаст дорад
Дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад мекунад
Хуҷанд-Падари футболи Тоҷик аст!!!
Ба ин тартиб, бори дигар боварӣ ҳосил мекунӣ, ки футболи Тоҷикро сарчашмааш ҳамин бошгоҳи футболи соҳили Сирдарёст. Дар давлатҳои футболашон пешрафтаи дунё ба клубҳое, ки ифодакунандаи таърихи футболи миллӣ ҳастанд, муносибати вежа доранд. Онҳоро ҳамагӣ арҷгузорӣ мекунанд. Маъмулист, ки мухлисонашон низ дар нисбати дигар клубҳо бештар ҳастанд. Зеро давраи фаъолияташон тӯлонитар аст. «Хуҷанд»-и имрӯзаи мо низ таърихи бештар дорад. Даста соли 1953 бо номи «Горняк» созмон ёфта, соли 1955 - «Металлург», соли 1958 - «Помир» ва соли 1976 номи «ХУҶАНД»-ро гирифт. Ҳамин тавр, аз 23 соли горнякиву металлургиву помирии «Хуҷанд» сарфи назар карда, ҳанӯз аз оғози мавсими имсолаи футбол, газетаи мардумии мо дар матлабҳои вежаи худ аз роҳбарияти «Хуҷанд» ва масъулини футболи вилояти Суғд дархост намуд, ки дар соли таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз, ҷашни 40 солагии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-ро низ таҷлил кунанд. Ҳадди ақал ба хотири мухлисони даста. Аммо, сад афсӯс, ки матлабҳои хусусияти ватандӯстиву ватанхоҳӣ доштаи мо барои дастандаркорони футболи вилояти пешрафтаи Суғд дар ях навиштаву дар офтоб гузошта шуданд.
Раису ҳоҷие, ки Хуҷандро шикастанд
Гузашта аз ин, масъулону дастандаркорони футболи вилоят кореро ки дар соли 40 солагии «Хуҷанд» нисбати даста анҷом карданд, дар 63 соли фаъолияти горнякиву металлургиву помириву хуҷандии «Хуҷанд» касе нисбати ин бошгоҳи футболи миллӣ накарда буд. Ҳамту гирифтанду барҳамаш заданд. Сармураббиву мураббии калон ва чанд бозигари калидии дастаро, ки зодагони дигар манотиқи ҷумҳурӣ буданд «легионер» ном карда, аз «Хуҷанд» ронданд. Маълумотҳо ҷо доранд, ки дар саргаҳи ин идеяи легионеркунии мураббиёну футболбозони зодаи дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон масъули молияи Ҳукумати вилоят Анвар Яъқубӣ ва директории онвақтаи клуб Ҳочӣ Акбар меистоданд. Инҷониб, шахсан бар он назар ҳастам, ки ҳам раиси Яъқубиву ҳам Ҳоҷии директори собиқи «Хуҷанд» аз футбол бӯе намебурданд. Агар заррае аз футбол бохабар мешуданд ва ҳам нисбати «Хуҷанд» ва мухлисонаш эҳтиром медоштанд, дастаро ба ин ҳоле, ки имрӯз дорад, гирифтор намекарданд. «Хуҷанд» дар соли ҷашни (63) 40 солагии худ аз аутсайдерҳои чемпионати имсолаи Тоҷикистон шуд.
Дастовардҳои «Хуҷанд»
«Хуҷанд» аз замони таъсисёбияш (1953) дар лигаи дуюми чемпионати СССР баромад кардаст. Дар ин мусобиқа натиҷаҳои калонро ба даст наоварда бошад ҳам, аммо вазифаи асосии худро, ки тайёр кардани бозигарони болаёқат барои дастаи асосии ҷумҳурӣ «Помир»-и Душанбе буд, иҷро мекард. Дар ин давра дастпарварони мактаби футболи «Хуҷанд» дар ҳайати тими миллӣ, дастаҳои наврасону ҷавонон ва бошгоҳҳои футболи ватанӣ шарафи футболи миллиро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намуда, имрӯз низ идома дода истодаанд. Дар мусобиқаи дар боло зикршуда «Хуҷанд» солҳои 1983 ва 1986 мақоми 8-ум, соли 1990 дар байни 20 даста мақоми 6-ум ва соли 1991 дар байни 26 даста ҷои сеюмро ишғол кардаст. Бо барҳамрезии СССР сар аз соли 1992 «Хуҷанд» дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баромад мекунад.
Хуҷанд дар Лигаи Олии ҶТ
Дар чемпионати Тоҷикистон «Хуҷанд» чор маротиба – солҳои 1998, 2002, 2003, 2015 барандаи медалҳои нуқра, панҷ маротиба – солҳои 1996, 1997, 2000, 2008, 2009 барандаи медалҳои биринҷӣ шудааст, се маротиба – солҳои 1998, 2002, 2008 Ҷоми Тоҷикистонро соҳӣб шуда, ду маротиба – солҳои 1997, 2010 ба бозии финали Ҷоми миллӣ роҳ ёфтаст. Имсол бошад, дар соли ҷашнии (63) 40 солагии худ ва дар соли таҷлили муқаддастарин Иди миллӣ - 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дастаи номдори соҳили Сирдарё дар байни 10 даста мақоми ҳафтумро ишғол намуд. Дар ҳаждаҳ бозӣ 25 имтиёзро соҳиб шуд. Худатон қиёс кунед! Охир, барои дастае, ки дар чемпионати миллӣ яке аз пешрафтатарин вилоятҳои саноатии кишварро муаррифӣ мекунад, ҷои ҳафтум муносиб аст?! Неъ, неъ ва боз ҳам неъ!!! Нагӯед, ки дигар бошгоҳҳои футболи ватанӣ қавӣ шуданд. Айб дар он аст, ки коргузории дохилии «Хуҷанд» бо айби ду се нафар футболбехабар, ки болотар номбарашон кардем, заиф гашт. Фаромӯш насозед, ки теша бар решаи «Хуҷанд» задани шумо, табарзин бар решаи футболи миллӣ задан аст. Табарзинеро, ки Темурмалики шуҷои хуҷандӣ бо он занҷиру садди муғулҳои истилогарро пора мекард, чанд нафари ноогоҳ бар решаи футболи ин шаҳри бостонии Тоҷикистон задан доранд.
Наҷоти «Хуҷанд» аз нигоҳи ФутболvsCCCР
Бо он ҳама эҳтироме, ки ба ҳайати роҳбарикунанда, ситоди мураббиён ва бозигарони имрӯзаи дастаи «Хуҷанд» дорем, боз ҳам бар он боварем, ки онҳо аз уҳдаи наҷот додану комил кардани даста на-ме-ба-ро-янд. Пас бояд коре кард, ки шарафу шаҳомати қаблӣ ба «Хуҷанд» баргардад. Газетаи мо дар ин мавзуъ версияи худро дорад, ки онро бо камоли сипосгузорӣ барои санҷишу баррасӣ пешкаши дастандаркорони футболи вилояти Суғд мегардонем. Агар ба футболи вилоят эҳтирому муҳаббат дошта бошанд, версияи моро дуруст таҳил месозанд ва натиҷаашро Худо хоҳад, соли оянда мебинанд:
1. Нуъмон Юсупови сармураббӣ ва ёвари ӯ Қаноат Латиповро ба «Хуҷанд» баргардонед. Нуъмон дар «Хуҷанд» «наметавонистагӣ» имсол «Истиқлол»-ро ба унвони чемпионӣ расонд. Дигар қазоват аз худи Шумост.
2. Ба онҳо имкон диҳед, ки ҳадди ақал панҷ нафар бозигарро аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба ҳайати «Хуҷанд» шомил гардонанд. Дар футболи муосир бе ин намешавад. Агар мешуд, клубҳои пешрафтаи дунё миллион-миллион доллару евро дода Мессиву Роналдову Погбаю Суаресс намехариданд.
3. Ҷавони хеле ҳам бонангу номуси хуҷандӣ - Рустами Раҳматуллоро директори иҷроияи бошгоҳи футболи «Хуҷанд» таъин кунед. Ӯро шахсан намешиносем, аммо медонем, ки менеҷменти футболи муосирро хеле хуб медонад. Андешаҳои ватанпарастиву меҳаншиносӣ дорад. Футболро дӯст медорад. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ дорад. Бо мухлисон кор карда метавонад. Бо роҳандозӣ намудани менеҷменти муосири футбол роҳи ба даста ҷалб намудани сарпарастонро медонад. Дар маҷмуъ, тавони аз бӯҳрон раҳонидани «Хуҷанд»-ро дорад.
Раиси вилоят-раиси ФФ низ ҳас...
Дар бораи маблағгузориву сарпарастии «Хуҷанд» бошад, чизе намегӯем. Зеро хуб огоҳем, ки Раиси муҳтарами вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи футболи вилоят ҳастанд, «Хуҷанд»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Фақат маблағҳои ҷудошударо мақсадноку сарфакорона истифода бояд кард!!!
Ба ин тартиб, ФутболvsСССР, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ҳамеша дар паи беҳдошти футболи ватанӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд, роҳи эҳё ва наҷоти футболро дар “Хуҷанд” аз назари худ баён сохт. Биёед масъулини футболи Суғд ин пешниҳоди моро хуб таҳлил кунед ва агар қобили қабулатон бошад, онро амалӣ созед. Натиҷаашро соли оянда ҳатман мебинед!!! Боқӣ муваффақ бошед!!! Мо Метавонем!
Нуралӣ Хоркашев
махсус барои ФутболvsСССР