Моҳи июни имсола дар тақвими кории дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон хеле ва хеле сермусобиқа омад. Тими миллии кишвар аз 8 то 13 июн дар Бишкеки Қирғизистон дар марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2023 ва дастаи мунтахаби миллии то 23 солаи кишвар аз 2 то 16 июн дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Тошканди Узбекистон иштирок менамоянд. Бадии кор барои футболи миллии мо дар он гашт, ки ҳарду мусобиқаҳо дар 1 вақт баргузор мешаванд ва шумораи зиёди бозингарони ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони мамлакат, аз ҷумла Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Эҳсони Паншанбе, Шаҳром Самиев, Шериддин Бобоев, Алиҷони Кароматулло, Шервонӣ Мабатшоев, Зоир Ҷӯрабоев шомили тими миллӣ гаштанд.
Айб дар ош не-дар мош!!!
Бозингароне, ки дар бозиҳои марҳилаи интихобӣ байни ҷавонон ҳарифони пурқудрати худро шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд, дар ин қисмати мусобиқа дигар ба дастаи худ кӯмак накарданд. Илова бар ин, аз ноомади кор сармураббии даста Мубин Эргашев, ки таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ғолиби марҳилаи интихобӣ ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба Тошканд гашта буд, бо сабаби беморӣ фаъолияташро идома дода натавонист. Мубин айни замон бо мусоидат ва дастгирии бевоситаи роҳбарони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Эрон табобат мегирад. Худоро шукр, ки ӯро салиматияш беҳтар шуда истодааст.
Ба ҳамин тартиб, зарурат пеш омад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз шуруъи мусобиқа сармураббии “Хатлон” Аслиддин Ҳабибуллоев ба сифати иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ҳайати дастаро комил гардонида, онро ба ин мусобиқа омода намояд. Ногуфта намонад, ки баъд аз иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 коршиносон дастаи моро яке аз пурқувваттарин дастаҳои ҷавонони осиёӣ арзёбӣ намуданд, аммо корро бубинед, ки чӣ гуна ранг гирифт... Набудани бозингарони болозикр дар ҳайати дастаи ҷавононамон дар бозии якум муқобили Арабистони Саудӣ бармало гашт, ки онро мо бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 бохтем...
Умед бар Бишкек!!!
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бошад, барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” дар Бишкек баромад мекунад. Рақибони мо мунтахабҳои Мянмор (8 июн), Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) мебошанд. Ба дастаи миллӣ дар ин рақобатҳо барору комёбӣ таманно менамоем.
Чанд рӯз пеш бошад, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳиддаи Арабӣ дар 2 бозии дӯстона (3:1, 1:0) пирӯз гашт. Қобили зикр аст, ки чанд тан аз бозингарони ҳайати асосии ин мунтахабамон низ дар ҳайати тими миллӣ ва дигар дастаҳои беруни кишвар баромад мекунанд ва пайваст шудани онҳо қудрати дастаро меафзояд.
Аз ин хотир, аз мухлисони футболи тоҷик хоҳиш мекунам, ки аз шикастҳо рӯҳафтода нашаванд ва ба оянда назари нек дошта бошанд. Муҳим, ки тими миллӣ дар Бишкек соҳиби роҳхати Ҷоми Осиё-2023 шавад.
Мо Метавонем!
Нуралӣ Хоркаш
Махсус барои СССР