Барои нахустин бор аст, ки Тоҷикиситон шонси 200% дорад то ба финали Осиё равад. Зимнан, қаҳрамонҳои умедбахши ояндаро СССР муаррифӣ мекунад. Мо Метавонем!
Он гунае, ки дар матлаби қаблиямон барои ҳаводорону мухлисони футболи газетаи мардумии СССР хабар додем, тибқи қуръакашии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур рақобат мекунад.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар як қисм рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешаванд. Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ёздаҳ даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва ҳамчунин панҷ дастае, ки бо нишондиҳандаҳои беҳтар мақоми дуюмро ишғол намуданд, роҳ меёбанд.
Ситоди мураббиёни нав
Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва баромади бомуваффақият дар бозиҳои марҳилаи интихобӣ ва соҳиб шудани роҳхати ҳақи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, аз ҷониби роҳбарияти Федератсия ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт таъин шуд. Ӯро ёваронаш, мутахассисони гурҷӣ Гела Шекиладзе ва Тамази Бокерия кӯмак мекунанд. Албатта, ба ситоди мураббиёни нави тими миллӣ аз шумори мутахассисони тоҷик низ мураббиён шомил карда мешаванд. Дар назди сармураббӣ ва дастаи ӯ вазифаи баромадан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 гузошта шудааст.
То имрӯз мунтахаби миллии кишвари мо дар қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё ҳеҷ вақт баромад накарда аст ва агар Петр Сегрти ҳамватани Лука Модричи маъруф ин роҳхатро ба даст орад, он гоҳ дақиқан исми ӯ бо ситоди мураббиёну ҳайати дастааш дар китоби таърихи футболи миллӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ мешавад.
Соле, ки накӯст...
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт дар нишасти аввалини худ бо хабарнигорони варзишӣ, ки дар маҷлисгоҳи Федератсия баргузор шуд, аз инфрасохтори футболи тоҷик ситоиш намуда, гуфт, ки чунин коргузорӣ ва муносибати ҷиддиро ба футбол дар каме аз кишварҳои фаъолияткардааш вохӯрдаст. Ӯ, инчунин футболро бозии дастаҷамъона хонда, аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки дар амалӣ намудани вазифаи тими миллӣ бояд бо ситоди мураббиён ҳамкории зич ва фаъолияти якҷоя дошта бошанд. Қобили зикр аст, ки вохӯрии нахустини сармураббӣ бо хабарнигорон хело самимона буд ва дилро гарм мекард. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост”. Мо низ ба Сегрт ва тими миллии худ боварӣ дорем. Мо Метавонем!
Легионерҳои мо
Агарчӣ барои мо маълум нест, ки сармураббии нав киро ба ҳайати тими миллиямон даъват мекунад ва киро не, аммо 1 чиз мусаллам аст, ки ҳеҷ вақт дар таърихи футболи ватанӣ чунин шумораи бузурги футболбозонамон дар дастаҳои футболи хориҷи кишвар баромад намекарданд.
Имрӯз бештар аз нисфи зиёди бозингарони ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар чемпионати кишварҳои Осиёву Аврупо, қораи Араб, аз ҷумла Эрон, Узбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Баҳрайн, Белорус, Булғористон ва ҳатто дар Испания (!!!) ва Зенити Санкт-Петербург баромад мекунанд. Ин бар он маънист, ки дар ҳолати омодагии ҳамаҷониба ва тайёрии хуб, тими миллии Тоҷикистон имконияти пурраи роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023-ро дорад.
Дар навбати худ Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ва баромади бомуваффақияти даста чораву тадбирҳои амалӣ андешида, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекунад.
Мо ба роҳ ёфтани даста боварӣ дорем, аммо вақт доварӣ асосӣ аст...
Нуралӣ Хоркашев
Махсус барои СССР
Ҳайати КФ Тоҷикиситон:
Парвиз Умарбоев -Локомотив (Булғористон )
Ваҳдат Ҳаннонов- Персеполис (Эрон)
Манучеҳр Сафаров- Персеполис (Эрон)
Шериддин Бобоев- Мактараал (Қазоқистон )
Нозим Бобоҷонов - Ал Аҳлӣ (Баҳрайн)
Алишер Ҷалилов - АГМК (Узбакистон )
Эҳсони Паншанбе- Навбаҳор (Узбакистон )
Даврон Эргашев- Бунёдкор (Узбакистон )
Зоир Ҷурабоев - Сурхон (Узбакистон)
Шарифбек Раҳматов -Турон (Узбакистон)
Сиёвуш Ҳабибуллоев - Турон (Узбакистон)
Салоҳиддин Иргашев -Металлург (Узбакистон)
Сиёвуш Асроров - Раҳматгонҷ (Бангладеш)
Амадонӣ Камолов- Райо М (19) (Испания)
Муродалӣ Ақназаров - Анталия (19) (Туркия)
Алиҷони Айнӣ-Краснодар (17) Русия
Абдулло Ҷебов - Зенит (17) Русия
Далер Шарипов- Металлург (18) (Узбакистон)
Шаҳром Самиев Торпедо Белаз (Белорус)
Комрон Турсунов (Ҳиндустон)
Бахтиёр Қаландаров (Ҳиндустон)
Ҷаҳонгир Эргашев (Нефтчи Қирғизистон)