Дебочаи футболӣ
Бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон ба мавсим, мукаммалгардонии ҳайат, санҷиши бозигарони нав ва шурӯъи самараноки марҳилаи аввали тайёрии онҳо, ҳамасола аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон, дар моҳи феврал мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷқикистон баргузор мегардад, ки қаҳрамони феълии мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи ниҳоии он иштирок намекунад. Дар ин давра “Истиқлол” ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Анталияи Туркия мегузаронад. Он гунае, ки мухлисони футбол огоҳанд, баъд аз мавсими бобарори порсола ва бахусус баромади бомуваффақият дар Лигаи чемпионҳои Осиё- 2021 шумораи зиёди бозигарони ҳайати асосии “Истиқлол” ба дастаҳои бузургтари осиёӣ гузоштанд ва роҳбарияти бошгоҳ барои пурқувват кардани ҳайат бо бозигарони нав чораву тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2022 низ “Истиқлол”-и мо дар гурӯҳи мураккабе қарор дорад...
Хуҷанди “давлатӣ” ва “ЦСКА-и военный”
Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё аз лиҳози дараҷабандӣ дуввумин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ мебошад. Имсол дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба ҳайси барандаи Ҷоми миллӣ-2021 ва Клуби марказии варзишии Артиш (ЦСКA)-и шаҳри Душанбе ба ҳайси барандаи медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2021 баромад мекунанд. Қобили зикр аст, ки “Хуҷанд”-и Хуҷанд муассисаи давлатӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати вилояти Суғд маблағгузорӣ мешавад ва аз лиҳози молӣ қариб ки мушкиле надорад. Фақат роҳбарияти дастаро лозим аст, аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, ба мусобиқаи имсола дар ҳадди лозимӣ омода шаванд. “Хуҷанд”, аллакай ин таҷрибаро дорад ва боварӣ дорем, ки роҳбарият, ситоди мураббиён ва бозигарони “Хуҷанд” омодагияшонро ба мусобиқаи имсола ҷиддитар мекунанд. Клуби марказии варзишии Артиш (SSCA)-и Душанбе, ки мураррифгари Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, каввалин маротиба дар таърихи фаъолияташ дар чунин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ иштирок менамояд. То он ҷое ки иттилоъ дорем ба ин самти мавзӯъ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таваҷҷӯҳ доранд ва “мудофиачиёни футболбоз”-и моро дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Мо низ ба Шералӣ Мирзо, ки то ин дам чун ҳавохоҳу ҳаводори кинофилму сурудҳои ҳиндӣ номовар буду шукри Худо мухлиси футболи Тоҷикӣ низ шуд, боварӣ дорем! Мо Метавонем!
“Истаравшан” ҷиддӣ омода мешавад
Ба вазифаи сармураббии даста мутахассиси эронитабор аз кишвари Олмон даъват шуд. “Истаравшан”-ро, ки соли гузашта то роҳ ёфтанаш ба Ҷоми AFC ҳамагӣ 1 қадами дигар монда буд, имсол вазифа мушаххас аст. Тамоми ҳаводорони футболи шаҳри бостонии Истаравшан орзу доранд, ки дастаи худро дар Ҷоми AFC бубинанд. Роҳбарият ва ситоди мураббиён барои ин комёбӣ талошҳои зиёд доранд. “Истаравшан” низ асосан аз ҳисоби Ҳукумати шаҳри Истаравшан маблағгузорӣ мешавад. Роҳбарияти бошгоҳ талоши ба даста ҷалб намудани дигар сарпарастонро дорад, аммо то ҷое ки иттилоъ дорем, мутаассифона на он қадар муваффақ.
Дар бораи “Эсхата”-и Хуҷанд бошад, гуфтании зиёд надорем. ”Эсхата” зери сарпарастии бонки ҳамномаш оҳиставу бомаром ва ба гуфти бародарони хуҷандимон секин-секин пеш рафта истодааст.
3 дастаи Хатлон...
Вилояти Хатлонро дар Лигаи олии Тоҷикистон 3 даста – “Хатлон”-и Хатлон, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Файзканд”-и Восеъ намояндагӣ мекунанд. Порсол “Хатлон” дар ҷадвали мусбиқа мақоми 5-умро ишғол кард. “Равшан” ва “Файзканд” бошанд бо азоби алиме, илоҷе карда, дар Лигаи олӣ монданд. Ҳатто дар даври охирин агар “Кӯктош” дар майдони худаш бо ҳисоби 1 бар 2 аз “Истиқлол” мағлуб намешуд, “Равшан” аз Лигаи олӣ мепарид! Яъне новобаста аз натиҷаи бозияш дар даври охирин, дар сурати бар “Истиқлол” ғолиб шудани “Кӯктош”, дастаи “Равшан” лигаи олиро тарк мегуфт. Хуб, инро мо барои он гуфтем, ки баъзе “мухлисон” ҳамеша “Истиқлол”-ро “душмани рақами 1” барои “Равшан” медонанд. Бигзор акнун фаҳманд, ки аз дӯсти номард дида, душмани мард беҳтар аст.
Дар ин бора дар зер менавсием!
Дастаи “хориҷӣ”???
“Файзканд” низ ҳамагӣ 1 зина болотар аз “Равшан” ҷойгир буд ва гуфтан бамаврид аст, ки ҳатто дар мусобиқаи имсола иштирокаш зери суол қарор дошт. Бо ҳама бузургӣ “Файзканд” дастаи бегона барои Восеъ аст. Зеро бозингаронаш аз ин ноҳия нестанд ва даста қариб дар ноҳия тамрину машқ намекунад. Футболистон шояд ҳатто надонанд, ки Восеъ дар куҷо ҷойгир аст?! Ин даста намунаи беҳтарини “дастаи хориҷӣ” дар кишвар мебошад, ки ин хаторо БОЯД масъулин ва сарпарастон рафъ карда, ба Лигаи Олӣ дастаи маҳаллии Восеъро баргадонанд!
“Хатлон” ҳам давлатист
“Хатлон”-ро Ҳукумати шаҳри Бохтар маблағгузорӣ мекунад. 1 нуктаро бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти “Хатлон” тарзи замонавиии фаъолияти футболро роҳандозӣ дорад ва умеду боварӣ дорем, ки дар мавсими нав барои худ сарпарастони иловагиро пайдо мекунад. Гузашта аз ин, “Хатлон” (дар собиқ “Вахш”) дастаи соҳибтаърих аст ва бояд ширкату корхонаҳои муқими вилояти Хатлон онро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.
“Равшан” рӯшан мешавад?
“Равшан”-и Кӯлоб имсол ба тағийроти куллӣ дучор шуд. Баъди дигаргунӣ дар ҳайати роҳбарикунандааш, дар ситоди мураббиён ва ҳайати бозигарони даста низ тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Аксарияти бозигарони акнун собиқи “Равшан” ба ҳайати “Ҳосилот” гузаштанд. “Равшан”, ҳатто макони мустақаршавияшро иваз намуда, омодагӣ ба марҳилаи муқаддимотии Ҷоми ФФТ-ро дар Душанбе гузаронд. Ногуфта намонад, ки наворе аз саҳнаи “бозӣ”-и байни дастаҳои “Равшан” ва “Ҳосилот” дар марҳилаи муқаддимотии Ҷоми ФФТ-2022 чандест дар сомонаҳо мечархад. Дар ин “бозӣ”, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ баргузор шуд, ба ғайр аз бозӣ дигар ҳама чӣ ҳаст. Баъди тамошои он шукр гуфтам, ки “Равшан” дар лигаи олӣ ва “Ҳосилот” дар лигаи якум баромад мекунанд, вагарна рақобати байни онҳо шадидтар аз ҷангҳои спартанӣ дар Юнони қадим мегардид. Моҷаро ин аст, ки футболистони “қаҳркардаи Равшан” бозингарони имрӯзаи Равшанро дар майдон қариб маъюбу маълул мекарданд.
Гуфти Николай Озерови советӣ “Такой футбол нам не нужен!”...
Дӯсту душмани Равшан кист?
“Равшан”-и Кӯлобро Ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” сарапарстӣ мекунанд. Ногуфта намонад, ки дастаи шаҳри Кӯлобро дар 2 соли қаҳрамонияш низ, маҳз ҶДММ “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” дастгирӣ мекард. Директори ҳозираи даста Ғайраталӣ Мираҳмадов он вақт ба ҳайси мураббии калон фаъолият дошт. И.в. раиси шаҳри Кӯлоб Бахтёр Назарзода дар вохӯрӣ бо ҳайати литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон омодагии худро аз дастгирии “Равшан” иброз намуда, аз ҳисоби буҷҷа 1 млн сомонӣ барои Равшан ҷудо кард.
Мутаассуф, тибқи масали “аз Ишқ то Нафрат 1 ваҷаб аст!”, ФК Равшан ба гурӯҳҳо тақсим шудаву ҷанги равониву иттилоотӣ қариб ба нестии даста меовард. Гуфта мешавад, баъзе аз “ветеран” ва “хизматкардаҳо” клубро ба буҳрон кашиданд. Чанд бозиро бохтанд. Бозии тақдирсоз бо Кӯктошро, ки мавҷудияти яке аз ин 2 клубро дар Лигаи Олӣ муайян мекард, ҳамин “ветеранҳо” ҳадафмандона бохтанд! Ҳадафашон аз Лигаи Олӣ паридани ФК Равшан буд, ки хушбахтона тирашон хок хӯрд! Акнун мухлисон худ баҳогузорӣ кунанд, ки Равшанро кӣ бештар дӯст медорад: онҳое, ки худро қаҳрамони Кӯлоб хондаву дастаро зери зарб монданд ва ё Истиқлоли “душман”, ки ҷавонмардона Кӯктошро бурду пропискаи Равшанро дар Лига ба дарозо кашид? Мавзуъро пайгир мемонем ва он “қаҳрамонҳо”-ро ба ш. Кӯлоб муаррифӣ мекунем. Мо Метавонем!
Бозгашти “Наҳанг” ва “Дебютант”
Қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАз”-и Турсунзода, баъди 1 соли иштирокаш дар лигаи якум, боз ба лигаи олӣ баргашт. “Регар-ТадАз” замоне наҳанги футболи миллӣ буд ва бозгашти чунин даста сатҳу сифати дилхоҳ мусобиқаро меафзояд.
Барои “Равшан”-и Зафаробод бошад, кор то ҷое мушкилтар аст. Зеро даста аз ҷониби Ҳукумати ноҳия, умуман дастгирӣ намеёбад ва инак чанд сол мешавад, ки ҳама “шикасту рехти” футболи 1 ноҳияи бузург ба гардани 1 ҷавонмарди ватансозу давлатмеҳвари футболдӯст бо номи Хурсандмурод Ҷумъаев бор аст. Маҳз, бо шарофати ҳамин ҷавон дар Зафаробод дастаи “Равшан” ташкил шуд ва баъд аз баромади бомуваффақият дар Лигаҳои дуюму якум роҳи худро ба элитаи футболи миллӣ ҳамвор сохт. Дар Лигаи олӣ бошад, бе дастгирии Ҳукумати ноҳия ва шарикону ҳамнавоён барои Хурсандмурод хеле мушкил мешавад.
Умед дорем, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ФФТ дар вилояти Суғд, ба дастаи “Равшан”-и Зафаробод, ки дар мавсими имсола барои бори аввал дар Лигаи олӣ баромад мекунад, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, барои даста сарпарастони навро пайдо мекунад. Зеро, то имрӯз дидаем, ки раиси муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳар самту соҳае, ки таваҷҷӯҳ намуданд комёбу муваффақ шуданд. Ва, албатта, бо дастгирии бевоситаи Аҳмадзода футбол дар Зафаробод низ рушду инкишофу пешрафт мекунад.
Нуралӣ Хоркашев,
Муҳаммади Мубориз,