ХАБАРИ ДОҒ

 

100 шодӣ ба дил аз задани 1 гол аст,

Шоҳи ҳама гуна бозиҳо футбол аст!!!

Уффффф, ахиран футболи сиёсӣ ба футболи воқеӣ табдил ёфт. Дигар на Англия таблиғи ҳамҷинсгароӣ дораду на немисҳо бо ҳавопаймои гейпарад парвоз карданианду на Полшаву Украина дар сар фишору таҳрими нави зидди Россия доранд. Акнун ҳама футбол мезананд. Зинда бод, Футбол!!!

Чемпионати ҷаҳон бо он писанд омад, ки грандҳо дигар мисли чемпионатҳои қаблӣ аз худ ситора наметарошанд. Зеро вақте Ҷопон Германияро, Саудӣ Аргентинаро, Мароқанд Белгияи таърифиро шикаст медиҳанду Эрон Уэлсро!!!... дигар дар бораи кадом бартарият ҳарф мезанед? Ба гуфти Хуршеди Атовулло, «ба таҳқиқ дами Аврупову Амрикои лотинӣ гирифт, зеро футбол ба қораи Осиё кӯч баст!». Ва ин хуб аст, зеро дар ин қора Тоҷикистони азиз низ баромад мекунад ва рейтинги дастаҳо болотар хоҳад рафт!

 

Бозгашти мӯсафедон!!! Ин Чемпионатро метавон чунин ҳам унвон гузошт. Зеро Мессии 35 сола, Роналдои 37 ва Лука Модричи «пенсионер»-и 38-сола доди бозӣ дода, собит сохтанд, ки бузургӣ ҳам ба хирад аст ва ҳам ба сол!!! Мессии нозанин бошад, ҳатто голи пирӯзиро ба дарвозаи Мексика зада, шонси ба плей-офф баромадани дастаашро таъмин намуд.

 

Ва аммо аз ҳама бештар ситораи 2 футболбоз дурахшид. Киллиан Мбаппе ва Оливер Жиру, ҳар 2 аз дастаи Фаронса. Жиру 2 гол дар 1 бозӣ зада, рекорди абадии Анриро тасарруф намуд (51 гол). Акнун ӯ бояд 1 голи дигар занад, то номаш дар таърихи мунтахаби Фаронса бо ҳуруфи заррин ва барои абадият сабт шавад. Киллиани беҳамто бошад, дар 2 бозӣ аллакай 3 гол зада, садрнишини ҳуҷумкорон аст. Ба ҳамин тартиб Валенсия Эннер, Гапо Кодӣ, Андре Крамарич, Муҳсин Қуддус, Алваро Морато, Ришарлисон, Сака, Чо Ги Сун, (ҳазрати) Месси, Меҳдӣ Теремӣ, Ферран Торрес, Бруну Фернандеш 2 голӣ зада, барои ҷоизаи беҳтарин голзан мубориза мекунанд.

Хотиррас мешавем, то омода шудани ин матлаб (29.11.2022), танҳо 4 даста ба плей-офф роҳхат гирифтаанд: Фаронса, Португалия, Бразилия бо 6 холӣ ва «дақиқан» Испания бо 4 имтиёз. Мунтазири бозиҳои нав ва сенсатсияҳо бо шабҳои бехобӣ мемонем.

Бирав ба хоб бигӯй, маё ба чашми ман,

Ҷазирае, ки ҷои ту буд ГОЛ гирифт!!!

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter