(Ба диққати роҳбарони ФФТ)
Рӯз мешуморему орзую ният мекунем, ки Футболбозони дастаи мунтахаби миллии “Тоҷикистон” ҳам тезтар ба майдони сабз бароянд. Инак, ана ҳамон рӯзҳои хурсандибахш ҳам фаро расид. То охири моҳи июн варзишгарони тоҷик бо якчанд дастаҳои мунтахаб вохӯрии расмии “Осиё-2023” мегузаронанд. Хушбахтона ҳарифони мо дастаҳои мунтахаби сустқудрату камтаҷрибаанд. Пас, боварӣ дорем, ки дастаи Тоҷикистон бо сари баланд ва бо комёбиҳо аз гурӯҳаш мебарояд.
Аммо 1 ҳолат мо-мухлисони сершумори Суғдиро бо таассуф ба ҳайрат меорад: ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ягон нафар аз вилояти Суғд даъват нашудаанд. Ана гапу мана гап! Дар ҳоле, ки 4 даста аз ин минтақаи тараққикардаи футбол дар Лигаи Олӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Дилшод Бозоров-айни ҳол нишонзани беҳтарини Чемпионати Тоҷикистон, Илҳом Баротов, Фирдавс Чақалов борҳову-борҳо футболбози беҳтарини “Лигаи Олӣ” эълон шуданд. Илҳом бошад лидери “Истаравшан” аст. Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ахмедов ва ғайраҳо ҳамаи инҳо магар арзандаву зебандаи дастаи мутахаби миллӣ нестанд? Пас, штаби мураббиёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба куҷо менигаранд? Сармуррабӣ-ку тамоман одами нав ва аз хориҷа аст. Хайр, боқимондаҳо ба куҷо менигаранд? Эй мардум, эҳтироми дигар минтақаҳоро ҳам кунед...
Алиҷон Маҳмудов,
Узви Ассотсиатсияи шореҳони
варзиши Тоҷикистон