Рӯзи 24-уми феврали ҳафтаи гузашта, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 доир гардид. Тибқи қуръакашӣ 6 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил шуд ва дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар 1 давра рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкек барпо мегарданд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – 6 ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин 5 дастае, ки бо натиҷаҳои хубтар дар ҷойи дувум қарор мегиранд, роҳ меёбанд. Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Умон, Ветнам, Чин ва Қатар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 кайҳо роҳ ёфтаанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:
Гурӯҳи «А»: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Узбекистон (мизбон), Тайланд, Молдив, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «D»: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афғонистон, Камбоҷа.
Гурӯҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.
Гурӯҳи «F»: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.
Петр Сегрт: "Вазифаи мо-Ҷоми Осиё!"
Аксари коршиносон гурӯҳеро, ки тими миллии Тоҷикистон дар он баромад хоҳад кард, гурӯҳи миёна баҳогузорӣ мекунанд ва алоқамандона ба оне, ки шумораи зиёди бозигарони тими миллиямон дар дигар кишварҳо баромад мекунанд, ҳатто Тоҷикистонро аз қудратмандтарин дастаи гурӯҳ низ мешуморанд.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт назари худро ба натоиҷи қуръакашӣ чунин баён кард:
“Мунтахаби Тоҷикистон аллакай дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо дастаҳои Қирғизистон ва Мянмар бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи мо ҳарифони шинос ҷамъ шудаанд. Бозиҳои интихобӣ барои ҳеҷ 1 аз дастаҳо осон нахоҳад буд. Мо бояд ҳама рақибонро эҳтиром кунем ва ба бозиҳои интихобии моҳи июн хуб омода шавем. Ман ба дастаам бовар дорам. Барои мо вазифа 1 аст - ба мусобиқаи интихобӣ омодагии хуб гирифта, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 соҳиби роҳхат шудан. Мутмаинам, ки бори аввал дар таърихи футболи тоҷик мо метавонем ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирем».
Тими миллӣ бояд вазифаашро иҷро кунад
Бо оне ки имрӯз шумораи зиёди бозигарони тими миллии Тоҷикистон дар клубҳои футболи пурқуввати осиёиву аврупоӣ бозӣ мекунанд, мо низ бар он андешаем, ки дар гурӯҳ пурқувваттарин тим ҳастем ва яке аз 2 роҳхати марҳилаи ниҳоиро соҳиб мешавам. Фақат ба ин мусобиқа, ки то оғози он камтар ё бештар аз 100 рӯзи дигар боқӣ мондаст, тими миллии Тоҷикистонро бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагии ҳамаҷониба зарур аст. Боварии комил дорем роҳбарияти Федератсия барои омодагии тими миллӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мекунад ва ахиран мо низ дар қатори зӯртарин дастаҳои мунтахаби Осиё дар сабқати ниҳоӣ баромад намуда, шарафи футболи Тоҷикистонро ҳимоя менамоем.
Мо Метавонем!
Нуралӣ Хоркашев
махсус барои СССР