Маъруфтарин чеҳраи футболи афғон, сармураббии мунтахаби миллӣ ва ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Афғонистон, устод Муҳаммад Юсуф Коргар бо сафари расмии корӣ ба Душанбе омад. Юсуф Коргар аз Тоҷикони вилояти Кобули Афғонистон аст. Муддати зиёдест, ки тими миллии футболи ин кишварро ба ҳайси сармураббӣ роҳбарӣ мекунад. Дар собиқ бозигар ва ё ба гуфти худи устод плеяри мунтахаби миллии кишвараш буд. Чун собиқаи плеярияшро анҷом кард, шомили сарситоди мураббиёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон шуд. Он вақт тими аввали футболи Афғонистонро мутахассиси олмонӣ Клоус Штирк роҳбарӣ мекард. Муҳаммад Юсуф таҷруба андӯхту комил шуд, ба ҳадде ки дастандаркорони футболи ҳамсоякишвари дӯсту бародари мо, тими миллии футболашонро ба ӯ бовар карданд. Ва муддатҳост, ки устод Коргар командаи рақами 1-и ин кишварро роҳбарӣ мекунад. Новобаста ба оне ки солҳои охир чанд нафар мутахассисони олмонӣ ӯро дар ин симат иваз карданд, Муҳаммад Юсуф миёни мардуми афғон ҳамчун чеҳраи намоёни футбол соҳибэҳтиром аст! Ҳамагӣ устодаш хитоб мекунанду иззаташ мегузоранд! Зери роҳбарии устод Коргар мунтахаби миллии футболи Афғонистон дар сабқатҳои бузурги байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои намоёнро низ чирра шудааст. Дар чемпионати Осиёи Ҷанубӣ мақоми аввалро касб кардани миллипӯшони футболи Афғонистон, бузургтарин дастоварди тими миллии ин давлат зери роҳбарии устод Коргар мебошад. Мунтахабҳои миллиро дар Афғонистон “миллипӯшон...” ҳам ном мебаранд, ки ба назар гӯшнавоз, вале Патриотӣ аст! Шуниданаш эҳсоси миллиро дорад!!! Баъди ин ғалаба, устод Коргар аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон бо унвони “Марди бузурги футболи Афғонистон” шинохта шуд, ки тавассути Федератсияи футболи Афғонистон ба Муҳаммад Юсуф тақдим гардид.
Ин ҷо сӯҳбати вежаи масъули ФутболvsСССР Нуралӣ Хоркашевро, ки аз дӯстони наздики Тоҷикистонии Муҳаммад Юсуф ҳастанд, барои шумо азизони дил пешкаш мегардонем. Мо Метавонем!
-Устод, Юсуф Коргар, ташрифи шуморо ба Душанбе аз номи мухлисони футболи тоҷик хайрамақдам мегӯем!
-Ташаккур! Аз меҳмоннавозии мардуми азизи Тоҷикистон хеле мамнунам!
-Ҳамкорӣ миёни Федератсияҳои футболи Тоҷикистону Афғонистон таҳким ёфта, масоили дурнамои рушди футболи ҳар ду кишварҳо матраҳ мегардад. Дар ин замина мусобиқа ва дигар чорабиниҳои муштарак ташкилу баргузор гардонида мешаванд. Лутфан, назари худро дар робита ба мавзӯъ пешкаши ҳаводорони футболи тоҷик мекардед?
-Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим! Боз ҳам сипос, қаблан мехостам ба Федератсиюни футболи Тоҷикистон, бахусус ба ноиб-раиси аввал Хуршед Файзуллозода ва ноиби раис Дилшод Ҷӯраев барои истиқболи гарму самимияшон аз инҷониб, изҳори сипосу миннатдорӣ баён созам. Дар мувофиқати ҷонибҳо мо имкони хуби роҳандозии барномаву пружаҳои зиёди муштаракро дорем, ки онҳо бар манфиати футболи ҳар ду кишвар нигаронида шуданд. Хушбахтона, солҳои охир ҳамкорӣ ва равобити судманди дуҷониба миёни Федератсиюнҳои футболи Афғонистону Тоҷикистон, ки ҳам аз лиҳози забонӣ ва ҳам аз лиҳози диниву мазҳабӣ пайванду муштарак ҳастанд, вусъат ёфта рушд мекунад. Маҳз, аз самараи ҳамкорӣ ва мусоидати бевосита бо Федератсиюни футболи Тоҷикистон, дараҷаи касбии мураббиёни футболи Афғонистон рушд мекунад. Инҷониб, аввалин мураббии афғон ҳастам, ки муҷаввизи мураббигарии клоси “А”-и Конфедератсиюни футболи Осиёро соҳиб шудам ва айни ҳол аз ҷониби ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии футболӣ, иҷозати ба ҳайси дастурдиҳанда, дар Афғонистон гузаронидани пругроми муҷаввизи мураббигарии клоси “С”-ро дорам. Муҷаввизи “С” ба мураббиёне, ки акнун ба кору фаъолият шурӯъ мекунанд, иҷозати тамрин кардани дастаҳои футболи атфолро медиҳад. Фикр мекунам, ин муҷаввиз, ки шурӯъи кор аст, муҳимияти вежае ҳам дорад. Зеро, атфол бояд аз даврони туфулият дуруст тарбият шаванд. Фақат он гаҳ, мо ба ғалабаву зафар мерасем! Гузашта аз ин, баргузории ин барномаҳо ба рушди футбол дар Афғонистон вусъат мебахшад.
