ХАБАРИ ДОҒ

Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи наврасону ҷавонони обутобёфтаи далеру шуҷоъ, яке аз самтҳои асосии фаъолияти газетаи мардумии СССР маҳсуб меёбад. Вобаста ба оне, ки сардабир ва аксари дигар кормандони газета варзишкоранд ва ба варзиш, махсусан ба бозии футбол таваҷҷӯҳи зиёд доранд, инак беш аз 14 сол мешавад, ки ҳамасола мусобиқаи умумиҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми газетаи СССР” байни наврасон ташкилу баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки ин мусобиқаро СССР дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат доир менамояд ва баргузории дастаҷамъона шукӯҳу шаҳомати мусбиқаро афзун мегардонад. Хотиррас мешавем, тайи 2 соли ахир дар бастагӣ ба пандемияи Коронавирус мо ин чорабиниро баргузор накардем.

Вале баъди ба тасвиб расидани “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”, дар соли ҷашнии таҷлили 30 солагии Истиқлолияти кишвари азизамон, доираи фарогирии баргузории мусобиқаи “Ҷоми газетаи СССР” фарохтар шуд.

Бо ин мақсад, моҳи сентябри соли 2021, дар ноҳияи Кӯшониён мусобиқа барои дарёфти Ҷоми газетаи СССР байни дастаҳои футболи кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия ташкил шуд ва дар он дастаҳо вобаста би синну солашон дар 2 гурӯҳ - наврасон ва калонсолон ширкат варзиданд. Бозиҳо ҷолиб, шавқовар ва сертамошобин баргузор шуданд. Иштироки мухлисони сершумор дар бозиҳо ба бозигарон илҳоми тоза медод.

Маросими ҷамъбасти мусобиқа бо иштироки намояндагони газетаи мардумии СССР, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бахши ҷавонони ноҳия сурат гирифт, ки яқин боиси ҷалби таваҷҷӯҳи бештари мардуми ноҳия ба ин мусобиқа гашт.

Имрӯзҳо бошад, бо ташаббуси роҳабрияти газетаи мардумии СССР  дар ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и шуъбаи 4-уми ноҳияи Кӯшониён мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми газетаи СССР-2022”  шуруъ шуд.  Дар мусобиқа 8 даста иштирок менамояд, ки онҳо аз ҳисоби наврсону ҷавонони деҳоти ҷамъоат созмон ёфтаанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми газетаи СССР” дар ноҳияҳои Хуросон ва Кӯшониёни вилояти Хатлон дастаҳои футболи “Уялӣ” ва “Кӯшониён-1” созмон ёфтаанд, ки имсол дар Лигаи якуми Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар иштирок хоҳанд намуд.

Мо боварӣ дорем, ки дар наздиктарин солҳо дастпарварони мактаби футболи “Ҷоми газетаи СССР” аз минтақаи Бохтар низ шарафи футболи ватаниро дар ҳайати дастаҳои мунтахаб ва дигар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ ҳимоя менамоянд.

Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter