ФИФА ба истеъфо!!! Бояд ҳар футболдӯстдор чунин нидо дармедод. Зеро дар тӯли тамомии мавҷудият, нав ин ниҳод пурра сиёсӣ шуд. Ҳамааш аз он шуруъ гардид, умуман Мундиал-2022-ро ФИФА ба Қатар фурӯхт. Зеро Қатар ва тамоми мамолики араб бо ҳама бузургиашон, намеарзанд, ки дар ин қора Чемпионати Ҷаҳон баргузор гардад. Далел? Марҳамат. Бозии аввалинро дидед? Қатар-Эквадор 0:2... Ва ин дар ҳолест, ки тибқи маълумотҳои саҳеҳтарин шайхони Қатар 6 бозигари Эквадорро ба 14,6 млн доллар харида буданд, ки...гол назананд. Мо Метавонем!
Россия ронда шуд. Мо зид ва тарафдори Кремлу Киев нестем. Вале футбол куҷову сиёсат куҷо? Дар кадом давру замоне 2 кишвар ҷанг мекардаасту дастаи аввалӣ аз ҳама имтиёзу имконот бархӯрдор будаву мунтахаби дигарро радди маърака мекардаанд? Бе Русия, инро чун футболдӯстдор мегӯям, ин чемпионат садҳо миллион мухлисашро аз даст дод!
Ин ҳам кам буд, ки Украина аз ФИФА талаб кард, мунтахаби Эронро барои бесадрнишинҳои ба Россия додааш, ронад ва ҷояш укроиниҳо бозанд. О, пас чаро Туркияро наронанд, ки Байрақтарҳояш нисфи оламро бо шумули масҷиди Исфара ба замин яксон кардааст? Хайрийят дар ФИФА ақле расиду ин корро накард. Вале мекард, боз ҳам хуб мешуд. Зеро Эрон дар пӯстаки номусаш кайк овард...
Мунтахаби Эрон суруди миллӣ-Гимни давлаташро дар шуруъи бозӣ бо Англисҳо нахонд. Аҷаб «мардонагие»! Тарафдори давлатат нестӣ, номаъқул мекунӣ, зери парчамаш мебозӣ? «Худои Футбол» ба дарвозаи ишон 6 гол зад!!! Ёд надорем, ки боз кадом мунтахаб чунин беобрӯ шуда бошад.
Ва дар охир бояд ин бозиҳо пурратар сиёситар мешуданд-ку?! Зеро ФИФА бозичаи дасти Ғарб гаштааст. Мунтахаби Англия дар оғози бозӣ пеши дастаи Эрон сари зону нишаста, бо ҳамин гӯиё аз «миллати эронӣ», ки гирифтори хусумати охундҳоянд, «ҳамраъй» гардид. Вале ҳуштак, ки садо дод, ба бечораҳакон 6 гол зад. Метавонистанд 10-то ҳам зананд...
Вале ин ҳам гӯрба!!! Харри Кейн-капитани Англия ба майдон бо дастбандаки «тарафдорӣ аз гомосексуалҳо» баромад, ки дар олами ислом маънуъ аст. Ин силлӣ ҳам не, шаттае бар фарқи сари машоихи араб гардид!