-Мақсади ташрифи ин боратонро ба Тоҷикистон андаке рӯшан месохтед?
- Ин бор низ сафари мо ба Душанбе дар доираи ҳамкориҳои cудманди дуҷониба аз рӯи барномаи маълумоти мураббигарии бахши фаннии Федеросиюн сурат гирифт. Ҳадафи асосӣ аз ин сафар дар доираи барномаи мазкур, бастани қарордоди ҳамкорӣ бо ҳафт мураббии Тоҷик аст, ки онҳо муҷаввизи клоси “А”-и AFC-ро доранд. Ва аз собиқ ҳамсабақҳои худам ҳастанд. (Муҳаммад Юсуф муҷаввизҳои мураббигарии клосҳои “В” ва “А”-и AFC-ро дар Тоҷикистон соҳиб шудаст. Н.Х) Соли сеюм аст, ки ин барнома ба манзури пешрафт ва иртиқои футбол дар лигаи бартари рӯшани Афғонистон кӯмаки бузург мекунад. Мо ду мавсим аз таҷоруби хуби мураббиёни Тоҷикистон барои рушди футбол дар Афғонистон истифода кардем. Имсол бошад, соли панҷум мешавад, ки мунтаззам ва пайваста дар лигаи бартари рӯшани Афғонистон бозиҳо бо иштироки ҳашт тим аз вилоятҳои мухталифи мамлакат баргузор мегардад. Сатҳи кайфияти футбол аз лиҳози техникиву тактикӣ хеле боло рафтаст. Қаҳрамонии тими милли футболи Афғонистон дар Ҷануби Осиё яке аз дастовардҳои чашмгирӣ Лигаи бартари рӯшани Афғонистон мебошад.
- Чанде пеш кӯдаки панҷсолаи афғон бо исми Мустафо ҷомеаи футболи ҷаҳониро мутаассир сохт. Мустафо дар пакети селофанӣ насаби Мессии маъруфро ҳаккокӣ ва онро ба бар карда аккосӣ шуд. Ин амал баёнгари орзуи як тифле буд, ки онро дар ин кишвари азияткашида ҳазорони дигар дар дил ниҳон медоранд. Мешавад, ки дар Афғонистон низ аз футбол ҳамчун воситаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва суботу оромӣ истифода кард?
-Дар Афғонистон низ чун дар тамоми олам футбол маъруф ва бозии рақами 1 аст. Сабқатҳои қаҳрмонии вилоётҳо ва бозиҳои Лигаи бартари Рӯшани Афғонистон ҷолиб мегузаранд. Ба варзишгоҳ мухлисон зиёд меоянд. Иттиҳод мешаванду хурсандӣ мекунанд. Баъд аз қаҳрамони Ҷануби Осиё шудани мунтахаби миллӣ ҳазорон мухлис ба истиқболамон ба майдонҳавоӣ омаданд. Якҷо хурсандӣ карда, ҳамагӣ ба ҳаво шилик мезаданд (тир мекушоданд). Ҳатто, амрикоиҳо дар тааҷҷуб шуданд. Онҳое, ки дирӯз ба сӯи якдигар туфанг баркашидаву шилик мезаданд, имрӯз аз баракати футбол ба ҳамдигар дасти муҳаббату меҳр кушодаву ба осмон шилик мезананд. Охир, Футбол-матни зиндагии мардум ва нишонаи ваҳдати миллӣ аст! Мо низ мекӯшем аз футбол ҳамчун пайки шодиву нишот ва воситаи сулҳу субот истифода кунем.
-Ҳамчун як мураббии соҳибтаҷриба мехостем назари худро дар қиболи баромадҳои охири тими миллии Тоҷикистон баён мекардед.
Футболи Тоҷикистон чӣ дар гузашта ва чӣ дар ҳоли ҳозир, дар минтақа дастовардҳои бузурге дошта. Бахусус коркард дар арсаи академиёи футбол дар Душанбе ва дар дигар вилоёт муассирияти бисёр дар ояндаи футболи Тоҷикистон дорад. Тоҷикистон кишваре аст, ки мардумаш ба футбол зиёд алоқаманд аст. Бо он барномаҳое, ки имрӯз Федератсиюни шумо дар қибол дорад, футболи Тоҷикистон масири такомулии худро тай мекунад. Мо танҳо мутаваҷҷеҳи натоиҷи дастовардҳои охири тими миллии футболи Тоҷикистон намебошем. Тимҳои миллӣ дар дунё дар як мақтаи замонӣ дорои фарозу нишебҳо мебошанд. Ман боваре, ки болои тими миллии футболи Тоҷикистон дорам, ҳатман дар бозиҳои Осиёӣ ҳузур пайдо мекунад.
Барои сӯҳбати самимона ташаккури зиёд!
Муваффақ бошед!