Чемпиони Тоҷикистон, ки имсол низ дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бозӣ мекунад, ба таври бесобиқа 12 бозингари беҳтарини худро фурӯхтааст...
Дар таърихи футболи ватанӣ, то имрӯз чуноне нашуда, ки баъд аз 1 мавсими муваффақ шумораи зиёди бозигарон дастаро тарк карда бошанд. Албатта, чунин ҳолатҳо рӯй медоданд, аммо на ба ин тартибе, ки пеш аз шурӯъи мавсими имсола чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе ба он мувоҷеҳ шуд.
“Гурбаи сиёҳ”, ки Лигаи Чемпионҳоро ларзонд
Соли 2021 барои “Истиқлол” соли пурбароре буд. Онгуна, ки ҳаводорони футболи ватанӣ огоҳанд, “Истиқлол” таҳти раҳбарии Виталий Левченко аввалин бор дар Лигаи чемпионҳои Осиё баромад кардаву инқилобе кард ва тамоми Қораи Осиёро ба ҳайрат андохт.
Зимнан, ҳеҷ яке аз коршиносони футбол интизор надоштанд, ки дастаи дебютанти мусобиқот дар гурӯҳи ниҳоят мушкил ҷои аввалро ишғол мекунад ва ба даври 1/8 финали мусобиқа мебарояд ва чемпиони феълии Лигаи мусобиқот “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудиро, ки буҷети солонааш 72,6 миллион доллар ва «Шабоб Ал Аҳлӣ»-и Аморати Муттаҳидаи Арабиро, ки буҷети солонааш 65,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, варшикаста кардаву пушти сар мемонад.
Дар аввал бисёриҳо дар бораи “бахт” ва “омади кор” ҳарф мезаданд, аммо пас аз он ки “Истиқлол” дар даври 4-ум “Ал-Ҳилол”-и Саудиро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод, назари таҳлилгарону коршиносони футбол ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳеҷ кас интизорӣ надошт дастаи дебютантее, ки асоси онро ҷавонон ташкил медоданд ба ин комёбии бузург ноил гардад.
Бархе, омили асосии ин муваффақиятро дар интихоби сармураббӣ дар симои Виталий Левченко, ки бо тафаккур ва нақшаҳои ғайримуқаррарии худ маъруф буд, аз ҷониби роҳбарияти «Истиқлол» медиданд. Ва новобаста аз ин ҳама, натиҷае ба миён омад, ки гувоҳии ба шӯҳрати қаблӣ баргаштани футболи тоҷик шуд.
Истиқлол: “оптом и в розницу”!!!
Маҳз бо ҳамин ном “Памир: оптом и в розницу”, соли 1992 матлабе нашр шуда буд, ки дар он аз фурӯши аксарияти бозингарони Помири номии пасошӯравӣ муаллиф бонги изтироб мезад, ки футболи ватанӣ мемирад. Имрӯз ҳамин кор бо Истиқлол рух дод! Тибқи ибораи Ҳарри Кейн аз Тотенҳеми Англия "Талабот талаботро ба вуҷуд меорад", бисёре аз ин бачаҳо харидор пайдо намуда, минбаъд дар дастаҳои маъруф ҳунари худро сайқал хоҳанд дод:
- Муҳаммадҷон Раҳимов – «Ордобаси», Шимкент(Қазоқистон)
- Ваҳдат Ҳанонов - «Персеполис», Теҳрон (Эрон)
- Манучеҳр Сафаров - «Персеполис», Теҳрон (Эрон)
- Андрей Мишенко – «АГМК», Олмолиқ (Ӯзбекистон)
- Алексей Ларин – «Черноморетс», Одесса(Украина)
- Алишер Ҷалилов– «АГМК», Олмолиқ (Ӯзбекистон)
- Зоир Ҷӯрабоев – «Сурхон», Тирмиз (Ӯзбекистон)
- Рустам Соиров – «БАТЭ», Борисов(Белорус) – дар азназаргузарӣ
- Шарифбек Раҳматов – «Тӯрон», Нуқус (Ӯзбекистон)
- Рустам Ятимов – «Пахтакор», Тошканд (Ӯзбекистон) – дар азназаргузарӣ
- Рёта Нома – агенти озод
- Хуршед-Тимур Ҷӯраев – «КМВА», Душанбе(Тоҷикистон)
Левченко бо кӣ монд?
Дар мавсими нав мо аз Левченко чиро интизорем ва ё чемпиони кишварро чӣ гуна хоҳем дид? Бале, қонунҳои футбол сахтанд, аммо зиндагӣ идома дорад. Мусаллам аст, ки аз ин гузаришҳо дар маҷмӯъ футболи мо, бахусус тими миллиямон бурд мекунад ва бозигаронамон дар чемпионатҳои қавитар бозӣ карда, маҳораташонро сайқал медиҳанд. Ва ҳарчанд мухлисони "Истиқлол" аз чунин сурат гирифтани кор андаке хашмгин ҳам гашта бошанд ҳам, аммо боварӣ дорем, ки ба оянда бо умеду боварӣ менигаранд. Ва агар дар ҷои Виталий Григоревич ягон мураббии дигар мебуд, мегуфт, ки «коллективи нав аст ва барои ба комёбӣ расидан вақт лозим», аммо Виталий чунин намегӯяд.
Охир, ҳар як мушкили навбатии зиндагӣ барои ӯ имкониятест, ки худро бо худ дар мубориза бикашад ва исбот кунад, ки монеаҳои бартарафнашаванда вуҷуд надорад. Ва пас аз қуръакашии нав, ки дар он “Истиқлол” дар сахттарин гурӯҳи ЛЧ афтод, Левченко ба таври ба худаш хос хоксорона, вале бо боварӣ таъкид кард:
«Гурӯҳи душвор. Вале мо талош мекунем ва аз гурӯҳ мебароем."
махсус барои СССР