Дар доираи сафари расмии худ ба Тошканд, раиси шаҳри Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба варзишгоҳи “Миллӣ”, ки клуби футболи "Бунёдкор" ва тими миллии Ӯзбекистон бозиҳои хонагии худро дар он ҷо мегузаронанд, ташриф овард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Тошканд, ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустам Эмомалӣ бо шароити мусоид, ки барои футболбозон ва тамошобинон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд. Рустами Эмомалӣ, инчунин дар осорхонаи варзишгоҳи “Миллӣ” бо аксҳои футболбози тоҷик ва собиқадори дастаи «Пахтакор» Нуриддин Амриев, ошноӣ пайдо намуд.
Ҳангоми боздид аз варзишгоҳ Рустами Эмомалӣ бо ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, довари маъруф Равшан Ирматов вохӯрии корӣ доир намуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 роҳбари Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аст, изҳори умедворӣ кард, ки рушди минбаъдаи футбол дар минтақаи мо ва ташкили мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад.
Ноиби аввали президенти AFU Равшан Ирматов, ки бозиҳои се қаҳрамонии охирини ҷаҳонро хизматрасонӣ кардаст, ба президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ футболкаи тими миллии Ӯзбекистонро бо рақами 7 тӯҳфа намуд. Хотиррас мешавем, ки худи Рустам таҳти №8 замоне дар футболи касбӣ бозӣ мекард.
Мо Метавонем!
Мо Метавонем!