ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, 13 Феврал 2017 09:33

Бо он ки сол аз сол шумораи биноҳои нави истиқоматӣ дар пойтахт мисли занбурӯғҳои баъди борон сар мекашанду пулдорҳо барои ояндаи хеш паси ҳам 2-3-тоӣ хона мехаранд, ҳазорҳо нафар шаҳрвандони оддӣ, аз ҷумла, муаллиму духтуру муҳандису журналист… солҳо дар навбати хона истодаанд…

Ахиран, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар дастур дод, ки бахши хоҷагию молиявии Ҳукумати пойтахтро мавриди санҷиш қарор дода, дар баробари он фаъолияти ширкатҳои сохтмонии шаҳрро, ки бо бунёди биноҳои истиқоматӣ машғуланд, тафтиш намояд. Аз ҷумла, фаъолияти КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе низ мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт. Шояд санҷиши ин корхона дуруст ва саривақтӣ бошад, зеро объекти охирини он-сохтмони 9 бинои баландошёна дар суроғаи х.Сино 42 моҳ боз «хоб» асту мардуми хонахарида сарсону саргардон. Дар бораи ин ширкат ва хонаҳояш мо ҳатман дар шумораҳои баъдӣ матлаби бештаре омода хоҳем кард, аммо ин маротиб тасмим гирифтем ба биноҳои ба тозагӣ қомат афрохтаи истиқоматии пойтахт рафта, бубинем, ки ин хонаҳо дар ҳақиқат соҳиб доранд, ё не? Зеро мушкили харидани хона, таъминот бо манзил ва тақсими он имрӯз проблемаи №1 на танҳо дар ш.Душанбе, балки дар тамоми ҷумҳурӣ гашта, дар ин бора зангҳои бешумор ва муроҷиатҳои хонандагони СССР аз гӯшаю канори гуногуни кишвар дарак медиҳад.

Душанбе, 13 Феврал 2017 09:24

Дар ин моҷаро 1 нукта муҳим аст, ки шоҳидони воқеа-хешу табору ҳамсояҳо талош мекарданд, қотили параду модарро девона бароварда, аз суд озод кунанд...

Душанбе, 13 Феврал 2017 09:07

 

Ҳақиқати ягона ин аст, ки агар муллоҳои фанат аз Қурғонтеппа омадаву дар Душанбе моҳҳо майдоншинӣ намекарданд, мардуми Кӯлобу Ёвону Хуҷанд низ намеомаду ҷанги гражданӣ сар намезад ва мардум дар ситами 2 ҷониби даргир намемонд. Сабабгори ин ҷанг танҳо муллоҳо буданд!...

Душанбе, 13 Феврал 2017 09:01

Ҳисобот-6

Ҷумъа, 10 Феврал 2017 16:29

Салом, мӯҳтарам Сайёфи Мизроб. Ман номаатонро ба унвонии Дмитрий Медведев (собиқ президенти ФР, ҳоло сарвазир), ки расо 4 сол пеш навишта будед, аз подшивкаи газетаи СССР, дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон гирифта хондам. Бениҳоят хуб гуфтаед! Мо ҳамин хел инсонҳоро монанди Шумо дар чунин лаҳзаҳои ҳассос хеле лозим медонем, ки бо сарварони бесари Русия ҳамсӯҳбат шуда, онҳоро аз хоби ғафлат бедор ва аз дарёи ҷаҳолат берун мекашанд. Мутмаинам, ки ин мактубро агар Медведев хонда бошад, ба ӯ хеле асар кардааст. Аммо чаро дар ин 4 сол аз Кремл нисбати номаи Шумо ягон посухи расмие наомад, ҳатто аз Сафорати Русия дар ҶТ??? Беҳтараш мо бояд минбаъд ба ҳайси давлат чунин иқдоми заруриро пеш гирем:

1.Аз депортатсия натарсида, бо давлатҳои дигар, монанди Украина, Белорусия ва мамолики дӯсти араб муҳоҷиронро мустақим аз Москва баргардонда, фиристем. 

