Агар хонандаи гиромии газетаи мардумии “СССР” дар ёд дошта бошад, ҳанӯз моҳи апрели соли ҷорӣ, мо аз набудани дастаҳои футбол дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Ҳисор бонги изтироб зада будем. Хушбахтона, бо роҳбарӣ ва дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Ҳисор - Қосим Роҳбар дастаи футболи 1 замон овозадори “Шодмон”-и Ҳисор дубора эҳё гашт.
Даста имсол дар лигаи дуюми Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баромад намуда, бо ишғоли ҷои дуюм дар ин мусобиқа ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи ниҳоӣ бошад, “Шодмон”-и Ҳисор дар баробари дастаҳои футболи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Исфара”-и шаҳри Исфара соҳиби роҳхат ба Лигаи якуми Тоҷикистон гашт. Акнун, роҳбарияти дастаро лозим аст, баъд аз гузаштани санҷиши литсензиядиҳӣ, ки аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон гузаронида мешавад, омодагиро ба бозиҳои мавсими навбатӣ шуруъ намояд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таъсиси даста ва роҳандозии фаъолияти дубораи он саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор, бахусус раиси шаҳр, шахсияти футболбоз ва футболдӯстдор, Қосим Роҳбар зиёд мебошад. Маҳз таваҷҷӯҳ ва дастгирии бевоситаи раиси шаҳр имкон фароҳам овард, ки дастаи замоне маъруфи “Шодмон” эҳё шуда, фаъолияти он дубора ба роҳ монда шавад. То Лигаи Олӣ барои Шодмони Ҳисор чанд қадами дигар мондааст, ки бовар дорем, таҳти сарпарастии Қосим Роҳбар ин дастаро ҳатман миёни клубҳои Лигаи Олӣ хоҳем дид. Мо Метавонем!
Бовари комил дорем, ки “Шодмон” дар мавсими нав низ бомуваффақият баромад намуда, хотири мухлисони сершумори худро шод мегардонад. Гузашта аз ин, дар шаҳри бостонии Ҳисор давлатмардони зиёди ҳаводору мухлиси футбол кору фаъолият менамоянд ва боз ҳам бар он бовар ҳастем, ки онҳо дар пешрафти фаъолияти даста саҳми боризи худро хоҳанд гузошт. Футбол бозии дастаҷамъона аст ва дастгириву сарпарастии он ҳам бояд дастаҷамъона бошад. Танҳо дар сурати фаъолияти дастаҷамъона ба комёбиҳои баланд расидан имкон дорад.
Нуралӣ Хоркашев
хабарнигори варзиши СССР