ХАБАРИ ДОҒ

РАИСИ ФУТБОЛБЕЗОРИ НОҲИЯИ ПАНҶ

  • Панҷшанбе, Фев 17 2022

 

 

Литсензиякунонӣ

Тибқи нақшаи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамасола  пеш аз шурӯъи мавсими нав гурӯҳи корӣ созмон ёфта, дастаҳои лигаҳои оливу якуми кишвар санҷиш карда мешаванд. Ин санҷишро, ки яке аз талаботҳои ососии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад, иҷозатномадиҳӣ ё ба таври дигар – литсензиякунонии бошгоҳҳои футбол меноманд. Санҷиши мазкур аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал тамоми мушкилоти ҷойдошта бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳое, ки дастаҳои футболашон дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон иштирок менамоянд санҷида шуда, барои рафъӣ камбудиҳои ҷойдошта чораву табдбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Комиссияи босалоҳияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, иборат аз мутахассисони самтҳои гуногун дастаҳоро аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохторӣ, кадрӣ-маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ тафтиш карда, ба рафти омодагии дастаҳо ба мавсими нав шинос мешавад. Инчунин, комиссияи мазкур ба ҳолати варзишгоҳ, майдони футболбозӣ, утоқҳои либостағйиркунии бозигарон, утоқҳои доварону нозирон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, хулосаи худро ба роҳбарияти Федератсия пешниҳод менамояд.

Роҳбарии бевоситаи комиссияи литсензиякунонии Федератсияро Ноиби президент - Алишер Урунов ба зимма дорад.

 

Сафар ба вилояти Хатлон

Ҳафтаи гузаштакомиссияи литсензиякунонии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вилояти Хатлон саффари хидматӣ анҷом дод. Маврид ба ёдоварист, ки аз вилояти Хатлон се даста – “Хатлон”-и Бохтар, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Файзканд”-и Восеъ дар Лигаи олӣ, “Ҳулбук”-и Восеъ”, “Панҷшер”-и Ҷалолиддин Балхӣ, “Ҳосилот”-и Фархор”, “Моҳир”-и Ёвон ва “Саройкамар”-и Панҷ дар лигаи якуми Тоҷикистон баромад мекунанд. Имсол дастаи футболи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Ҳамадонӣ низ роҳхати  иштирок дар лигаи якуми мамлакатро соҳиб шуд ва дар сурати гузаштан аз санҷиши комиссияи литсензиякунонии ФФТ, имкон дорад, ки дар мавсими футболи соли 2022 дар лигаи якум баромад намояд.

 

Аз Кӯлоб то Балхӣ ҳама хуб буд  

Комиссияи литсензиякунонии Федератсияро дар шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Бахтиёр Назарзода ба ҳузур пазируфт. Вохӯрӣ хеле самимона ва барои ҳарду ҷониб судманд сурат гирифт. Дар рафти вохӯрӣ мавзуҳои мушкилоти соҳа, ҳолати ҳозираи дастаи “Равшан” ва дар маҷмуъ рушду инкишофи минбаъдаи футбол дар шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Аз муносибат ва муомилаи раиси шаҳр бо аъзои комиссия, ба ояндаи футбол дар шаҳри бостонии Кӯлоб умеду боварӣ бастан мумкин буд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ (раисаш Одиназода Бозоралӣ), ноҳияи Восеъ (раисаш Шарбатулло Азизулло), ноҳияи Фархор (раисаш Зариф Вализода), ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (раисаш Убайдулло Файзулло), ноҳияи Ёвон (раисаш Саидзода Ҷамшед) ва   шаҳри Бохтар (раисаш Саломзода Сиҷовуддин) вохӯрии ҳайати комиссия бо намояндагони дастаҳо дар сатҳи баланд ва дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Боварии комил дорам, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда, ки намояндагони Президент дар маҳалҳо мебошанд, мавсими футболи имсола барои дастаҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр бобарор хоҳад шуд.

