ХАБАРИ ДОҒ

Ба бозии футболе, ки нимашаби 14.04.2016 дили писарам Шаҳболро бохти Барселона ғамгин кард. Ин шом дар Лигаи чемпионҳо Месси&Co бозиро бар Атлетико Мадрид бохта, аз идомаи сабқат маҳрум шуданд. 2 голи Атлетикоро Антуан Гризманн заду Месси голе зада натавонист. Шаҳбол, ки мухлиси Месси аст, то рӯз гиря кард...

 Дина шаб дар бозии футбол,

Барселона бозиашро бохт.

Дар 2 ҳолат ҳам рақиби ӯ,

Тӯб бар дарвозааш андохт.

 

Дар шикасти тими Барселон,

Ашк рехт аз дидаи Шаҳбол.

Чун намак бар захмҳо мегашт,

Хандаҳои ман ба шарҳи ҳол,

 

Мезад ӯ худро ба рӯи фарш,

Гӯиё, ки бе падар мондаст.

Ё ки ҳукми қатли Ленинро, 

Додрас бар номи ӯ хондаст.

 

Мушт бар сар бо алам мезад,

Пойро бар пой мепечонд.

Дар ҳавои дард нафринро,

Бар ҳаводории худ мехонд.

 

Куртае, ки номи Мессӣ дошт,

Бо шумори 10 ба бар мекард.

Он шаби қаҳру ғазаб аз тан

Бо маломатҳо бадар мекард.

 

Сурати Мессӣ бари девор,

Дар нигоҳаш зиштрӯ метофт.

Гӯиё бо сӯзани мижгон

Бачаам чашмони ӯ мекофт.

 

Баъд аз ин, баъд аз чунин аҳвол

Дарк кардам лофро дар фол.

Дил садо карду ба гӯшам гуфт:

Ҳайф аз бедории Шаҳбол.

 

Давлат Сафар

шоир

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter