Инак, 10 сол мешавад, ки Рустами Эмомалӣ футболи тоҷикро роҳбарӣ дорад. Дар ин давра футболи ватанӣ чи гуна ба тағйиру таҳавуллот рӯбарӯ гашт, ба чи муваффақиятҳо даст ёфт ва имрӯз кадом мавзуҳо ҳаллу фасл мешаванд.
Айни замон футболи Тоҷикистон давраи пурталотумеро ба сар бурда, дар марҳилаи дигаргуниҳои куллӣ қарор дорад.
Вақте соли 2012 Рустами Эмомалӣ ба ҳайси роҳбари соҳа интихоб гардид, футболи тоҷик дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дошт. Тамоми ҷомеаи футбол дарк карда буд, ки барои аз ин рукуд баромадан, ислоҳоти мушаххас лозим аст. Аммо касе намедонист, ки чӣ тавр ин корро анҷом диҳад ва як шахси қавииродае лозим буд, ки футболро сарварӣ кунад ва ислоҳотро оғоз намояд. Аз ин рӯ, вақте Рустами Эмомалӣ ба мақоми роҳбариФедератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд, бештари коршиносон ва ҳаводорони футбол ин интихобро пазируфтанд.
АЗНАВСОЗИИ ФУТБОЛИ ТОҶИК
Даҳсолаи нави (2012-2022) таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар 1 муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бо ибтикори бевоситаи раиси ФФТ дар кишвар садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиб барои рушду беҳбуди футбол амалӣ гардонида шуданд. Сохтмони майдонҳои футбол ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои мувофиқи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шуруъ кард. Бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар раддабандии AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Командаи ҷавони Рустами Эмомалӣ сохтори менеҷменти футболро ба кулли тағйир дода, ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуд. Ба шарофати раванди дурусти рушди ҳамаҷонибаи футболи тоҷик, дар ҷумҳурӣ теъдоди мураббиёни дорои иҷозатномаи дараҷаи «Про» афзоиш ёфт. Имрӯзҳо комиссарони футболи Тоҷикистонро барои идораи раванди баргузории бозиҳои муҳими байналмилалӣ даъват мекунанд. Соли дуюм аст, ки пизишкони Раёсати тиббии ФФТ дар бозиҳои таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ба ҳайси афсари тиббӣ таъин мешаванд. То соли 2012 инро ҳатто орзу кардан мумкин набуд.
Дар солҳои роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар футболи тоҷик сомонаи расмии ФФТ ба фаъолият оғоз намуд. Бори аввал дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии ТВ «Варзиш» ва ТВ «Футбол» таъсис ёфтанд. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият ёфт. Бо дастури бевоситаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун ташкил карда шуд.
КӮДАКОН – ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӮҲ
Раҳбарияти нави ФФТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ тамоми низоми футболи наврасонро тағйир дод. Лигаи кӯдакону наврасон созмон дода шуд, мактабҳо ва академияҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Ҳоло қариб ҳамаи дастаҳои касбии футболи кишвар аз рӯи синну сол гурӯҳҳои пурраи кӯдакона доранд. Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин лигаи наврасони Осиё дар соли 2019”-ро соҳиб шуд.
Дар яке аз ҳамоишҳо ФИФА қайд намуд, ки ФФТ нахустин Ассотсиатсияи миллие шуд, ки ҷиҳати амалисозии барномаи «Forward» бо вай шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар бораи чунин амалҳо пештар фақат орзу кардан имкон дошту халос!
ДАСТОВАРДҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Замоне буд, ки КФО бошгоҳҳои футболи Тоҷикистонро муфлис ҳисобида, танҳо як дастаи кишварро иҷоза дода буд, ки дар мусобиқаи аз лиҳози дараҷабандӣ сеюми КФО – “Ҷоми президенти КФО” бозӣ кунад. Инчунин, мунтахаби миллии Тоҷикистон низ, танҳо ҳаққи иштирок дар мусобиқа барои тимҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд - “Ҷоми даъват”-и КФО-ро дошту халос.
Баъди соли 2012 мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии 3 қаҳрамонии ҷаҳон ва 3 Ҷоми Осиё ширкат кард. Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт, ки бешак муваффақияти бузурги футболи ватанист.
Дар соли 2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23) ширкат кард. Яке аз омилҳои аслии муваффақият дар марҳилаи интихобии ин мусобиқот дар Душанбе баргузор шудани марҳилаи гурӯҳии он дар соли 2021 буд. Ба ин гурӯҳ дастаҳои Эрон, Лубнон ва Непал низ шомил буданд. Аммо КФО Тоҷикистонро бартарӣ дода, баргузории мусобиқоти мутамаркази интихобии гурӯҳи “В”-ро ба кишвари мо бовар намуд. Дар натиҷа, мунтахаби Тоҷикистон мақоми дувумро касб карда, бори аввал ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки дар кишвари ҳамсояи Узбакистон баргузор шуд, роҳ ёфт.
Мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон бошад, дар чемпионатҳои Осиё дар соли 2016 ва 2018 то марҳилаи 1\4 ниҳоӣ баромад. Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон бошад дар чемпионати Осиё дар соли 2018 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби медалҳои нуқра, мақоми дуюм ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Бразилия шуд.
Дар футболи бошгоҳӣ “Истиқлол”-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз лиҳози дараҷабандӣ дувумин мусобиқаи бошгоҳӣ дар қораи Осиё мебошад, бомуваффақият баромад намуда, 2 маротиба – солҳои 2015 ва 2017 ба бозиҳои ниҳоии он роҳ ёфт. Қобили зикр аст, ки ҳарду бозии финалӣ дар Тоҷикистон, дар варзишгоҳҳои пур аз мухлисон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гаштанд. Конфедератсияи футболи Осиё барои дар сатҳи баланд ташкил кардани ин мусобиқаҳо чандин маротиба ба унвони Президенти ФФТ сипосномаҳои расмӣ ирсол намудаст.
Шуруъ аз соли 2019 чемпиони феълии Тоҷикистон, бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО, ки бонуфузтарин мусобиқаи даставӣ дар Қораи Осиё мебошад, иштирок менамояд. Дар мавсими соли 2021 “Истиқлол” барои аввалин маротиба дар таърихи фаъолияти худ дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок ва дар гурӯҳ мақоми аввалро ишғол намуда, то марҳилаи 1\8 ниҳоии мусобиқа расид.
Бо шарофати баромади муваффақонаи “Истиқлол”, мақоми Тоҷикистон дар раддабандии бошгоҳии КФО боло рафта, кишвари мо ҳуқуқ пайдо намуд, ки 3 дастаи он дар мусобиқаҳои бошгоҳии Конфедератсия иштирок намоянд.
Рустами Эмомалӣ-президенти CAFA
Тӯли 10 сол футболи тоҷик таҳти раҳбарии Рустами Эмомалӣ дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд пайдо намуд. Далели ин гуфтаҳо ин аст, ки як раҳбари ҷавони тоҷик ба мақоми президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – CAFA (Central Asian Football Association) интихоб шуд.
Ин рӯйдод дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Конгресси навбатии CAFA, ки Федератсияҳои футболи 6 кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад, ба амал омад.
Пас аз интихоби раҳбарияти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ситоди ин созмон аз Тошканд ба Душанбе кӯчид.
То имрӯз дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони футболи Осиёи Марказӣ 13 мусобиқаи байналмилалии дар баландтарин сатҳ ташкилу баргузор карда шудаст.
Дастаҳои мунтахаби наврасони то 17 сола ва ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон марҳилаҳои интихобии чемпионати Осиёро бомуваффақият пушти сар карда, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои мазкур гаштанд. Ба ин тартиб, ҳамаи се дастаи мунтахаби Тоҷикистон – наврасони 17 сола, ҷавонони 20 сола ва тими миллӣ соли оянда футболи моро дар бонуфузтарин мусобиқаи осиёӣ – Ҷоми Осиё намояндагӣ хоҳад кард. Ин муваффақият барои бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон мебошад.
«Дар футбол барои расидан ба натиҷа вақт лозим аст. Кори мо дар наздиктарин маврид самара хоҳад дод”, - ин суханони роҳбари ФФТ дар дили миллионҳо мухлиси футболи ватанӣ шуълаи умеду орзуро бармеафрӯзад.
ХУЛОСА
Имрӯз Тоҷикистонро аллакай ҳамчун 1 кишвари устувори футболӣ мешиносанд.
Ҳоло барои ҳамаи роҳбарону мутахассисони футбол аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамон суръати тараққиётеро, ки онро аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Президенти Федератсия муайян кардааст, нигоҳ дорад. Ҳамагӣ чанд рӯз пештар тими миллии Тоҷикистон дар 48-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022” («King’s Cup 2022») дар Тайланд иштирок намуда, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Миллипӯшони футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ бар тими миллии Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футбол буд ва тими миллии Малайзия ғалабаи таърихиро ба даст оварданд.
Рустам ҲАКИМОВ,
роҳбари дафтари матбуоти КФ «Истиқлол» (Душанбе)