ХАБАРИ ДОҒ

«Ҷаҳанам» барои Барса

 

Бозии ҷавобӣ бо Атлетико барои Барселона ба Асфаласофилини ҷаҳанам баробар шуд. Дар «Висенте Калдерон» Барселона ба худаш монанд набуд. Ҳатто Месси аз чӣ бошад, ки бештар рисолати нимуҳофизагиро дошт, аз он, ки ӯ мебоист дар ҷои муқарарии худ бозӣ мекарду ақалан 1 гол мезад. Акнун иди голи 500 ӯ боз ба таъхир монд. Дар бораи Неймару Суарес ҷои шарҳ нест. Он чизе, ки эшон дар ин шом карданд яктоӣ корти зард гирифтанд. Воқеъан, Барселона бояд аз таҷрибаи ду соли қабл, ки маҳз Атлетико ва маҳз дар ҳамин марҳилла аз идома рақобат дар ЛЧ берунаш карда буд, сабақ мегирифт. Аммо Барселона ба ҳамон хаскашаке по монд, ки ду сол пеш монда буд. Асалан афтиши Барса ҳануз дар бохти Элклассико рушан гашта буд ва бохт дар Мадрид идомаи мантиқии ҳамон афтиши даста аст, ки мутаасифона барои ҳаводоронаш маҳз дар ҳамин марҳилла рост омад. Албатта, бохти Барселона бе дахолати довари бозӣ Реселии итолиёви сурат нагирифт. Дар поёни бозӣ ӯ пеналтии миллионфоизаро ба дарвозаи Атлетико нагузошт, аммо ин ҳама аллакай ба саҳифаи таърихӣ бадал гаштанд. Нисбати Атлетико ва махсус Антонио Гризман, ки дублаш Атлетикоро ба нимфинали Лигаи чемпионҳо баровард, танҳо ҳаминро мебояд гуфт:  Респект.

Бавария мақоми худро тасдиқ кард

Дилхоҳ мусовӣ басанда буд, то Бавария роҳхати нимфинали Лигаи чемпионҳоро соҳиб шавад ва ҳамин тавр низ шуд. Ғалаба бо ҳисоби 1:0 дар Олмон шонси хубе барои Бавария дода буд. Ҳарчанд Бенфика дар дақиқаи 27-уми бозӣ интиригаи ин муқоиматро баргардонид, аммо Видал дар ин қибол 1 голи зебо ба дарвозаи лиссабониҳо зада, кори бачаҳои Луи Виторияро душвор кард. Дар қисмати 2 бозӣ Мюллер Баварияро ба пеш бароварда, умеди Бенфикаро барои ғалаба ба сифр баробар кард. Дар дақиқаи 76 бозӣ Талиска дубора Нойерро маҷбур кард туб аз дарвозаи худ бигирад, аммо ин гол низ ба ҷароҳати бардоштаи Бенфика малҳам намешуд, зеро чунончи дар боло зикр кардем, ҳама гуна мусовӣ кайфияти кори Баварияро афзун мекард. Ҳангомае, ки бархеҳо интизораш буданд, баргузор нашуд. Бавария мақоми фавворитии худро дар ин ҷуфт бори дигар тасдиқ карда, яке аз муддаиёни аслии Лигаи чемпионҳо боқӣ монд. Аммо Гвардиоларо зарур аст барои иштибоҳҳои содир карда дар дидор, ки боиси сар додани 2  гол шуд, гуши муҳофизони худро сахт тоб диҳад. Зеро дар бозиҳои қаблӣ ин гуна иштибоҳот метавонад ба умедҳои Бавария хатти бутлон бикашад.

Ҳангомаи баргузорнашуда

Ахиран афсонаи ширини якҳафтаинаи  Волфсбург дар Сантяго Бернабеу ба поён расид. Олами футбол аз ҳангомаи навбатӣ маҳрум шуд. Криштиано Роналдо як маротиби дигар беҳамто будани худро собит кард. Дар қисмати аввали бозӣ таи якуним дақиқа (16,17) Роналдо ба дарвозаи Диего Бенало 2  гол зада, мақоми кворо дар ин муқоимат барқарор кард. Баъд аз ин маълум буд, ки Реал Волфсбургро ба ҳоли худ нахоҳад монд ва дар қисмати 2-и дидор таи иҷрои 1 ҷарима Роналдо дар миёни девори сунъии Волфсбург сурохе ба ҳаҷми туб ёфт ва Бенало маротибаи сеюм тубро аз дарвозаи худ кашид. Бад ин тартиб Роналдо хеттрики навбатии худро қайд кард. Баъди голи 3-юм Дитер Хекинг тактикаи бозиро дигар карда, бачаҳои худро ба пеш меронд, аммо то ин дам яке аз лидерони команда- Дракслер ҷароҳат бардошта, майдонро тарк карда буд ва Шюрле ва Бруно Энрике дигар тавони коре надоштанд. Албатта, ин шом класс ва маҳорати Реал, ки 2 сару гардан аз Волфсбург боло аст, аз худ дарак дод. Реал маротибаи 6 ба нимфинали Лигаи Чемпионҳо баромад. Мухлисони Волфсбруг  ин муқовиматро, ки командаи дӯстдоштаашон 1 қадам то дастоварди таърихӣ меистод, то дергоҳ фаромуш нахоҳанд кард. 

Ман Сити: саҳифаи нави таърих

Баъд аз мусовӣ дар Париж маълум буд, ки чунин шонси ба даст овардаро Манчестер Сити ҳаргиз аз даст нахоҳад дод. Пелегрини барои анҷоми бомувафақонаи ин баҳамистӣ тактикаи хоси худро интихоб кард ва бояд гуфт, ки он самар овард. Ҳама кушишҳои Златан Иброҳимович ва Эдинсон Кавани барои шикофти дарвозаи Харт беҳуда буд, аммо де Брайн дар дақиқаи 76-ум голи худро зад. То ин дам Серхио Агуеро метвонист ба осиёби ноумедиҳои ПСЖ об резад, аммо ӯ пеналтиро беҳунарона иҷро карда, тубро ба қураи мухлисони варзишгоҳ партофт. Голи задаи де Брайн бошад Манситиро барои нахустин маротиб иштирокчии нимфинали Лигаи чемпионҳои Аврупо кард. ПСЖ бошад маротибаи чандум аст, ки дар идомаи роҳи Лигаи чемпионҳо ба қафо бармегардад. Ин нукта боиси зикр аст, ки яке аз ҳадафҳои аслии роҳандози кардани 1 лоиҳаи бузург дар бозсозии ПСЖ бо ҷалби ситораҳои олами футбол амсоли Иброҳимович, Кавани, Фалкао, Силва, Мота, ди Мариа ва дигарон ба даст овардани Лигаи чемпионҳо буд, аммо имсол низ шайхони арабро мебояд ба хурсандии дигарон шарик шаванд. Бойтарин клуби футболи олам дигарбора аз ЛЧ маҳрум шуд ва шояд лидерони даста дигар дар идомаи «Лоиҳа» ширкат наварзанд. Дигар дар гумон аст, ки баъди чанд соли нобарорӣ барои мисол Иброҳимович дар ПСЖ бимонад, илло агар ҳайкали ӯро ҷои манораи Эйфел бимонанд.

Сӯҳробшои Фаррухшо ФутболVSСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter