Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки шомили гурӯҳи «F» аст, бозиҳои худро бо дастаҳои Муғулистон, Япония ва Мянма моҳҳои октябр ва ноябри соли 2020 баргузор хоҳад кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби Тоҷикистон санаи 8 октябр бо дастаи мунтахаби Муғулистон бозӣ намуда, боз 2 рақобати дигарро шогирдони Усмон Тошев бо дастаҳои мунтахаби Япония-12 ноябр дар меҳмонӣ ва бо Мянма-17 ноябр дар хона баргузор мекунанд. Бояд гуфт, ки ин вохӯриҳо бояд моҳи март ва июн гузаронида мешуданд, аммо бо сабаби хуруҷи бемори коронавирус ба таъхир гузошта шуданд.