ХАБАРИ ДОҒ

Нокомиҳои бузургу ғайриинтизори “Челси” ва “Реал”

  • Панҷшанбе, Нояб 02 2017


ба плей-офф роҳхат гирифтани “ПСЖ” ва “Бавария”, мусовии чанде аз довталабони мавсим дар шарҳи даври ЛЧ

Гурӯҳи А
2 бозии аввали ҷавонтарин дарвозабони таърихи Лигаи Чемпионҳо барояш на он қадар бобарор буд, чунки дастаи ӯро мебоист аз “Манчестер Юнайтед” хол гирад ва ин вақтҳои охир на барои ҳама даст медиҳад. Баъди бохти минималӣ дар Лиссабон “Бенфика” умеди дар “Олд Траффорд” ба даст овардани 3 имтиёзро дошт, вале якто ҳам ба даст наовард. Манчестериҳо ба осонӣ ҳам набошад, вале 2:0 дастаи португалиро мағлуб намуданд ва бо 12 хол дар мақоми аввали гурӯҳ ҷойгиранд, аммо “Бенфика” бо 0 имтиёз мақоми охиринро касб кардааст.
Дар бозии дигари гурӯҳ бисёриҳо интизор буданд, ки клуби “Базел”-и Швейтсария “ССКА”-и Маскавро бо ҳисоби калон мешиканад, вале баръакси ин интизориҳо маскавиҳо соҳибони майдонро бо ҳисоби 2:1 ба бохт рӯ ба рӯ сохтанд. Акнун ин 2 даста бо 6-холӣ ҷойҳои 2 ва 3-ро соҳибанд.

Гурӯҳи В
Дастаи “ПСЖ”, ки лидери гурӯҳ аст, вақтҳои охир зиёд мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта ва албатта, маълум аст барои чӣ. Пеш аз бозӣ бо “Андерлехт” хабарҳое рӯ зад, ки Мбаппеи ҷавон бо сабабҳои номаълум (баъзеҳо Неймарро гунаҳкор медонанд) ба ҳайати бозикунони давр шомил намешавад, лек хилофи ин гуфтаҳо сегонаи МСN ба расонаҳо таваҷҷуҳ накарда, бозиҳои хуб нишон дода, боиси мағлубияти дандоншикани “Андерлехт” бо ҳисоби 5:0 шуданд, албатта аз ин сегона танҳо Неймар гол зад, вале бозии ҷолиби ҳарсеи онҳоро касе инкор намекунад.
Баъди барканор шудани Карло Анчелоттӣ “Бавария” бо роҳбарии муваққатии Хайнкес ғолибиятҳоро пайдарпай ҷашн гирифта истодааст. Дар бозӣ бо “Селтик” мюнхениҳо мушкили ҷиддӣ бо ҳайат доштанд, чунки Левандовски ва Мюллер бо сабаби ҷароҳат доштан ба дастаашон кӯмак карда наметавонистанд. Аммо сармураббӣ ба дигар футболбозони ҷавон бовар кард ва онҳо низ боварии ӯро сазовор шуда, 2:1 ҳарифро мағлуб сохтанд. Баъди ин давр 2 дастаи асосии гурӯҳ-“ПСЖ” ва “Бавария” ба даври плей-офф роҳхат гирифтанд ва 2 дастаи дигар барои ҷои 3 ва иштирок дар Лигаи Аврупо кӯшиш мекунанд.

Гурӯҳи С
Набудани Канте 2 ҳафта пеш барои “Челсӣ” сахт эҳсос шуда буд. Дар он бозӣ мо бозии кушодаи дастаҳо ва 6 голро шоҳид шуда будем. Дар бозии навбатӣ низ ҳама интизори голҳои зиёд буданд, вале “Рома” танҳо худаш гол зад ва ғалабаи бузурги дастаи худро бо ҳисоби 3:0 таъмин намуд. Ин ҷо 2 чизро қайд кардан мумкин аст, ки бе онҳо ҳисоби бозӣ тамоман дигар мешуд: аввал бозии ҷолиб ва наҷотдиҳии чандинкаратаи дарвозабонҳои ҳар 2 даста; дуюм, бозигузории номувофиқ ба имиҷи чемпионҳои Англия аз тарафи ҳомиёни даста. Ба ҳар ҳол 3:0.
Бошгоҳи “Қарабоғ”-и Озарбойҷон дар бозии хонаи худ Диего Симеонеро ҳайрон карда буд, чунки ин даста бо тими дар 4 соли охир 2 маротиба иштирокчии даври ниҳоии Лигаи Чемпионҳо баробар бозӣ карда, мусовӣ намуд. Коршиносон бар он назар буданд, ки дар Мадрид барои дастаи озарӣ ягон имтиёзе даст нахоҳад дод. Аммо боз ҳам онҳо бозии сазовор нишон дода, бо “Атлетико Мадрид” мусовӣ намуданд. Ҳисоб 1:0. Аҷиб, лекин ҳақиқат аст!

Гурӯҳи D
Сармураббии собиқи “Олимпиакос” Эрнесто Валверде боз ба Юнон омад. Вале ин бор бо “Барселона” ва кӯшиши аз инҷо бурдани 3 имтиёзро кард. Новобаста ба ин хоҳиши ӯву талошҳои Мессӣ каталониҳо дарвозаи мизбононро шикаста натавонистанд. Албатта, “Олимпиакос” ҳам голе назад, лек 1 хол дар бозӣ бо “Барселона” барои онҳо боиси хурсандӣ буд.
Бозии дигари Гурӯҳи D миёни дастаҳои “Спортинг”-и Португалия ва “Ювентус” буд. Пеш аз бозӣ сармураббии лиссабониҳо гуфта буд: “Мо Метавонем ғолиб оем. Ба қувваи худамон бовар дорем”. Воқеан мизбонон дар қисми аввали вохӯрӣ бозиҳои сазовор анҷом дода, 1 гол ҳам заданд. Аммо дар қисмати дуюм бозӣ ранги дигар гирифт. Шояд Аллегрӣ ҳангоми танаффус гӯши бозигаронашро “хуб тоб додааст”? Ба ҳар ҳол, туриниҳо баъди задани силсилаи зарбаҳо голе ба ҳадаф расониданд ва инро, албатта, Игуаин иҷро кард.

Гурӯҳи E
“Ливерпул” дар даври гузашта “Маррибор”-ро дар хонааш голборон кард. Модоме, ливерпулиҳо дар меҳмонӣ 7 гол заданд, касе шубҳа надошт, ки онҳо дар “Энфилд” ин шумораро зиёд мекунанду кам не. Лекин Юрген Клопп дар ин бозӣ шогирдонашро ба эҳтиёт ва кам қувва сарф кардан роҳнамун сохт. Ҳамин тавр ҳам шуд: қисмати аввали бозӣ бегол, қисмати дуввум бошад, 3 голи соҳибони майдонро нишон дод.
“Спартак Маскав” дар бозии даври қаблӣ “Севиля”-и Испанияро бо ҳисоби бузурги 5:1 мағлуб намуда буд. Испаниҳо нияти ба ҳамин монанд ҳисоб мағлуб кардани маскавиҳоро доштанд. Албатта, ин қадар ҳам не, вале 2:1 ғолиб шуданд.

Гурӯҳи Ғ
Пеш аз вохӯрии Неаполиаш бо “Манчестер Ситӣ” сармураббии “Наполӣ” Маурисио Саррӣ гуфта буд, ки шогирдони Гвардиола дар 20 дақиқаи ҳамаи бозиҳояшон зиёд хатарноканд ва агар ин хавфи онҳо паси сар шавад, дигараш хуб мешавад. Дар ҳақиқат, 20 дақиқаи аввал манчестериҳо ба натиҷае ноил нашуданд ва дар дақиқаи 21 ҳисоб аз ҷониби мизбонон кушода шуд. “МС” бо усули дигар 2 гол ба самар расонид, соҳибони майдон 1 голи дигар заданд ва... албатта, боз шогирдони Пеп хомӯш наистода, 2 голи дигарро зада, ғалабаи комили худро таъмин намуданд. Ҳисоби бозӣ 2:4.
Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои “Шахтёр” ва “Фейеноорд” дар Харков барпо шуд ва новобаста ба мушкилиҳои украиниҳо бо ҳайаташон, онҳо ҳолландиҳоро бо шумори 3:1 ба шикаст рӯ ба рӯ карданд.

Гурӯҳи G
Ба қавли коршиносон ин гурӯҳ аз ҳама пешгӯинашаванда буд. Ин фикри онҳо бараъло ба назар мерасад, агар ба ҳолати ҳозираи дастаҳо дар гурӯҳ таваҷҷуҳ кунем. Масалан, кӣ фикр мекард, ки баъди 4 бозӣ дастаи “Бешиктош”-и Туркия бо гирифтани 10 хол дар ҷои аввал қарор мегирад? Иштирокчии даври ниманиҳоии мавсими гузаштаи ЛЧ ва қаҳрамони феълии Фаронса “Монако” дар ин давр бояд ба чӣ қимате, ки набошад, ба ҳарифи туркии худ дар Туркия ғолиб мешуд, дар ҳоле, ки футболбози калидӣ ва капитани онҳо Фалкао дар ин бозӣ ширкат намекард. Албатта, онҳо кӯшиши зиёди ғолиб шудан дар ин дидорро карданд, лек кифоя набуд. Ба 1 голи задаи онҳо туркҳо ҷавоб дода, бозиро мусовӣ карданд. Монегаскҳо бо касби 2 имтиёз дар зинаи охир қарор доранд. Дар вохӯрии дигари гурӯҳ, ки “Порту” “Лейпсиг”-ро дар майдони худ қабул намуд, дарвозабон-легендаи испанӣ Касиляс дар ҳайати асосӣ қарор нагирифта, дар ҳайати эҳтиётӣ қарор гирифт. Ин бозиро португалиҳо бо ҳисоби 3:1 ба нафъи худ анҷом доданд.

Гурӯҳи Н
Яке аз бозиҳои асосии ин даври Лигаи Чемпионҳо дар варзишгоҳи овозадори “Уэмблӣ”-и Лондон миёни дастаҳои “Тоттенхэм” ва “Реал Мадрид” баргузор шуд. Дар ин бозӣ ба ҳайати мизбонон ҳамлавари асосии даста-Кейн, ки ҷароҳат дошт ва Деле Аллӣ, ки дар 4 бозӣ ба майдон баромадан барояш манъ буд, баргаштанд. Бо ин ҳама, ҳайати соҳибони майдон дар назди ҳайати ситоравии “Дастаи шоҳона” кам диққатро ҷалб мекард, вале дар амал мизбонон нишон доданд, ки на ҳамеша ситора будан бар доштани эҳсосоти бештари ғолиб шудан бартарӣ дорад. Онҳо тавонистанд, мадридиҳо ба худ наомада 3 гол бизананд. Роналду ва ҳамдастагонаш зиёд кӯшиданд, ки рафти бозиро тағйир диҳанд ва то ҷое муваффақ ҳам шуданд, вале задани 3 гол ба онҳо даст надод. Криштиану голи навбатиро дар ЛЧ ҷашн гирифт, аммо “Реал” “шаттаи обдоре” аз лондониҳо хӯрд.
“Боруссия”-и Дортмунд бо якравии сармураббиаш Петер Бош наздик ба афтидан аз марҳилаи гурӯҳӣ аст. Ӯ бори дигар дар бозӣ бо “АПОЭЛ” барои дастааш бештар аз 1 хол оварда натавонист. Ин бозӣ тақдири ӯро дар “Боруссия” боз ҳам норӯшан сохт ва ба эҳтимоли зиёд бозии ояндааш бо “Бавария” охирин дар Дортмунд бошад. Ҳамин тариқ, “Тоттенхэм” дар гурӯҳ (айни ҳол) дар ҷои 1, “Реал” дар ҷои 2 ва “Боруссияву” “АПОЭЛ” дар мақомҳои 3-ву 4 қарор доранд.

Маҳмадшариф Муродов,
донишҷӯи курси 4-и факултети журналистикаи ДМТ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter