ХАБАРИ ДОҒ

Мирзоалӣ Раҳимзода: “Футболбозони “Саройкамар” баччаҳои маҳаллиянд”

  • Душанбе, Апр 25 2016

Ин ҳафтае, ки ФутболvsСССР ба дасти туи азиз мерасад, дар ҷумҳурӣ сабқати дастаҳои футболи лигаи якуми Тоҷикистон шурӯъ мешавад.

Дар мусобиқа 13 даста аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат хоҳад кард. Бисёрии коршиносон дастаи футболи “Саройкамар”-и Панҷро яке аз довталабони асосии унвони чемпиони имсолаи лига ҳисоб мекунанд. Зеро даста таҷрибаи чандсолаи ширкат дар лигаи якумро дошта, инчунин дар элитаи футболи Тоҷикистон ҳам баромад кардаст. Оиди омодагӣ ва мақсаду вазифаҳои “Саройкамар” дар мавсими оғозшуда ва чанд мавзӯи марбут ба футбол сӯҳбате дорем бо ноиби аввали президенти клуб Мирзоалӣ Раҳимзода.

-Акаи Мирзоалӣ, оғози мавсими футбол ба шумо ва тамоми мухлисони “Саройкамар” муборак бошад.

-Ташаккури зиёд! Ба шумо ҳам...

-Тибқи Низомномаи лигаи якуми футболи кишвар ва ҳам аз рӯи риояи принсипи варзишӣ, “Саройкамар” бояд дар лигаи олӣ бозӣ кунад. Аммо, ин мавсим соли сеюм аст, ки паиҳам  даста бо сабабҳои гуногун аз  иштирок дар лигаи олӣ даст мекашад. Ин мавзӯро ба мухлисони футболу хонандагони гиромии мо андаке шарҳ медодед...

-Яке аз сабабҳои асосии дар лигаи олӣ баромад накардани “Саройкамар” - ин ҷавобгӯи гузаронидани бозиҳои чемпионати лигаи олӣ набудани варзишгоҳамон буд. Фикр мекунам дар ҳамкориву дастгирии ҳамдигарӣ мо дастаро нигоҳ медоштем. Хушбахтона, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, пешвои Миллат, президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Дирексияи сохтмони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон варзишгоҳи марказии ноҳия бозсозӣ шуда, замонавӣ гардонда мешавад. Сохтмону азнавсозии варзишгоҳ босуръат давом дорад ва бовар дорем, ки дар фурсати муқарраршуда ин иншооти муҳими варзишӣ мавриди баҳрабардории васеи мардум қарор мегирад. Бо анҷом шудани кори варзишгоҳ, албатта, боз “Саройкамар” ба лигаи олӣ бармегардад. То он вақт “Саройкамар” бозиҳои хонагии худро дар лигаи якум, дар  варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷайҳун мегузаронад. Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам барои мусоидаташон дар ҳалли ин мушкил,  сипосгузории Клуби футболи “Саройкамар”-ро ба роҳбарияти ин ноҳия баён созам. Дар ин замина аз мухлисони “Саройкамар” эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳангоми баргузории бозиҳои даста ҳамеша тартиботи ҷамъиятиро риоя намуда, онро итоат кунанд. Мухлисон бояд донанд, ки ҳар як амали ноҷои онҳо ба буҷаи даста халал ворид мекунад ва дар ин самт, бояд масъулият ҳис кунанд. Аз роҳбарони фан-клуби “Саройкамар” бошад, талаб мекунем, ки ин мавзӯро пайваста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд.

-Он гуна, ки қаблан зикр кардем мутахассисони соҳа “Саройкамар”-ро яке аз муддаиёни асосии унвони чемпиони лигаи якуми имсолаи Тоҷикистон мешуморанд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?

-Шояд ин назари мутахассисон дар робита ба баромади “Саройкамар” дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар он дастаи мо то ба бозиҳои чорякфиналӣ расид, баён шуда бошад. Аммо ман фикр мекунам, ки дастаҳои “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Исфара” (Исфара), “Панҷшер” (Балхӣ), “Ҳулбук” (Ҳулбук) дар мусобиқаи имсола имконияти баробари ба даст даровардани ин унвонро доранд. Аз ҷониби дигар дар футбол ҳама чӣ имкон дорад ва дигар дастаҳо низ метавонанд навгонӣ (сюрприз) кунанд. “Саройкамар” бошад, омодагияшро ба мусобиқа аз рӯи барномаи мушаххас амалӣ намуд. Як афзалият ва ё бурди асосии дастаи мо дар он аст, ки ҳамаи бозигаронамон бачаҳои маҳаллиянд. Онҳо донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва шумораи бештарашон кормандону мутахассисони идораву муассисаҳои  ноҳия мебошанд. Тамринҳои даста пайваставу мунтаззам ҷараён гирифта, дар ин давраи байнимавсимӣ чанд бозии санҷишӣ бо дастаҳои футболи лигаҳои оливу якуми мамлакат ташкил карда шуд. Роҳбарияти клуб дар ҳамкории бевосита бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, ҷиҳати рушди футболи кӯдакону наврасон аҳамияти ҷудогона зоҳир менамояд. Чанд нафар дастпарварони мактаби футболи “Саройкамар”, узви дигар клубҳои футболи мамлакат ва дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон буда, шарафи футболи моро дар бозиҳои расмии байналмилалӣ ҳимоя менамоянд. Баробари ба фаъолият оғоз шудани варзишгоҳи марказии ноҳия боварӣ дорем ин самти корӣ боз ҳам вусъат меёбад.

-Пас, маълум мешавад, ки “Саройкамар” аз ҳисоби тарбиятгирифтагони мактаби футболи Панҷ, ки ҳамагӣ  бачаҳои маҳаллӣ ҳастанд, дар ҳама мавқеъи (амплуаи) ҳайат бозигарони мувофиқ дошта, ниёз ба ҷалби бозигарони берун аз ҳудуди ноҳияро надорад. Омили асосии ин муваффақият аз нигоҳи шумо?

-Дар ин бора, пеш аз ҳама, бояд ба он нафароне ташаккур гуфт, ки футболро дар Панҷ асос гузоштанд. Инчунин аз онҳое бояд миннатдор шуд, ки дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ футболро раҳо накарданд. Ин бозии зеборо ҳифз доштанд. Футболро ҳамчун воситаи сулҳу ваҳдат истифода кардаву муваффақ шуданд. Имрӯз бошад ин анъанаи нек, ки омили асосии сулҳу ваҳдат ва солимии мардуми кишвар ҳаст давом дорад. Дар ҳоле, ки футбол дар дунё бо суръати кайҳонӣ пеш рафтаву рушд мекунад, ба футболи кӯдакон таваҷҷӯҳи ҷудогона бояд зоҳир намуд.

- Шумо, дар ноҳия яке аз сохторҳои қудратии ниҳоят масъули давлатиро роҳбарӣ доред. Солҳои охир бошад ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу воситаҳои гуногун  ҷавонони моро ба гумроҳӣ андохта, онҳоро ба сафҳои худ шомил мегардонанд. Оё мешавад, ки аз футбол низ ҳамчун воситаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ истифода намуд?

-Барои чӣ, не? Футбол дар тамоми ҷаҳон ҳамчун пайки сулҳу осоиштагӣ ва иттиҳоду ваҳдати халқу миллатҳо истифода мешавад. Роҳбари давлатамон ҳам дар баромадҳои худ пайваста ин мавзуро таъкид мекунанд. Мо низ ҳамеша бояд дар паи он кӯшиш намоем, ки наврасону ҷавононро тавассути бозии зебои футбол дар рӯҳияи ватанпарварию садоқат ба Ватан тарбия кунем. Дар ин мавзу мураббиёни мактабҳои футболи кӯдакона бояд масъулияти бештар дошта бошанд. Онҳо баробари ба кӯдакону наврасон омӯзондани маҳорати футбол, вазифадоранд, ки дар замири шогирдони худ ҳисси муҳаббат ба ватану миллатро низ бедор созанд. 

 -Барои сӯҳбати самимӣ ташаккури зиёд.

-Саломат бошед! 

 

Мусоҳиб Нуралӣ Хоркашев

ФутболvsСССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter