ХАБАРИ ДОҒ

Дар деҳаи мо майдонча месозанд?

  • Чоршанбе, Окт 19 2022

 

 Меҳроҷиддин Ғуломов сокини деҳаи Хучии н.Шаҳринав меҳмони идораи мо шуда, аз набуди варзишгоҳ шиква кард:

-Варзиш гарави саломатӣ ва кафили зиндагии солим мебошад. Бо ин назардошт  имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияи кишвар майдончаҳои варзишӣ сохта шуда истодаанд. Ман ҳамчун 1 хонанда аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват ба амал меоварам, ки дар деҳаи мо низ, ки дурдасттарин қишлоқ аст, 1 майдонча ё толори варзишӣ созанд. Дар ҳолати сохта додани майдончаву толори варзишӣ дар деҳоти дурдаст, мо-ҷавонон ба корҳои беҳуда саргардон нашуда, аз паси ҳар муллову фанат нарафта, ба варзиш машғул мешавем. Ҳам саломативу ҳам дур будан аз тамоми корҳои номатлуб дар варзиш ниҳон аст. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter