Федератсияи футболи Тоҷикистон ба самъи мухлисони ин бозӣ мерасонад, ки рӯзи 4 ноябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2017 байни дастаҳои футболи “Истиқлол” (Душанбе, Тоҷикистон) – “Эйр Форс” (Ироқ) баргузор мегардад.
Дастаи Ироқ дорандаи феълии Ҷоми AFC мебошад. Барои "Истиқлол" бошад ин финал дар 3 соли баромадаш дар Ҷоми AFC дувумин маҳсуб меёбад. Соли аввал (2015), ки чемпиони Тоҷикистон барои бори аввал дар ин мусобиқа иштирок намуд, бозии финалиро дар Душанбе бо ҳисоби 1:0 муқобили "Ҷаҳор Дорул Такзим" (Малайзия) бохт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагиро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилу баргузор намудани ин бозӣ аллакай шурӯъ кардааст. Клуби «Истиқлол» бошад тасмим гирифтааст барои мухлисони хеш, ки мехоҳанд ин бозии финалиро тамошо намоянд, автобусҳои ройгон ташкил намояд. Автобусҳо аз 3 нуқтаи пойтахт- Маркази савдои «Садбарг», «Қасри теннис» ва истгоҳи назди бозори «Саховат» мухлисонро то ба варзишгоҳи шаҳри Ҳисор хоҳанд бурд.
СССР