ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, 08 Феврал 2017 15:21

7 феврал Суди ноҳияи Советскийи шаҳри Қазон-пойтахти Тотористон афсари 33-солаи пулис Александр Гриднев ва ду тан аз дӯстони вайро, ки ба ҳамлаи мусаллаҳона ба 2 тарбузфурӯши тоҷик айбдор мешуданд, сафед кард. Ёдовар мешавем, ки ин “разбор” рӯзи 29.08.2016, ки дар Русия ҳамчун рӯзи “День спецназа” таҷлил мешавад, рух додааст. Гриднев ва 2 шиноси ӯ – Руслан Каримуллини 28-сола ва Дмитрий Зайтсеви 27-сола низ, рӯзи 29 август маст буданд. Онҳо ба растаи тарбузфурӯшӣ дар кӯчаи Бигичев-10 бо фурӯшандаҳои тоҷик Маҳмадғафур Ҳаитов ва Фарҳод Мамаюсупов ҷанҷол кардаанд.

Чоршанбе, 08 Феврал 2017 15:17

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – рӯзи 28 феврали имсол ба Тоҷикистон хоҳад омад, вале ҳоло маълум нест, Путин дар ҷараёни сафар чӣ масъаларо баррасӣ мекунад. Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод ва гуфт, “мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”

Чоршанбе, 08 Феврал 2017 13:34

Сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки ба қисми навбатдории шуъба оид ба ҳодисаи дуздӣ хабаре ворид шуд. Рӯзи 2-юми феврали соли 2017 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматии зани 53-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазору 770-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздӣ Қурбонов Нарзуллои 50-солаи сокини ш.Қурғонтеппа, кӯчаи Мирзо Қодиров, хонаи 31 дастгир намуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон.

 

Чоршанбе, 08 Феврал 2017 11:26

Зокир Халилов сокини шаҳри Қурғонтеппа солҳои тӯлонӣ дар назди Донишгоҳи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав ошхонаеро бунёд кардааст бо номи СССР. Дар ин ошхона чанд намуди таом барои донишҷуён омода ва пешкаш мекунад: сихкабоб, самбусаи СССР… Таомҳои ӯ барои мизоҷон низ ҳаст. Зокир мегӯяд, ки дар вақти СССР танҳо 1 намуди самбуса тайёр мекарданд, ки дойрашакл буд. Ҳоло бо хамири оддӣ, яъне якварақа ва сергушт, чоркунҷа, секунҷа барои донишҷуён тайёр мекунем.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, 07 Феврал 2017 10:44

Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон мақолаи «Антисанитарияи ваҳшатноки Парвоз» (СССР, №43, 27.10.2016)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Дар рафти санҷиши прокурорӣ ҳолатҳои дар матлаб оид ба фаъолияти қаҳвахонаи «Парвоз» қайдшуда тасдиқи худро ёфта, барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо чораҳои дар қонун пешбинишудаи прокурорӣ ба кор бурда шуд. Аз ҷумла, нисбати сардори ошхона-Ф.Ш.Файзуллоева ва фурӯшандаи мағоза Н.Сафарова парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ба унвони директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии н.Шоҳмансур, ки назорати ҳолати санитарӣ дар ошхона, тарабхона ва мағозаҳо бар дӯши онҳост, пешниҳод ирсол карда шуд. Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон аз ҳафтаномаи СССР барои кӯмак дар баамалбарории тартиботи ҳуқуқӣ сипосгузор аст.

Кишварзода А.Г. прокурори нақлиёти Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3                                             

 

Сешанбе, 07 Феврал 2017 10:41

Мирзоубайд, сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо телефони 92 751 45 06 ба СССР занг задаву гуфт, ки ҳамин ҳоло қариб 700 мошини боркашу сабукрав дар пробка бо мусофиронаш, қариб 1500 нафар, дар берун аз Нақби Анзоб-Тунели Уштур руст шудаанд. Сабаби пробка резиши тарма аст. Ман худам шоҳидам, ки ҳоло 2 зан бо кӯдаконаш зери тарма монда, дасту поҳояш шикастанд. Ин ҳолатро дида маро ғазабам гирифт. Охир, чаро Вазорати нақлиёт ва дигар идораҳо пули роҳро мегиранду масъуланд, аммо роҳро тоза намекунанд??? Чаро дар ин ҳолати фавқулодда булдозер ва тракторҳои роҳрӯб надоранд? Чаро пеш аз сафар мардумро огоҳ накарданд, ки вазъият чунин аст? Ҳоло роҳ, ки яктарафа асту ҷои баромад нест, мошине, ки аз самти Хуҷанд меояд, маҷбур аст, дар оғози ағба мошини аз Душанбе меомадаро интизор шавад. Мардум тӯда-туда дар ағбаи Шаҳристон дар даруни барф руст шудаанд, дигар ҷои баромад надоранд. Шаҳристон ағбаи марг аст... Роҳи берун рафтан нест.

 

Сешанбе, 07 Феврал 2017 10:38

Табиби ҷарроҳ, Азизулло Фозилов, сокини шаҳри Душанбе бо СССР дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки чаро телевизионҳои мо аз шодравон Тоҳири Абдуҷаббор-падари Истиқлолияти миллии Тоҷикон ёд намекунанд? Ин ҳолатро дар газетаҳои давлатӣ ҳам мушоҳида мекунем. Ман намедонам, ки онҳо устод Тоҳирро ё намешиносанд, ё аз шиносондану муаррифӣ карданашон метарсанд. Мо бояд раҳматии Тоҳири Абдуҷабборро дар ҳар 1 ҷашнҳои кишвар ёд кунем. Ӯ барои мо бегона набуд ва ҳиҷ вақт барои зарар расондан кӯшиш накардааст. Хуб мешуд, ки перомуни ин шахсияти бузург СССР дар шумораҳои ояндааш батафсил бинависед. Тарҷумаи ҳолашро чоп кунед, рӯҳи устод шод мешавад.

 

Сешанбе, 07 Феврал 2017 10:33

Ҳисобот-5

саҳ 14 аз 17

Китобҳо

Flag Counter