Оғоз
Инак, соли ҳаштум аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ фаъолият дорад. Дар ин 8 сол, ки дар таърихномаи коргузории футболӣ 2 давраи интихобиро фаро мегирад, футболи тоҷик ба таҳаввулоти ҷиддӣ ва ҷадид рӯбарӯ гашта, дар арсаи байналмилалӣ аз худ дарак дод ва ба 1 қатор дастовардҳои нишонрас низ ноил гардид. Дар ин давра футболи Тоҷикистон борҳо дар сархати хабарҳои футболи осиёӣ ва ҷаҳонӣ қарор гирифт. Дастаҳои мунтахаби кишвар дар бонуфузтарин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, Тоҷикистони азизи моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Ҷавонон – нерӯи созандаи кишвар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи асосии созандаи кишвар ном бурда, дар баромадҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки: “Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, Миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Хушбахтона, командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ баробари интихоб шуданашон ба роҳбарии яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии мардуми кишвар – соҳаи футбол, ин таъкидҳои роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор доданд.
Таҳавулоти касбӣ
Қобили зикр аст, ки вақте ки Рустами Эмомалӣ, футболбози касбии иштирокчии лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари Федератсияи футболи мамлакат интихоб шуд, ҳамагӣ 25 сол дошт ва аксари мунақидон боварӣ надоштанд, ки ӯ бо ин ҷавонӣ дар футболи ватанӣ таҳаввулотҳои ҷиддиро роҳандозӣ намуда, муваффақ мешавад. Вале новобаста ба ҷавонӣ ва алорағми мунтақидонаш Рустам исбот кард, ки футболро аз дигарон дида, хубтар медонад ва дар он тағйироти куллиро ҳам роҳандозӣ карда метавонад!
Ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои роҳбарӣ командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ ба муосиркунонӣ ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ гардонидани сохтори идоракунандаи футболи ватанӣ шурӯъ намуд. Бо ин мақсад, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи ӯ, дар мамлакат садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиби беҳдошти футбол амалӣ гардонида шуданд.
Сохтори идоракунандаи футбол пурра тағйир ёфта, замонавӣ гардонида шуд. Бунёди нахустин майдонҳои футболбозии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ оғоз шуданд. Лигаҳои зарурии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ҳам ба фаъолият пардохт. Клубҳои футболи ватанӣ ба мусобиқаҳои аз лиҳози дараҷабандӣ болотари AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) роҳ ёфта, баъзе натиҷаҳои намоёнро низ соҳиб шуданд. Клуби футболи “Истиқлол” ду маротиба паиҳам (солҳои 2018 ва 2019) ба бозии финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ ҳисоб мешавад, роҳ ёфт. Сар аз соли 2021 бошад, “Истиқлол” футболи ватаниро дар Лигаи чемпионҳои Осиё муаррифӣ менамояд ва ба шарофати баромади бобарори “Истиқлол” дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё аз соли оянда яку якбора ду клуби футболи дигари Тоҷикистон футболи моро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё намояндагӣ хоҳанд кард. Дар ин самт кӯшишу талошҳои Президенти клуби футболи “Истиқлол”, ҷавони ватандӯсту давлатсоз Шоҳрух Саидзодаро алоҳида бояд қайд намуд.
Созмонёбии Лигаҳои зарурии футболӣ
Бо назардошти оне, ки танҳо дар сурати мувофиқ гардонидани сохтори идоракунанда Федератсияҳои маҳаллӣ ба талаботҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва ҷавобгӯи меъёрҳои замонавӣ намудани он, бошгоҳҳои футбол ва дастаҳои мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ роҳ дода мешаванд, аз ҷониби роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо сарварии Рустами Эмомалӣ ба ин ҷониби масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар назди Федератсияи футболи Тоҷикистон Лигаи футболи Тоҷикистон, Лигаҳои футболи кӯдакону наврасон, футболи бонувон, Лигаи касбии футзал ва нахустин Академияи футболи бачагона таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Қобили зикр аст, ки бахусус, ба рушду инкишофи футболи бачагона диққати ҷиддӣ дода шуд ва дар натиҷа соли 2019 Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон аз ҷониби кимиссияи салоҳиятдор сазовори унвони “Беҳтарин Лигаи футболи кӯдакону наврсони Осиё” шуд. Дар футболи муосир ба ин натиҷа расидан кори саҳлу сода нест. Соли 2018 бошад, дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон дар мусобиқаи қарамонии Осиё мақоми дуюмро ишғол намуда, соҳиби роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон- 2019 байни наврсон ба Бразилия шуд. Қобили зикр аст, ки талошу кӯшишҳои Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷавонмарди соҳибватан Хуршед Мирзо дар омоданамоӣ ва сафарбарии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ беандозаву бесобиқа ва сазовори аҳсану эҳтироми бузурги ҳаводоррони футболи ватанӣ аст.
Хурсандибахш аст, ки дастаҳои мунтахаби наврсону ҷавонони Тоҷикистон иштирокчии ҳамешагии марҳилаҳои ниҳоии мусобиқаҳои қарамонии Осиё мебошанд.
Бунёди майдонҳои футболбозӣ
Барои тарбия кардани футболбозони болаёқат, албатта аввал барои онҳо шароити мувофиқ муҳайё намудан зарур аст ва хушбахтона ин мавзӯъ таҳти назорати ҷиддии роҳбарияти Федератсия қарор гирифт. Дар муддати кӯтоҳе дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтмони майдону майдончаҳои муосири футболбозӣ оғоз ёфта, мавриди истифодаи умум қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки баробари ба фаъолият шурӯъ намудани ин майдонҳо Конфедератсияи футболи Осиё ҷиҳати дар Тоҷикистон баргузор гардонидани мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ тасмим гирифт ва ҳамасола дар ватани мо чандин сабқатҳои байналмилалӣ доир мегарданд, ки дар онҳо шумораи зиёди варзишгарон иштирок мекунанд. Баробари иштирокашон дар ин мусобиқаҳо онҳо бо фарҳанги ғанӣ ва маданияти бойи миллати шарафманди Тоҷик шинос шуда, бо таассуроти тасвирнашаванда ба ватани худ бармегарданд. Ба ибораи дигар зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ Футбол ҳамчун омили муҳими ба ҷаҳониён мураррифӣ намудани Миллат қарор гирифт. Дар ин давра аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар 14 шаҳру ноҳияи мамлакат майдончаҳои футболбозӣ сохта ба истифода дода шудаанд ва сохтмони ин майдонҳо ҳанӯз ҳам идома дорад. Боварии комил дорем, ки дар ин майдонҳо футболбозони болаёқате тарбият ёфта, фардо футболи моро дар арсаи байналмилалӣ шарафмандона ҳимоя менамоянд.
Маълумоти мураббигӣ
Мусаллам аст, ки бе мутахассисони касбӣ ва мураббиёни ботаҷриба пеш бурдни фаъолияти Федератсия ва тарбия намудани футболбозони ботаҷриба ғайриимкону мушкил аст. Дар ин замина, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мураббиёну мутахассисони соҳа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ФФТ зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ қарор дода шуд. Дар 1 давраи кӯтоҳ, дар дохил ва хориҷи мамлакат курсу семинарҳои лозимии байналмилалӣ ташкилу баргузор гаштанд. Мутахассисони ватанӣ, бахусус мураббиёни футбол дар ин курсу семинарҳо ширкат намуда, дараҷаи тахассусии худро такмил доданд ва ба онҳо шароит муҳайё шуд, ки донишҳои андӯхтаи худро дар дастаҳои футболи касбӣ ва кӯдакону наврасон амалӣ гардонанд. Айни замон дар Тоҷикистон 2 нафар мутахассисони дорандаи литсензияи мурабигии дараҷаи “Pro”, 57 нафар дорандагони литсензияи “А”, 98 нафар дорандагони литсензияи мурабигии дараҷаи “В” ва 357 нафар дорандагони муҷаввизи мурабигии дараҷаи “С” фаъолият менамоянд.
ТВ ва ВАО
Қаблан гуфтем, ки дар ин давра сомонаи расмии ФФТ ба кор оғоз кард. Дар Тоҷикистон барои бори аввал ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” таъсис дода шуданд. Кор бо ВАО ба таври васеъ ба роҳ гузошта шуд. Баробари ба фаъолият оғоз намудани шабакаҳои мазкур, ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа низ чораву тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.
Аз ҳисоби ҷавонони соҳибистеъдод садҳо нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши баланд таъмин шуданд. Месазад, ки дар бораи саҳми ин ТВҳо дар рушду инкишофи футболи миллӣ матлаби алоҳидаеро иншо кард. Зеро амалеро, ки онҳо дар ин муддати кутоҳи фаъолияти худ роҳандозӣ намуданд бо 2-3 ҷумла баён намудан ғайриимкон аст.
Федератсияҳои минтақавӣ
Ба фаъол гардонидани кори Федератсияҳои минтақавӣ низ дар ин давра таваҷҷӯҳи лозима дода шуд. Зеро бе мавҷудияти ин Федератсияҳои зертобеи ФФТ коргузории футболиро дар минтақаҳо дуруст ба роҳ мондан мушкилу ғайриимкон аст. Федератсияҳои футболи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти замонавии коргузории футболӣ таъмин шуданд. Бо дастуру супориши Президенти ФФТ дар минтақаи Рашт ва минтақаи Кӯлоб Федератсияи футбол таъсис дода шуд, ки айни замон хеле хуб фаъолият намуда, футболро дар ин минтақаҳо ташвиқу тарғиб мекунанд. Айни замон низ ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Федератсияҳои минтақавӣ мувофиқи нақшаи дурнамои рушди футболи миллӣ чораву тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Анҷом
Албатта, дар ин матлаб мо имконият надорем ҳамаи он тағйироту дигаргуниҳои дар чанд соли охир зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ ва командаи ҷавони ӯ дар футболи миллӣ роҳандозӣ шударо таҳлилу баррасӣ намоем. Сабаби иншои матлаб ҳам беғаразона аст. Мазмун фақат ҳамин аст, ки дар муддати бисёр кӯтоҳ ва он ҳам дар вазифаи ҷамъиятӣ аз ҷониби командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ анҷому сомон кардани ин амалҳои бузург саҳлу сода нест.
Мо Метавонем!
Нуралӣ Хоркашев
Махсус барои СССР