2.Аз СПАД ҳатман бояд берун шуд. ШОС кофӣ аст.

3.Мавзеи дивизияи 201, "Окно" ва аэродроми "Айнӣ"-ро бояд аз Русия гирифт. Ба Амрико «Айнӣ»-ро иҷора бояд дод ва бо маблағи он Роғунро сохтан лозим. Дар сурати бо Амрико будан, Русия ҳеҷ вақт ба Тоҷикистон ҳамла карда наметавонад!

Афзал Қаюмов,

магистранти ДДОТ, н.Варзоб

 

Ҷумъа, 10 Феврал 2017 16:22

Дар 1 матлаби газетаи СССР хондам, ки Шоираи Раҳимҷон аз сафари кории Амрико баргашт. Ман аз ҳамон рӯзи аввал даст ба дуо мебардоштам, ки сафараш бехатар анҷом ёбаду Хӯҷаи Хизр роҳбар, дар дидаву шахси муътабар, сиҳату  саломат аз Амрико баргардад. Гуфтаниям, ки аз ин сафараш хоҳари гиромии мо, Худо қувваташ диҳад, китобе албатта менависад? Бо тарзи шеъриву назмӣ. Чунки устод Мирзо Турсунзода дар даврони Шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар карда, дӯстии халқи тоҷику ҳиндуро бо якдигар мустаҳкам карда, «Қиссаи Ҳиндустон»-ро эҷод намуд. Шоираро, Худо ёру мададгор бошад!

Нодирхон Алихонов,

узви Ихвон-ал-СССР, ш.Турсунзода

 

Ҷумъа, 10 Феврал 2017 16:18

Узви Ихвон-ал-СССР, Мадисо Мирзоев, сокини ноҳияи Балҷувон дар сӯҳбати телефонӣ бо СССР гуфт, ки тавре аз китобҳои таърих бароямон маълум, дар давраи Сосониён дар мактабҳои 8-сола, ҳангоми дарси варзиш намудҳои гуногуни камонварӣ, аспдавонӣ, найзазанӣ, шамшербозӣ, чавгонбозӣ… омӯзонида мешуд. Талабагон ба зудӣ машқ карда, солиму боқувват ва варзишгари моҳир мешуданд. Имрӯз бачаҳо асп 1 сӯ истад, ҳатто харро савор шуда наметавонанд. Чаро? Чунки дар мактаб дар дарси тарбияи ҷисмонӣ фақат футболбозӣ мекунанд.

 

Ҷумъа, 10 Феврал 2017 16:14

Пенсионер, Абдуғаффур Саймиддинови 74-сола, сокини деҳаи Шаватки ноҳияи Айнӣ бо СССР телефонӣ дар тамос шудаву гуфт, ки уко, ман чандин сол аст, ки аз касалии қанд азият мекашам. Тибқи гуфтаи табибон, сар задан ва афзоиш ёфтани ин дард дар собиқаи тӯлонӣ доштани сигоркашиам будааст. Кам не, 62 сол аст, ки сигор мекашам. Маро дар вақташ касе ишора накард, насиҳат надод, ки «бачаҷон, сигор накаш, ба саломатиат зарар дорад». Агар чунин носеҳ мебуд, шояд ба ин роҳ намерафтам, ё барвақт сигорро аз лаб дур мекардам. Аз ҳама усули табобат истифода бурдам, ягон дармоне намонд, ки ин дард-хумори сигоркаширо бибарад. Аз шаҳри Маскав дӯстонам беҳтарин доруҳоро барои рафъи сигоркашӣ оварданд, аммо нашуд, ки нашуд. Барои ҳамин аз тамоми ҷавонон хоҳиш ва илтимос дорам, ки дар даст сигор нагиранд ва аз бӯи сигор гурезанд. Дуди сигор бештар ба онҳое таъсири бад мегузорад, ки атрофи аҳли сигор ҳузур доранд. Чунки ҳамин дуди сигор метавонад садҳо нафарро сигорӣ кунад...

 

саҳ 12 аз 17

Китобҳо

Flag Counter