Чемпиони 10 каратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар 3 бозии аввали худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 аз дастаҳои “Ар-Роён”-и Қатар (2:1), “Шарҷа”-и Иморти Муттаҳиддаи Арабӣ (3:2) ва “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Судӣ (1:0) мағлуб шуд. Мутахассисони собиқадори футболи ватанӣ қасса мекунанд, ки вақте дастаи маъруфи “Помир”-и Душанберо дар лигаи 1 аҳволаш бад шуд ва хавфи ба лигаи 2 гузаштан ба миён омад, дар зинаҳои болоии Ҳукумати РСС Тоҷикистон дастбакор шуданд ва ба кӯмаки даста бархостанд. Дарҳол сармураббии нав даъват шуда, бо футболбозон вохӯриҳо ташкил гардид ва онҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Зеро, “Помир” мухлисони хеле зиёд дошт ва бохтҳои ӯ ба ҳолати равонии мухлисонаш таъсири манфӣ мерасониданд. Вале, боварии комил бар онам, ки агар “Истиқлол” боз 3 бозии боқимондаи дигарашро ҳам дар Лигаи қаҳрамонҳои имсола бой диҳад, ба ҷуз Президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидзода дигар ягон мансабдору чиновникамонро миллааш хам намехӯрад ва парво ҳам надорад. Маъзарати зиёд, аммо барои аксарияти сарватмардону соҳибмансабони мо рамаи бузу гӯсфанду подаи гову галлаи аспаш муҳимтар аз ҳазор ифтихороти милливу ҳуввияти ватандорист. Вале, то замоне, ки мо футболро ба ғояи мутаҳидкунандаи милливу омили сарҷамъии мардум табдил насозем, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ сархаму варшикастаем. Ба 1 гул баҳор намешавад. Мо 20 сол аст, ки инро мегӯем, аммо гӯши суханшунаве пайдо нашуд, ки нашуд...
Нуралӣ Хоркаш
Махсус барои СССР