ХАБАРИ ДОҒ

 

Яке аз паҳлавони шинохтаи тоҷик, устоди варзиши СССР, гуштингири бомаҳорат, номбардори диёру миллату давлати Тоҷикистон соли 1955 дар деҳаи Ҷайралии ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб, имрӯза Темурмалики Хатлон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Дар хонаи бачагони Танобчӣ таҳти мураббии варзида Валиев ба тамрини гӯштин шурӯъ карда, дар як вақти кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил мешавад. Ҳангоми таҳсилаш дар мактаби номбурда ӯ бо ҳамсабақаш Зикриё зодаи ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) шинос шуда то охири ҳаёташон чун бародар муносибат доштанд. Баъди хатми хонаи бачагон ҳарду ба Донишкадаи Тарбияи ҷисмонӣ дохил шуданд. Дар ин даргоҳ таҳти сарпарастии ҷаҳонпаҳлавон Саймуъмин Раҳимов  тамринашонро идома дода, ҳарду беҳтарин паҳлавонони номдор муаррифӣ шуда буданд. Азбаски Саймаҳмуд бениҳоят пурқувват буд ва усули контуриро (аксуламалро) ба дараҷае аъло иҷро мекард, ҷаҳонпаҳлавон Саймаҳмудро Хирс ном мебурд. Баъдан дар байни паҳлавонон Саймаҳмуди хирс ном гирифт.

Даврони донишҷӯиашон Саймаҳмуд ва Зикриё дар рӯзҳои 1-май, ки дар ноҳияамон гӯштини калон баргузор мешуд,  бо ҳузури паҳлавонон чи аз ҷумҳурӣ ва берун аз он ширкат мекарданд. Яке аз ин паҳлавони пурқувват Салоҳиддин Ҷондоров буд, ки бо Саймаҳмуд набард мекард, аммо доимо мағлуб мешуд. Одоби даврадории дасто пеши бар, ҳарифро эҳтиром доштан, аз пирон дуо гирифтан ва баъд гӯштинро оғоз кардан хислати ин ҷавонмардон буд. 

Баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, акаи Саймуъмин Саймаҳмудро даъват кард, ки дар шаҳр монад ва мураббии гӯштин шавад. Аммо падари Саймаҳмуд бобои Махсуми Сайдаброр розигӣ надод. 

Баъди хатми Донишкада дар хонаи бачагони Танобчӣ мураббӣ шуда, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Даврони бачагиамон мо шоҳиди бисёр баромадҳои ин паҳлавони номдор шудаем. Вақте, ки дар Кӯлоб, Даҳана, Восеъ, Балҷувон гӯштини калон мешуд, мо бо мошини боркаши акаи Ҷангихон рақами давлатиаш 11-42 СБЕ савор шуда ба мухлисии ин бародар мерафтем. Ва аз тамошои ин мусобиқа ҳаловат мебурдем. Саймаҳмудро чи дар Ванҷу Дарвозу Рашту Бадахшону Хатлон ва берун аз ҷумҳурӣ хуб мешинохтанд. Соли 2018 ин паҳлавони номбардори миллат аз олам чашм пушид. Дар маросими ҷанозааш тамоми паҳлавонон ва шогирдонаш ширкат доштанд. Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бод…

 

Қурбони Ҷаббор, ш.Душанбе

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter