ХАБАРИ ДОҒ

Иштироки роҳбарони ФФТ дар Конгресси ФИФА

  • Чоршанбе, Май 18 2016

Дар Мексика рӯзи шанбеи 14 май Конгресси 66-уми ФИФА кори худро ҷамъбаст намуд, ки дар он Федератсияи футболи Тоҷикистонро ноиби аввал ва ноиби президенти Федератсия, мутаносибан, Хуршед Файзуллозода ва Дилшод Ҷӯраев намояндагӣ карданд.

 

 Котиби генералии ФИФА зан шуд!

Дар Конгресси ФИФА як қатор қарорҳои муҳим қабул карда шуданд, ки номбар шудани номи котиби генералӣ ва ба ҳайати ФИФА шомил гардидани ду  Федератсияи миллии нав – Косово ва Гибралтар муҳимтарини онҳо мебошанд. Вазифаи котиби генералиро намояндаи Сенегал Фатма Самура ишғол намуд. Қобили қайд аст, ки барои бори аввал дар таърихи ФИФА  ин вазифаро зан ишғол мекунад.  

Самура дар ин вазифа Маркус Катнерро иваз намуд. Катнер сар аз моҳи январи соли ҷорӣ баъди аз вазифа озод шудани котиби генералии ФИФА Жером Валке, муваққатан и.в. котиби генаралии ФИФА буд. Фатма Самура бошад даҳ соли охир дар кишварҳои африқоӣ СММ-ро намояндагӣ мекард. Айни замон Фатма Самура, инчунин, вазифаи намояндаи доимии барномаи рушди СММ дар Нигерияро ба зимма дорад. “ Ин одам аз оянда аст. Ба аъзои шӯро, ки номзадии Самураро ба вазифаи котиби генералии ФИФА дастгирӣ намуданд, сипосгузорӣ баён мекунам. Ӯ аз Африқо, аз қитъаест, ки он ҷо боз корҳои бузургро метавон оиди рушду инкишофи футболи ҷаҳонӣ анҷом кард ва мо дар оянда ҳатман онҳоро дар якҷоягӣ роҳандозӣ хоҳем кард”, - гуфт баъд аз номзадии Самураро эълон намудан президенти ФИФА Ҷанни Инфантино.  

Аъзои ФИФА зиёд шуд

Бо ҷонибдории шумораи бештари овозҳо Федератсияи футболи Косово (FFK) ва Ассотсиатсияи футболи Гибралтар  (GFA) ба узвияти ФИФА шомил шуданд. Ба ин тартиб, ҳайати аъзои ФИФА ба 211 Ассотсиятсияву Федератсияи миллии кишварҳои ҷаҳон васеъ гардонида шуд. 

Ҳукумат ба кори Федератсияҳо дахолат накунад!

Узвияти ду федератсияи миллӣ – Кувайт ва Бенин бо қарори ФИФА муваққатан боздошта шуд. Узвияти Федератсияи футболи Индонезия бошад баъди аз ҷониби Ҳукумати ин кишвар ба ФИФА мактуби мутобиқаткунанда ирсол гардидан, барқарор карда шуд. Моҳи сентябри соли 2015 Кумитаи Иҷроияи ФИФА Ассотсиатсияи футболи Кувайтро оиди муваққатан боздоштани фаъолияташ ҳушдор дода буд. Гап сари он меравад, ки дар қонунгузории ин кишвар қонуне қабул карда шуд, ки ба ақидаи ФИФА Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз соҳибихтиёрӣ маҳрум мекард. Ҷониби Кувайт бояд то 15 октябр мавзуъро баррасӣ намуда, натиҷаашро бо мактуби расмӣ ба ФИФА пешниҳод менамуд, ки ин корро иҷро накард ва ФИФА узвияти Кувайтро муваққатан боз дошт. 

Муваққатан аз узвияти ФИФА барканор шудани Федератсияи футболи Бенин бошад аз ҷониби суди маҳалии ин кишвар монеи дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор гардонидани интихобот дар Федератсияи футболи Бенин мебошад. 

“Шӯрои ФИФА қарор кард, ки барканорӣ аз Федератсияи футболи Бенин танҳо дар сурати шаффоф баргузор шудани интихоботи Федератсияи футболи ин кишвар бардошта мешавад. Дар бораи Кувайт бошад ҳаминро гуфтаниям, ки барканории Федератсияи футболи ин кишвар аз узвияти ФИФА он гоҳе бардошта мешавад, ки қонунҳои варзишӣ дар кишвар соҳибихтиёрии Федератсияи футболи Кувайтро таъмин намоянд”, – гуфт дар конгресс Маркус Катнер.  

Мавзуҳои молиявӣ асосиянд  

Инчунин, дар Конгресс якчанд мавзуи молиявӣ низ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд. Аз нав дида баромадани буҷаи ташкилот барои солҳои  2015-2018 ва буҷаи тасдиқшуда барои соли 2017 якдилона пазируфта шуд. Ба ҷонибдории мавзуҳои зикршуда 100% намояндагон овоз доданд. Инфантино қайд намуд, ки аъзоёни конгресс “қарори барои футбол бисёр муҳимро” қабул карданд. 

Каттнер дар маърӯзаи худ қайд кард, ки зиёд кардани буҷаи умумии ФИФА дар солҳои 2015-2018 то ба 656 миллион доллар дар назар дошта шудаст. Ин маблағро аз ҳисоби фурӯши ҳуқуқҳои телевизионӣ ва маркетингӣ ба даст даровардан имкон дорад. Ба ин тартиб, ҷамъи нави умумии ин маблағ ба 5, 656 миллион доллар расонида мешавад. Ӯ, инчунин, қайд намуд, ки дар солҳои оянда ФИФА мақсад дорад сифати корро паст накарда, 270 миллион долларро сарфа намояд.

Бӯҳрони ФИФА пушти сар шуд 

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар ҷамъбасти сухани худ қайд кард, бӯҳрони ФИФА пушти сар монд. 

“Албатта, гузаштаро тағйир наметавон кард, аммо ман метавонам дар якҷоягӣ бо шумо оиди созмон додани ояндаи нав фаъолият кунам. Ҳар кас ба ҳаёти ФИФА ҳиссаи худашро мегузорад. Конгресси имрӯза бе ягон шакку шубҳа исбот намуд, ки ФИФА ба роҳи пештараи худ баргашт. Расман метавонам бигӯям, ки бӯҳрони ФИФА анҷом ёфт ва мо ояндаи дурахшони худроро интизорем”, - гуфт Инфантино дар баромадаш назди намояндагони Конгресс.

Конгресси навбатии ФИФА 11-12 майи соли 2017 дар Куала-Лумпур доир мешавад. Инчунин, тасдиқ шуд, ки соли 2018 Конгресси ФИФА рӯзҳои 12-13  июн дар Москва, дар арафаи оғози чемпионати ҷаҳон баргузор мешавад. 

 

Х. Нуралӣ

Барои ФутболvsСССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter