ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, 02 Феврал 2017 10:13

Салом, СССР! Банда Тафсири Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (муаллифон докторони илмҳои ҳуқуқ, профессорон, Маҳмудов Маҳкам ва Холиқов Абдураҳим)-ро 3 бор хондам. Дар пешгуфтор омадааст: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем…».

1.Дар яке аз шумораҳои СССР хондам, ки дар яке аз шаҳрҳои кишвар, дар рӯзи иди Наврӯзи соли 2016 соҳибкорони «баору номус» 100 дег оши палав пухта, мардумро ба оши палав даъват кардаанд. Агар хароҷоти 100 дег оши палавро ҳисобу китоб карда ба камбизоатҳо, маъюбон… медоданд, нуран алонур мешуд! Ба Худованд аён буд, ки оши палави ройгонро бойҳо бисёртар хӯрданд!!!

2.То қабули танзим ба тӯю худоӣ ва ҷашн дар Сӯфиёндеҳи мо хабарчӣ бо овози баланд ҳамаро хабар мекард. Дар маросим хурду калон, пиру ҷавон, наврасон иштирок мекарданд. Ноболиғонро низ барои иззату ҳурмати калонсолон дар маърака мешинонданд. Ба ин рафтор байни калонсолону хурдсолон иззату ҳурмат дар авҷ буд. Баъди танзим хурдсолон ба маърака ширкат намекунанд. Гуфтаниям, ки наврасон низ ба маърака иштирок намоянд. 1 дег оши палав (50 кг биринҷ) ба ҳама мерасид ва ҳоло низ мерасад…

3.Соҳиби маърака бояд, ки ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кунад. Дар тӯйи хатнаи фарзандонаш Ҷонфидо ва Ҷонбоз дар масъалаи ҳофизон дурӯғро кор фармуданд. Худо розӣ бошад? Гуфтанд, ки Артисти халқии СССР-Ҷӯрабек Муродов дар ин тӯй хизмат хоҳад кард! Ба ромишгари деҳа Собирбой Содиқов фармудам, ки то омадани Ҷурабек дар маърака ҳофизӣ кунад. То гузаштани тӯй Собирбой ҳофизӣ кард. Чаро? Барои он ки Ҷӯрабекро аслан ба тӯй хабар накарда буданд, чунки зӯраш намерасид. Яъне ба кӯрпааш нигоҳ карда пой дароз кард. Дар тӯйи хатнаи писари 3-юмам (Бобоҷон) ба ҷои ҳофиз радиоузелро кор фармудем. Тӯйи хатна аъло гузашт. Ҳеҷ кас нахандид!

4.Дар маъракаҳои Сӯфиён то танзим ва баъди танзим 50 кг биринҷи оши палав ба ҳама мерасад, ҳатто баъзан зиёдатӣ мекунад. Ҳодисаҳои нарасидани ош баъзан мушоҳида карда мешавад, ки ин гуна меҳмонон бо 1 пиёла чой қаноат карда мераванд.

5.То танзим ва баъди он ҳам иштирокчиёни тӯй ихтиёрӣ 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ (ва ё доллар) ба дасти соҳибтӯй мечаспонанд. Дар 1 тӯй соҳибтӯй 5-10 ҳазор сомонӣ (ё доллар) ҷамъ мекунад. Ин муборакбодкунӣ бо чорво, ё сомониву доллар дар Сӯфиён ба анъана табдил ёфтааст.

6.Дар маросими дафн ҳама аҳолии Сӯфиёндеҳа ва меҳмонон аз дуру наздик дар ҷаноза ширкат мекунанд. Аҳолӣ ва баъзе меҳмонон ба мотамдорон «бандагӣ» гӯён ихтиёран сомонӣ ва ё доллар, чорво ё хӯрокворӣ медиҳанд. Меҳмононро дар қӯшхона ҷо карда, ба онҳо ягон хел хӯрок мепазанд. Хайрот ба ронандагон ҳамчун мошинпулӣ дода мешавад. Гуфтан лозим меояд, ки хароҷоти рӯзи дафнро Сӯфиёниҳо пурра иҷро ва ҳаллу фасл мекунанд. 

Танзим бояд ба кӯмаки башардӯстонаи деҳотиён ба ҳамдигар дахолат накунад. Зеро ин кӯмакпулиҳо дар тӯй хароҷоти зиёфат ва дар ҷаноза хароҷоти гӯру чӯбро мепӯшонад. Мо Метавонем!

Бо эҳтиром, Шаҳрошӯби Мирзоиён,

деҳаи Сӯфиён, ш.Панҷакент

 

Панҷшанбе, 02 Феврал 2017 10:00

«Шарбат» ноумед кард, умед ба «Зарафшон»

Дар ҳоле, ки ҳамасола садҳо нафар ҷавонон пас аз хатми донишгоҳу донишкадаҳо дар Панҷакент ҷои кор намеёбанд, ахиран яке аз корхонаҳои замоне машҳуру калонтарин ҶСК «Шарбат» аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда шуд. «Шарбат» замони Советӣ яке аз калонтарин корхонаи истеҳсолӣ буд, ки дар мавсим то 3 баст фаъолият менамуд ва зиёда аз 1000 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буданд. Коргоҳи мазкур ба истеҳсоли намудҳои гуногуни консерва ва афшура машғул буд. Чанд соли охир аз фаъолит накардани «Шарбат» ҳамеша дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ сухан мерафт ва роҳбарияти он барои барқарор кардани завод муваззаф мешуд. Аммо бад мешуду беҳ не. Ахиран пас аз тақсим кардани заминҳои ин корхона ва тарака шудани дастгоҳҳои завод, он ҳам муфлис ва аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ бароварда шуд. Сухан ин ҷо бобати ин корхона нест, балки гап сари он меравад, ки ҳамасола нуфузи аҳолӣ ва суфуфи соҳибкасбон ҳам зиёд мегардад, вале дар баробари афзоиши демографӣ корхонаҳои саноатӣ баста мешаванд. Кор ба ҷое расидааст, ки он корхонаҳои бузурге, ки дар шаҳру деҳоти Панҷакент аз даврони СССР боқӣ монда буданд, ҷои рушд рӯ ба нестӣ ниҳодаанд. Боз умед ба ҳамон КМ «Зарафшон» боқӣ мондааст, ки чун солҳои пешин қисми зиёди даромади маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ корхонаи мазкур 90,7% аз ҳаҷми умумии даромади солонаи корхонаҳои саноатиро ташкил намудааст. Дар ин коргоҳ зиёда аз 2000 нафар бо кор машғуланд ва ягона корхонаи калонтарин дар вилоят аст, ки ба ин ҳад зиёд корманд дорад. Вале ин наметавонад боиси хурсандӣ ва фахр бошад... 

Ихтилофи арқом дар мақомот

Тавре аз Бахши омори ш.Панҷакент ба СССР иттилоъ доданд, тибқи ҳисоботи оморӣ шумораи аҳолӣ имрӯз дар шаҳру деҳоти Панҷакент аз 281.000 нафар убур кардааст. Аз ин миқдор аҳолӣ 164000 нафар қобили меҳнат дониста шудаанд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, имрӯз 47,9 ҳазор нафар корманд дар корхонаҳову муассиса ва ташкилотҳои шаҳру деҳоти Панҷакент бо назардошти аъзои хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва ҷамоатҳо фаъолияти корӣ доштаанд. Лек ба андешаи Ҷонибек Бобомаликов-сардори бахши омори ш.Панҷакент, шумораи доимии кормандоне, ки фаъолияти мунтазами корӣ доштаву бо маоши ҳамешагӣ таъмин будаанд, 16,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол аз рӯи маълумоти дигар шумораи аҳолие, ки бо кори доимӣ машғуланд, зиёда аз 17.000 гуфта мешавад. Ба иттилои сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ш.Панҷакент, Абдулҳамид Саидов, дар корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру деҳоти Панҷакент 17197 нафар кор менамоянд.

Бекорӣ-заволи корхонаҳо?

Аҷобати дигар дар он аст, ки дар нишасти матбуотӣ намояндагони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо иттилоъ доданд, аз шумораи умумии хатмкунандагонашон теъдоди ками фориғуттаҳсилин ба кор фаро гирифта шудаанд. Масалан, соли 2016 дар Литсейи касбӣ-техникӣ 297 нафар ин даргоҳро хатм кардаву ҳамагӣ 97 нафар, дар коллеҷи тиббӣ аз 328 хатмкунанда 73 нафар бо кор таъмин шудаанд. Ҷонишини Литсейи касбӣ-техникӣ Холмурод Сафарзода ҳам аз набудани талабот ба гурӯҳи тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва баста шудани ин гурӯҳ изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки воқеан имрӯз ҷои кор нест ва бояд ба ин иқрор шавем. Ин ҳам дар ҳолест, ки Панҷакент шаҳри агросаноатӣ дониста мешаваду ҳатто 1 замоне дорои шӯъбаи саноат буду имрӯз шӯъбаи саноат аз байн рафтааст. Шӯъбаи саноати Панҷакент бо ташаббуси «наҷибона»-и собиқ раиси шаҳр, имрӯза депутати Маҷлиси Олӣ-Хисрав Абдуназар барҳам дода шуд. Тибқи маълумотҳо, ки вобаста ба ҷамъбасти солонаи 2016 ироа шуд, ҳамчунин дар баробари ҶСК «Шарбат», дигар корхнаҳо: ҶСК «Тамоку» ва ҶСК «Панҷ кӯл» низ дар ин давра пурра фаъолият накардаанд. ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон», ҶСК «Мармари Зарафшон» ва ҶСК «Заводи хишт» низ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташонро нисбатан кам кардаанд. Аммо раиси ш.Панҷакент Ислом Зиёзода дар нишасти матбуотии хеш изҳор дошт, ки соли равон бунёди чанд корхонаҳои нави хурдро ба роҳ монданием. Яке аз ин лоиҳаҳо ба истифода додани корхонаи «Броатек» аст, ки он метавонад ба замми зиёд намудани буҷа, ҳамчунин чандин нафарро бо ҷои кор таъмин намояд.

Хуршед Фозилов,

Панҷакент, СССР

PS: Вақте ин матлаб омода мешуд, хабаре нашр шуд, ки «Агроинвестбонк» гӯё дар маҷмӯъ 800 нафар кормандашро ихтисор мекунад. Дар ҳоле, ки сокинон аз набуди ҷои кор ба ташвиш омадаанду сарвари давлат дар паёмаш таъмини ҳатмии аҳолӣ бо ҷои кориро зикр намуд, чунин ихтисоркуниҳо воқеъан боиси нигаронист.

 

Чоршанбе, 01 Феврал 2017 12:12

Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» дар бораи роҳандозии парвозҳои хеш ба фурӯдгоҳи «Жуковский»-и Маскав хабар медиҳад. То ба имрӯз ин ширкати ҳафтае 7 парвоз ба фурӯдгоҳи «Домодедово» дошт, ҳамакнун боз 2 парвози дигарро аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба фурӯдгоҳи «Жуковский» анҷом хоҳад дод.

Чуноне ки ба СССР Азиз Хайруллоев, котиби матбуотии ширкати номбурда хабар дод, пас аз муайан шудани рӯз ва вақти парвоз ширкат дар ин бора ҳатман мусофиронро огоҳ намуда фурӯши чиптаҳоро сар хоҳад кард. 

Парвозҳоро аз ҷониби Русия аз ин фурӯдгоҳ ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд бошад ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии» амалӣ мекунад.

 

СССР

 

 

 

 

 

 

Чоршанбе, 01 Феврал 2017 11:05

Вазорати нақлиёти ҶТ рӯзи 31.01.2017 эълон намуд, ки минбаъд ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар масири Душанбе-Хуҷанд ва баръакс тавассути реҷаи махсус ба роҳ монда мешавад. Аз рӯи реҷаи муайаншуда ҳаракат дар самти Душанбе-Хуҷанд дар рӯзҳои ҷуфт ва дар самти Хуҷанд-Душанбе дар рӯзҳои тоқи моҳ сурат гирифта ин ҷадвал то 1.03.2017 амалӣ меёбад.

Чуноне ки ҳамагон медонанд тайи 5 рӯзи охир бо сабаби фаромадани беш аз 70 тарма дар ин масир ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд гашта рӯзҳои 28-29 феврал он тамоман баста шуда буд. 

СССР

 

саҳ 17 аз 17

Китобҳо

Flag Counter