ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 26 Октябр 2016 13:30

Чанде аз сокинони ш.Панҷакент мегӯянд, ки гург ба чорвои онҳо ҳуҷум намуда чанде аз онҳоро нобуд сохтааст. Аввалин хабари ҳуҷуми гург ба чорвои сокинони Панҷакент, ки ҳанӯз онҳо дар сари заминҳои корами хеш қарор доштанд, тақрибан 1-2 ҳафта пеш пайдо шуда, он вақт гург 1 хар ва чанд сар гӯсфанди деҳқононро нобуд карда буд. Сипас деҳқонон аз тарси ҳамлаи гург чорвои хешро аз сари заминашон ба хонаҳои хеш бурда буданд.

Баъдан, боз хабари ҳамлаи гургон пайдо шуд. Бобоҷон 1 сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ин ҳайвони ваҳшӣ ва даранда, ба чанд моли онҳо ҳуҷум намуда, 3-4 сар гӯсфандашонро нобуд кардааст. Ҳоло, ки ҳаво он қадар сард несту барфи баланд ҳам наборидааст, фаромадани гургҳо ва ҳамлаи онҳо ба чорвои сокинони Панҷакентро нигарон кардааст.

 

Душанбе, 24 Октябр 2016 17:19

ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар 9 моҳи соли 2016 ба 854,1 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, аз он ҷумла, ба 468,6 ҳазор мусофири рафта ва ба 385,4 ҳазор мусофири омада. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар ин муддат 1754 тоннаро ташкил додааст.

Душанбе, 24 Октябр 2016 14:01

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ, имрӯз, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматии сохтори хеш ба тамоми зертобеонаш дастур додаст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар пеш истода, бо мардум муносибату муоширати хуб карда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи зичро барқарор намоянд.

Чуноне ки ба СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ба ғайр аз ин дар рафти ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  амниятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа, ҳамчунин оиди хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои корӣ ва гирду атрофи минтақаҳои маъмурию хизматӣ таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва марказҳои савдо пурзӯр карда шавад.

СССР

 

Душанбе, 24 Октябр 2016 11:53

Ҳукумати шаҳри Душанбе эълон медорад, ки аз 26.10.2016 сар карда дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои пойтахт ба муддати 1 шабонарӯзӣ аз рӯи реҷаи тасдиқшуда, оби нӯшокӣ қатъ гардида сокинони пойтахтро мебояд пеш аз қатъ шудани оби нӯшокӣ, бо теъдоди лозима онро захира намоянд. Қатъ гаштани оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, бо сабаби гузаронидани корҳои профилактикӣ дар истгоҳҳои обкашӣ пеш аз мавсими зимистони соли ҷорӣ буда он аз рӯи реҷаи зайл сурат мегирад:

Душанбе, 24 Октябр 2016 09:20

Узви Ихвон-ал-СССР, Анвар Муродови 77-сола, сокини деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ бо СССР дар сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ки ман ҳозир муваққатан бекорам. Аслан ихтисоси ман агроном аст. Фаҳмиданӣ ҳастам, ки чаро вақтҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи пахтакорӣ диққат намедиҳад? Ин дар мавридест, ки қимати пахта дар ҳамин соли ҷорӣ дар ҷаҳон ба маротиб боло рафтааст. Ҳама шоҳидем, ки Тоҷикистон дар даврони собиқ СССР то 1 млн тонна пахта месупорид. Имрӯз чӣ?

 

Душанбе, 24 Октябр 2016 09:12

Узви Ихвон-ал-СССР, Фаррух Исмонов, сокини деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба СССР занг задаву гуфт, ки ман тақрибан ҳар рӯз дар бораи аз байн бурдани маҳалгароӣ фикр мекунам, ки чӣ тавр онро маҳв бояд сохт. Ба андешаи ин ҷониб маҳалгароӣ, ин аллакай фасод аст. Аз СССР хоҳиш дорам, ки барои аз байн бурдани маҳалгароӣ ягон матлаби пурқувват ба гунаи «БОМБА» рӯйи саҳифа гузорад, то гиреҳҳои ин мушкилро титу пит созад. Ягон мушкил ва чигиле нест, ки СССР накушода бошад. Ва Мо Метавонем, ки бо чоп кардани силсиламатолиб доир ба ин мавзӯъ ин проблемаи рақами яки кишварро нобуд кунем. Барои ин бомбаи атомӣ-зиддӣ маҳалгароӣ даркор.

 

Ҷумъа, 21 Октябр 2016 15:07

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман 2 савол дорам ба аъзои Ихвон-ал-СССР! 1.Пайғомбар гуфт, ки дар бозорҳо 2 фариштаанд даст ба дуо. Ин 2 фаришта кадомҳоянд ва чӣ тавр онҳоро дидан мумкин? 2.Ҳазрати Ҷабраил 2 ракъат намозро дар 40 сол хонд ва савол кард аз саршавии дунё, то охири дунё. Оё ҳаст нафаре, ки 2 ракъат намозро 40 сол хонаду савоби 2 дунёро гирад?! Худованд ба ин саволи Ҷабраил чӣ ҷавоб дод?

Исмоил Маҳмудов,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Қумсангир, тел: 93 388 07 47

 

Ҷумъа, 21 Октябр 2016 14:51

Муаллими собиқадор Мирзоҳикмат Маҳкамов, аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфара бо телефони 98 799 64 05 ба СССР занг задаву гуфт, ки ман 2 ҳарфи гуфтанӣ дорам. 1.Ворух 45 км аз маркази Исфара ҷой дорад. Коркунони Амонатбонки деҳа бо роҳбарии Абдутуҳур Зарифов ҳамеша дар таъмини нафақаи 3000 нафар нафақахӯрон, 5 нафар иштирокчиёни ҶБВ ҳиссаи нек мегузоранд. Ӯ беш аз 25 сол боз дар системаи бонкӣ ва алоқа бенуқсон кор мекунад. Айни замон ӯ ҳамроҳи ҳамкасбаш Ҳасанбой ба мо хизмат мерасонад. Мо аз хизматгузории Амонатбонки Ворух сидқан миннатдорем. 2.Матлаби бародари гиромӣ Назари Наврӯзро бо номи «Муаллим кист: Устод, ё пулҷамъкунак?» дар шумораи гузаштаи СССР хондам. Мушкили №1-и кишварро бо алам ба қалам додааст. Охир, ман ҳайрон, чаро дар ҷумҳурии мо Рӯзи Каду, Рӯзи Харбуза, Рӯзи Асал ҳасту Рӯзи Муаллим нест??? Аз ин бармеояд, ки муаллим ба чени кадуву асалу харбуза… қадр надорад!!! Ин дардро аз ин зиёд гуфтан намешавад!

 

саҳ 4 аз 14

Китобҳо

Flag Counter