Телевизиони «Варзиш» яке аз ТВ-ҳои дӯстдоштатарини тамошобинон гаштааст. Агар «шумо имшаб фалон намоиш ё филму барномаи фарҳангиро тамошо кардед?», гуфта пурсед, аксарият ҷавоб медиҳанд, не ман ТВ «Варзиш»-ро тамошо кардам. Бархе тавсия медиҳанд, ки телевизиони Ӯзбекистони бародарӣ, махсусан ТВ «Спортсмен»-и онро тамошо намоед, ҳаловат мебаред. Зеро он намудҳои варзишро тарғиб мекунад, ки мардум онҳоро меписанданд.
Дар ТВ «Варзиш»-и мо баъзе намудҳои варзишро пайваста намоиш медиҳанд, ки аксарияти мардум онро намеписанданд ва намефаҳманд. Журналистони мо аз интернет дар бораи ин ё он варзишгар маълумот ба даст оварда, «доногарӣ»-и худро ба халқ нишон дода, вақти зиёди эфирро мегиранд. Мисол мегирем, бозии теннисро: нигаред, ки қариб 3 соат давом мекунаду ягон лаззат ба тамошобинони тоҷик намедиҳад, зеро мо аз қадим ин гуна бозии варзишӣ надоштем. Он чӣ, ки дар мо несту онро тарғиб менамоед, ба дили тамошобин ҳеҷ напечаспад. Ғайр аз ин баъзе шореҳон чизе, ки аз даҳонашон барояд, ҳамонро мегӯянд. Махсусан шореҳе, ки мусобиқаи гӯштингириро шореҳӣ мекунад, гуфтаи худашро дубора ба худаш баргардонед, баъд ба маънои калима сарфаҳм меравад. Барои ин ман якчанд мисол меорам:
- «Замин ҳуҷум кард», «Қисмати асосӣ ихтиёр доранд», «Ҳамин замин кор кардан», «Зону афтид», «Каме замин кор кардаст»...
Ҳаким Ғуломов,
н.Дӯстӣ