Алиҷон Маҳмудов, хонандаи ҳамешагии СССР аз вилояти Суғд ба идораи газета занг зада (тел: 832222-04-00), аз рушду пешрафти футболи тоҷик хушҳолӣ кард.
- Бозиҳо бо иштироки дастаҳои “Истаравшан» ва Хуҷанд”, ки ҳарду дар майдони худ мағлуб шуданд, натиҷаи сенсатсионӣ ва ногаҳонӣ овард. Ҳарду ҳам дар ҳақиқат мухлисони сершумори худро дар ин давр сахт хиратабъ карданд. Ба дастаи овозадори “Хуҷанд” чӣ шуд, ки аз 2 вохӯрии охир ҳамагӣ 1 хол насибаш гашту халос? Ин аллакай барояш бохти дуюм аст. Магар бо ин аҳвол футболбозони соҳили Сир дар мусобиқоти байналмиллалӣ бо сари баланд Тоҷикистонро муаррифӣ карда метавонанд? Ҳаргиз!
Айни ҳол натиҷаҳои 2 дастаи нави Лигаи Олӣ “Регар-ТадАЗ”-у “Равшан”-и Зафаробод ҳам бад нест, хусусан офарин ба “Регар-ТадАЗ”. Зафарободиҳо бошанд, танҳо 1 бозӣ дар майдони худ гузарониданду халос, 3 бозӣ дар сафар бо дастаҳои пурқувват, мусовӣ бо Равшан дар Кӯлоб-Арена. Ба ҳар ҳол хуб аст, ки муборизаҳо пуршиддату шавқовар мегузаранд. Футбол дар Тоҷикистон пеш меравад, ки ин албатта хуб аст.