 

“Саройкамар”-и Панҷ

Пештоз бояд ҳаминро навишт, ки дар гузаштаи начандон дур  “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ яке аз дастаҳои пурқувваттарин на танҳо дар вилояти Хатлон, ки ҳатто дар саросари ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Мактаби футболи ноҳияи Панҷ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи зиёди бозигаронеро тарбият намуд, ки онҳо дар давраҳои гуногун шарафи футболи ватаниро дар арсаи байналмилалӣ сарбаландона ҳимоя намуданд. Ин анъана ҳозир ҳам идома дорад. Сафар Наботов, бародарон Ҷонибек ва Шодибек Ғаффоровҳо, Бахтиёр Чориев, Дилшод Ниҳолов, Иброҳим Муҳтоҷзода, бародарон Искандар ва Насим Маматқуловҳо, Акмал Авазов, бародарон Тоҳир ва Ҳикмат Малодӯстовҳо, Шарифбек Раҳматов, Сомон Мавлонов дастпарварони мактаби футболи ноҳияи Панҷ мебошанд, ки дар ҳайати дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, тими миллӣ ва дигар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон баромад мекунанд. Илова бар ин, ҳамагӣ чанд сол пеш аз ҷониби Дирексияи сохтмони назди Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар марказии ноҳияи Панҷ бо маблағи 12 миллион сомонӣ варзишгоҳи замонавӣ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ мо гумон мекардем, ки дастаи “Саройкамар”-ро дар лигаи олӣ ва дастпарварони мактаби футболи Панҷро дар дастаҳои мунтахаби миллӣ мебинем, аммо...

 

Шоҳиён омаду футбол мурд

Мутаассифона, солҳои охир роҳбарияти ноҳия, бахусус раиси ноҳия - Шоҳиён Зариф Фақер, умуман ба ин самти муҳими ҳаёти иҷтимоии мардум аҳамият намедиҳад. Аз бетаваҷҷӯҳии раис, кор то ба ҷое расидаст, ки дастаи як замон маъруфи “Саройкамар” дар ҳоли парешонӣ ва аз рӯйхати дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон берун шудан қарор дорад. Бо вуҷуди пешакӣ ба таври хаттӣ огоҳ намудан аз сафари худ, комиссияи литсензиякунонии ФФТ дар Панҷ  муҳтарам Шоҳиёнро пайдо карда натавонист, то мушкилоти мавҷударо таҳлилу баррасӣ намояд. Ё шояд раис аз омадани комиссия бохабар шуд, ки ба куҷое рафт ва дигар барнагашт. Аммо, аз комиссия пинҳон шудану аз вохӯрӣ гурехтан роҳи ҳалли мушкил нест муҳтарам раис! Мо, хуб медонем, ки дар ҳама самтҳо мушкилот ҷо дорад ва онҳоро танҳо дар якҷоягӣ ҳаллу фасл кардан лозим аст. Илова бар ин барномаҳои давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба тасвиб мерасанд, бояд иҷрои худро ёбанд ва дар саргаҳи иҷрои онҳо раисону роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар бошанд. Зеро онҳо намояндаи бевоситаи Президент дар маҳалҳо мебошанд.

 

Анҷом

Фикр мекунам, дар шароити имрӯзае, ки мову шумо қарор дорем, бояд ҳар раису саису мансабдору бемансаб дарк кунад, ки варзиш, бахусус футбол омили аосии дар рӯҳияи ҷавонмардиву ватанпарастӣ тарбият намудани насли наврас мебошад. “Барномаи давлатии рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, ки ба қарибӣ аз ҷониби Президенти муҳтарами мову шумо Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, роҳнамои аосии пешрафти футбол дар кишвар аст ва ҳар банди он бевосита бояд иҷро шавад. Илова бар ин, боварии комил дорем, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон ва узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад, ба дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва мактаби футболи Панҷ боз ҳам фаъол мегардад. Ногуфта намонад, ки дар ноҳияи сарҳадии Панҷ ҷавонмардони бонанги ватансоз зиндагӣ мекунанд ва ҳамеша аз сиёсати созандаи сарвари давлат пуштибонӣ менамоянд. Пас, бояд коре кард, ки футбол дар ин ноҳия эҳё шавад. Бовар кунед, ки ба суди ҳамаи мову шумо хоҳад буд. Мо, медонем, ки чӣ мегӯем!

 

                                                                                                                        Нуралӣ Хоркашев

                                                                                                                        Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter