ХАБАРИ ДОҒ

Сипосгузории Конфедератсияи футболи Осиё ба ФФТ

  • Чоршанбе, Май 11 2016

Ҳафтаи гузашта ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон аз номи котиби генералии Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон номаи расмӣ ирсол гардид. Дар нома КФО ба ФФТ ҷиҳати дар сатҳи баланди омодагӣ ташкилу баргузор гардонидани чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ изҳори сипосгузорӣ баён менамояд.

 

Дар номаи расмие, ки аз ҷониби котиби генералии Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон ба номи ноиби аввали президент ва дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ирсол шудааст, аз ҷумла чунин гуфта мешавад: 

“Аз номи президенти Конфедератсияи футболи Осиё ва Кумитаи Иҷроия мехоҳам Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои бомуваффақият ташкилу баргузор гардонидани чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ муборакбод намоям. 

Ин комёбӣ натиҷаи кори пурсамари ФФТ мебошад, ки барои дар сатҳи зарурӣ ташкил гардонидани ин мусобиқаи бонуфуз анҷом дода шуд. Мо, инчунин, ба тамоми аъзоёни кумитаи тадорукотии маҳаллӣ низ барои истиқболи самимона ва пазироии гармашон аз намояндагони КФО ва дастаҳои иштирокчии ин мусобиқа сипосгузорем.   

Мо боварӣ дорем, ки дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардонидани чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ Федератсияи футболи Тоҷикистонро ҷиҳати дар Тоҷикистон баргузор гардонидани дигар мусобиқаҳои байналмилалии КФО ҳавасманд гардонида, ба рушду инкишофи футбол байни занону духтарон вусъати тоза мебахшад. Ташаккур!”.

 

Мухбири худамон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter